Санаи 30.10.2025 дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” вохӯрии гуруҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” баргузор гардид.

Аз ҷониби директори генералии муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” – Саидзода Ф.Б. ба аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони варзидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои дахлдори он, вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдори мамлакат ташкил гардидааст, лоиҳаи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” пешниҳод гардид.

Тавре аз лоиҳаи мазкур бар меояд, ҳадафи асосии барнома ин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзӯр намудани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ маҳсуб ёфта, он аз 6 самти афзалиятнок ва вазифаҳои асосии зерин иборат мебошад.
- Таъмини дастрасии умумӣ ва баробари фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат ва бехатари иммунизатсионӣ;Беҳтар намудани системаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мустаҳкам намудани системаи назорати эпидемиологӣ дар самти бемориҳои тавассути ваксина идорашаванда;
- Оптимизатсияи системаи занҷираи хунукитаъминкунанда ва идоракунии самараноки ваксинаҳо;
- Мустаҳкам намудани иқтидори кадрӣ;
- Сафарбарнамоии иҷтимоӣ.

Дар вохӯрии корӣ аз ҷониби мутахассисон вобаста ба самтҳои гуногуни лоиҳа фикру мулоҳизот пешниҳод гардида, оид ба нақшаи татбиқи барнома, индикаторҳои иҷрои он, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва механизми арзёбӣ ва баҳодиҳии барнома дар оянда ибрози назар карда шуд.
Бо назардошти фикру мулоҳизоти мутахассисон лоиҳаи мазкур дар рӯзҳои наздик ба вазорату кумита ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод карда мешавад.






