Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Дархост барои иштирок дар тендер №1 аз 28.04.2026.

Дархост барои иштирок дар тендер №1 аз 28.04.2026.

(Раванди пешниҳодҳо дар лифофа)

Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машғулияти омӯзишии якрӯза “Оид ба иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” барои харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сузишвори, чопкунӣ, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванўшӣ, хуроки нисфирўзӣ, хароҷоти сафари хизматӣ, ганарари мутахассисон, таҳияи корҳо, иҷораи толор, нақлиёти, хизматрасони интернетӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст.

Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Тендер тибқи «Қоидаҳои харид» барои грантҳои МД МҶИ баргузор мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиён кушода аст.

Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз МД МҶИ дар давоми соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00 бо суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути сомонаи (https://immunizatsia.tj), почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва рақами телефони 227-71-92   дастрас кунанд.

Шартҳои техникӣ ва шаклҳо барои пешниҳод намудани номгуй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.

Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи зерин то 06 майи соли 2026, соати 17:00 (бо вақти Душанбе) фиристода шаванд.

Озмун санаи 07 майи соли 2026 соати 9:00 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.

Пешниҳодҳои электронӣ қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои дершуда низ рад карда мешаванд.

Суроғаи мушаххас:

Барои дархост ва гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»

Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Шероз 8

Лутфан, бознашр кунед