Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

ДАЪВАТ БА ОЗМУН №1 аз 18.08.2025.

ДАЪВАТ БА ОЗМУН №1 аз 18.08.2025.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷиҳати иҷроиши «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», аз ҷумла:

-Барои амалигардонии чорабиниҳо дар самти ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба тақвими миллии иммунизатсия;

-Барои гузаронидани баҳодиҳӣ, харитасозӣ, тахассуснокӣ ва санҷиши ҳолати кории хонаяхдонҳо ва хонаяхчолҳои анборҳои Муассиса ва  6 филиаи он;

-Бораи расонидани кумаки техники оид ба татбики платформаи муносибгардонии тачхизотхои занҷири хунукитаъминкунанда;

-Машғулияти омӯзишӣ бо мақсади таҳкими риояи тартиби амалётҳои стандартӣ (ТАС) ва пешбурди таҷрибаҳои беҳтарин дар идоракунии ваксинаҳо;

-Барои гузаронидани мониторинги дастгирии сарпарастӣ оид ба «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар минтакқаи Бохтари вилояти Хатлон;

 Ҷиҳати баргузории чорабиниҳои зикршуда харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сӯзишворӣ, чопкунии маводҳо, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ, хуроки нисфирӯзӣ ва пардохти сафари хизматӣ, лагистики ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8, почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Шартҳои техникӣ ва шаклњо барои пешниҳод намудани номгуй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:           

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайд, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайри буҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

                 Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 28 августи соли 2025 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 29 августи соли 2025 аз соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Лутфан, бознашр кунед