Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир Амирзода Абдухолиқ, роҳбарони ташкилотҳои байналмиллалии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Юнисеф, Гави, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва васоити ахбори омма ҷаласа оид ба баргузории “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Маќсади асосии он – баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
Тўли зиёда аз ду аср, ваксинаҳо барои ҷаҳонро бехатар намудан кўмак расонидаанд – шурўъ аз якум ваксинае, ки бар зидди наѓзаки табиӣ коркард шуда буд то ваксинањои ҳозиразамоне, ки барои пешгирии ҳодисаҳои вазнини COVID-19 истифода бурда мешаванд.
Имсол 50-солагии Барномаи васеъи иммунизатсия дар сатҳи глобалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне шуруъ аз соли 1974, ҳар як давлати ҷаҳон истифодабарии Барномаи васеъи иммунизатсияро бо маќсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнину фавти аҳолӣ оварда мерасонд, оѓоз намуд. Бо шарофати ин Барнома, сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш ёфтан гирифт.
Имрўзҳо ҳар як давлати ҷаҳон Барномаи миллии иммунопрофилактикаи худро дорад, ки дар доираи амалигардонии он тамоми чорабиниҳо баҳри нигоҳдории солимию дарозумрии аҳолӣ равона карда шудааст.
Ваксинаҳо моро ҳамчун як шахсият муҳофизат мекунанд ва барои якдигарро муҳофизат намудан низ кўмак мерасонанд, зеро ҳар як шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад. Ваксинаҳо барои пешгирӣ ва назорат кардани бисёри бемориҳо дар байни аҳолии синну солашон гуногун кӯмак мерасонанд. Маҳз барои ҳамин, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар соли 2025 ҳамчун соли “ Қудрати инсоният – ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад ” эълон шудааст, то ки дар давоми ин сол диққати махсус ба нигарониҳои сатҳи глобалӣ вобаста ба паст гардидани сатҳи фарогирии иммунизатсияи кўдакон, алалхусус фарогирии кўдакони аз иммунизатсия бозмондашуда, дода шавад.
Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтаќаваии аврупоии Созмони умумиљањонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарѓиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар, ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирӣ намудани ташаббуси Созмони умумиҷаҷонии тандурустӣ ҷихати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.
Иммунизатсия кунед то умри дарози хушбахтона дошта бошед!!!
Сомонаи расмӣ:
https://immunizatsia.tj/






















