Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

ДАЪВАТ БА ОЗМУН № 2 аз 19.03.2025.

ДАЪВАТ БА ОЗМУН № 2 аз 19.03.2025.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ҷиҳати иҷроиши «Нақшаи Барномаи милли иммунопрофилактика барои соли 2025», аз ҷумла:

– Харидории ҳуҳҳатҳои тиббию оморӣ (аз ҷумла, дафтарҳои бақайдгирӣ, шаклҳои ҳисоботӣ, дастури методӣ);

– Нашри маводҳои иттилоотӣ (дастурамалҳо, банерҳо, постерҳо, буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва лавҳаҳои деворӣ);

– Таъмир намудани нақлиётҳо, нақлиётҳои бо яхдон таҷҳзонидашуда, яхдонҳо ва яхчолҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (харидории кондитсионер, стабилизаторҳо, қисмҳои эҳтиётии яхдонҳо, яхчолҳо, нақлиётҳо ва нақлиётҳои бо яхдон таҷҳизонидашуда);

– Харидории таҷҳизоти хунукитаъминкунанда (яхдонҳо, яхчолҳо, ҷузвдонҳои ҳароратӣ, яхқуттиҳо ва ҳароратсанҷҳо);

– Харидории маводҳои дарсӣ, хоҷагидорӣ, инветари нарм, раф (стеллаж)-ҳо, ҷузвдонҳои ҳароратӣ, яхқуттиҳо, ҳароратсанҷҳо, найчаҳои озмоишӣ (пробирка) ва маводҳои занҷири хунукитаъминкунанда;

– Харидории доруқуттиҳои зидди садмавӣ, сӯзандоруҳо ва қуттиҳои маҳви бехатар пешбинӣ гардидааст.

Ҷиҳати иштирок дар озмуни довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8, почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Шартҳои техникӣ ва шаклҳо барои пешниҳод намудани номгӯӣ, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:           

  1. Шаҳодатнома;
  2. Иқтибос;
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайд, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

                 Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 31 марти соли 2025 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 01 апрели соли 2025 аз соати 10:00 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Лутфан, бознашр кунед