Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон барои ҷамъоварӣ ва интиқоли намунаҳои гирифташудаи ҳодисаҳои гумонбаршудаи фалаҷи шадиди суст, сурхча, гулафшон ва алоими гулафшони модарзодӣ аз сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе оварда мешаванд, ҷиҳати харидории маводҳои сӯзишворӣ, термосумкаҳо ва хизматрасонии пардохти шабонарӯзӣ, рӯзмара ва иҷораи манзили зист пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома.
- Иқтибос
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайри буҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостњо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 14 январи соли 2025 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 15 январи соли 2025 соати 10:00 дар толори маљлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

