(Раванди пешниҳодҳо дар лифофа)
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи шартнома: Барои гузаронидани аудити молиявии грантҳои Алянси глобали ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) барои соли молиявии 31 декабри соли 2024
Ҳадафи АГВИ – ин наҷот додани ҳаёти кӯдакон ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тавассути васеъ кардани дастрасӣ ба иммунизатсия дар кишварҳои камбизоат мебошад.
Мақсади дастгирии кишварҳо аз ҷониби АГВИ тавассути ваксинаҳо, маводҳои иммунизатсионӣ, пули нақд ва таҷҳизотҳои хунукинигоҳдоранда ин ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии АГВИ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз АГВИ барои таҳкими иқтидори системаҳои миллии тандурустӣ ҷиҳати ба таври устувор таъмин намудани иммунизатсия ва дигар хизматрасониҳои марбут ба соҳаи иммунизатсия маблағи муаяне гирифтааст, ки дар он шаш чорабинӣ барои расидан ба ҳадафи асосиро дар бар мегирад:
- Чорабинии 1: Сари вақт пешниҳод намудани хизматрасониҳои иммунизатсияи нақшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки «Маблағгузории одилонаи иммунизатсия» барои ба даст овардани нишондодҳои мақсадноки фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ
- Чорабинии 2: Омӯзонидани нозирон оид ба истифодабарии методологияҳои инноватсионӣ ва лавозимотҳо барои дастгириҳои сарпарастӣ
- Чорабинии 3: Ворид намудани системаи идоракунии анборҳо «1С» дар шаҳру ноҳияҳои мақсаднок
- Чорабинии 4: Мониторинги воридкунӣ ва идоракунии барномаи «1С»
- Чорабинии 5: Омӯзиши ваксинаторон оид ба хизматрасониҳои иммунизатсионӣ бо додани таваҷҷӯҳ ба зиддинишондодҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба ваксинаҳо
- Чорабинии 6: Нашркунӣ ва тақсимоти дастурамалҳои нав оид ба зиддинишондодҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба ваксинаҳо
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (МД МҶИ) шуморо даъват менамояд, ки пешниҳодҳои муҳршудаи иштирокчиёни дахлдорро: барои гузаронидани аудити молиявии грантҳои Алянси глобали ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) барои соли молиявии 31 декабри соли 2024 ирсол намоед.
Тендер тибқи «Қоидаҳои стандартӣ» барои грантҳои ҷудошуда ба МД МҶИ баргузор мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиён кушода аст.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз МД МҶИ дар давоми соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00 бо суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути почтаи электронии immunizatsia.tj ва рақами телефони 227-71-92 дастрас кунанд.
Шартҳои техникӣ барои пешниҳод намудани аудит ва хизматрасониҳо замима мегардад.
Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи зерин то санаи 28 августи соли 2025, соати 15:00 (бо вақти Душанбе) фиристода шаванд.
Озмун санаи 29 августи соли 2025 соати 10:00 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.
Пешниҳодҳои электронӣ қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои баъд аз муҳлати зикршуда низ рад карда мешаванд.
Суроғаи мушаххас:
Барои дархост ва гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»
Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Шероз 8