Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ҷиҳати иҷроиши «Нақшаи Барномаи милли иммунопрофилактика барои соли 2026», аз ҷумла:
– Харидории ҳуҷҷатҳои тиббию оморӣ (аз ҷумла, дафтарҳои бақайдгирӣ, шаклҳои ҳисоботӣ, дастури методӣ);
– Нашри маводҳои иттилоотӣ (банерҳо, постерҳо, буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва лавҳаҳои деворӣ);
– Таъмир намудани нақлиётҳо, нақлиётҳои бо яхдон таҷҳзонидашуда, яхдонҳо ва яхчолҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (харидории кондитсионерҳо, стабилизаторҳо, маниторҳо, принтерҳо, таҷҳизотҳо барои толори варзиши, мебелҳои идоравӣ, қисмҳои эҳтиётии яхдонҳо, яхчолҳо, нақлиётҳо ва нақлиётҳои бо яхдон таҷҳизонидашуда);
– Харидории таҷҳизоти хунукитаъминкунанда (яхдонҳо, яхчолҳо, ҷузвдонҳои ҳароратӣ, яхқуттиҳо ва ҳароратсанҷҳо);
– Харидории маводҳои дарсӣ, хоҷагидорӣ, инветари нарм, раф (стеллаж)-ҳо, ҷузвдонҳои ҳароратӣ, яхқуттиҳо, ҳароратсанҷҳо, найчаҳои озмоишӣ (пробирка) ва маводҳои занҷири хунукитаъминкунанда;
– Харидории доруқуттиҳои зидди садмавӣ, сўзандоруҳо ва қуттиҳои маҳви бехатар пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8, почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Шартҳои техникӣ ва шаклњо барои пешниҳод намудани номгӯӣ, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома;
- Иқтибос;
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайд, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 12 майи соли 2026 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 13 майи соли 2026 аз соати 9:00 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.


