(Раванди пешниҳодҳо дар лифофа)
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи шартнома: Барои гузаронидани аудити молиявии грантҳои Алянси глобали ваксинањо ва иммунизатсия (АГВИ) барои давраи аз 1-январ то 31-декабри соли 2025
Мақсади аудит аз он иборат аст, ки ба аудит имкон диҳад, ки оид ба ҳисоботи молиявии грантҳои АГВИ дар давраи ҳисоботӣ, андешаи мустақил ва касбӣ оид ба дурустии маблағҳои ба барнома ҷудошуда бо назардошти сарфакорӣ ва самаранокӣ, мувофиқи талаботи АГВИ ақидаи худро баён намояд.
Аудитор инчунин бояд риояи қарори Созишномаи чорчӯбаи шарикӣ (СЧШ), аз ҷумла ҳама гуна Талаботи иловагии идоракунии грантҳо (ТИИГ)-ро, ки байни ҷумҳурӣ ва АГВИ имзо шудааст, баҳо диҳад.
Дар озмун ширкатҳои аудитории мустақил, ки ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд:
Ширкат бояд як ширкати мустақили аудиторӣ, ки дорои иҷозатнома оид ба гузаронидани аудити молияви дошта бошад ва дар руйхати аудиторони тахассусии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил бошад. Илова бар ин, ширкати аудиторӣ бояд ба муассисаи иҷрокунандаи лоиҳа на камтар аз панҷ (5) пешниҳодҳо аз аудитҳои муқоисашавандае, ки дар давоми панҷ (5) соли қаблӣ гузаронида шудаанд, пешниҳод намояд. Забонҳои кории Котиботи АГВИ англисӣ ва фаронсавӣ мебошанд. Агар аудитор ҳуҷҷатҳоро бо дигар забон таҳия карда бошад, бояд тарҷумаи он пешниҳод карда шавад.
Аудитор бояд мустақил аз муассисаи иҷрокунанда бошад, аз ҷумла манфиати молиявӣ дар муассисаи тафтишшаванда надошта бошад.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (МД МҶИ) шуморо даъват менамояд, ки пешниҳодҳои муҳршудаи иштирокчиёни дахлдорро: барои гузаронидани аудити молиявии грантҳои Алянси глобали ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) барои давраи аз 1-январ то 31-декабри соли 2025 ирсол намоед.
Озмун тибқи «Қоидаҳои стандартӣ» барои грантҳои ҷудошуда ба МД МҶИ баргузор мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиён кушода аст.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз МД МҶИ дар давоми соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00 бо суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути сомонаи immunizatsia.tj ва рақами телефони 227-71-92 дастрас кунанд.
Шартҳои техникӣ барои пешниҳод намудани аудит ва хизматрасониҳо замима мегардад.
Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи зерин то санаи 27 апрели соли 2026, соати 15:00 (бо вақти Душанбе) фиристода шаванд.
Озмун санаи 28 апрели соли 2026 соати 10:00 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.
Пешниҳодҳои электронӣ қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои баъд аз муҳлати зикршуда низ рад карда мешаванд.
Суроғаи мушаххас:
Барои дархост ва гирифтани ҳуҷҷатҳои озмунӣ:
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»
Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Шероз 8
Почтаи электрони: rcip.tj@mail.ru


