Сурхча (форсӣ: سرخجه) ё сурхакон (лот. rubella) ё гулгуна (корь) – яке аз бемориҳои сироятии шадид, зудпаҳншаванда ва хавфноки кӯдакона мебошад, ки тавассути ҳаво аз шахси бемор ба дигарон мегузарад. Ҳангоми гирифторшавӣ ба бемории сурхча ҳарорат баланд шуда, зуком ва сулфа ба вуҷуд меояд, гиреҳҳои лимфавии пушти сар калону дардманд мешаванд ва дар пӯст доначаҳо медаманд. Ангезандаи бемории сурхча вирус буда, он тавассути қатраҳои балғам, оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сулфа, атса ва гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад. Вирусҳоро одамони солим нафас гирифта, бемор мешаванд. Оқибатҳои он метавонанд хеле ҷиддӣ, ба монанди илтиҳоби шуш, осеби мағзи сар, нобиноӣ ва ҳатто марг гарданд.
Ба бемории сурхча одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони сину соли то 10 сола) сироят меёбанд. Одамони калонсол камтар бемор мешаванд. Баъди аз сар гузаронидани беморӣ дар шахс иммунитети устувор боқӣ мемонад ва он метавонад якумра бошад. Беморон 2-3 шабонарӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд. Дар сурати ба сурхча гирифтор шудани занҳои ҳомила сирояти беморӣ ба ҷанин низ таҳдид мекунад. Соли 1941 духтури австралиягӣ Грегг муайян намуд, ки ба сурхча гирифтор шудани занҳои ҳомила аксар вақт боиси нуқсонҳои модарзодии кӯдакон мегардад. Сурхча махсусан дар 3 моҳи аввали ҳомилагї хавфнок аст. Ҳангоми зиёдтар будани муҳлати ҳамл кӯдак камхун ё узвҳои дарунӣ иллатнок мешавад. Чунин кӯдакон дар давоми зиёда аз 18 моҳ (баъди таваллуд) вирус ҷудо карда, манбаи сирояти атрофиён мегарданд.
Ҳарчанд дар гузашта бо шарофати барномаҳои васеи иммунизатсия бемории сурхча қариб решакан шуда буд, вале дар солҳои охир шумораи ҳолатҳои гирифторшавӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла баъзе минтақаҳои Осиё ва Африќо афзоиш ёфтааст, ки таъсири номатлуби он ба дигар минтақаҳои ҷаҳон расида истодааст. Ин вазъ аҳамияти бештар гирифтани иммунизатсияро ҳамчун воситаи муҳими пешгирии беморӣ нишон медиҳад.
Дар асоси талаботи Тақвими Миллии Иммунизатсия дар Тоҷикистон ваксинаи зидди сурхча дар сини 1 солагӣ гузаронида шуда, баъдан дар 6 солагӣ такрор карда мешавад. Тамоми ваксинаҳо дар Тоҷикистон барои аҳолии ниёзманд ройгон пешниҳод карда мешаванд.
Аҳамияти иммунизатсияВаксинагузаронӣ ягона роҳи боэътимоди пешгирии бемории сурхча ба шумор меравад. Ваксинаи зидди бемории сурхча, ки одатан якҷо бо ваксинаи зидди баногушак ва гулафшон гузаронида мешавад, қобилияти беш аз 95% муҳофизатро аз ин беморӣ дорад. Он на танҳо шахси ваксинагирифтаро муҳофизат мекунад, балки дар ташаккули “иммунизатсияи ҷамъиятӣ” (яъне муҳофизати шахсони ваксинатсиянашуда тавассути коҳиши гардиши вирус дар ҷомеа) низ нақши ҳалкунанда мебозад.
Лозим ба ёдоварист, ки ваксинаҳо бо роҳҳои гуногун, ба даруни пуст, зери пуст, дохили мушакҳо ва даҳон гузаронида мешаванд. Васкинаи зидди бемории сурхча бо тариќи сузандору дар зери пуст ворид карда мешавад. Барои ҳосил намудани иммунитет як маротиба истифода бурдани ваксина кифоя аст. Он баъди чанд ҳафтаи ваксинагузаронӣ инкишоф меёбад ва муддати дароз (чандин сол) боқӣ мемонад.
Чуноне, ки аз таҳлилҳо бармеояд дар замони муосир омилҳои зиёде мавҷуданд, ки боиси коҳиш ёфтани сатҳи ваксинагузаронӣ гардидаанд:
1. Маълумоти нодуруст ва шубҳа. Аксаран паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси афзоиши шубҳа нисбат ба ваксинаҳо гардидааст. Ба ном гуруҳҳои зиддиваксинагузаронӣ бо далелҳои ғайриилмӣ мардумро аз гирифтани ваксина бозмедоранд. Агар волидайн дар бораи ин ё он ваксина эҳсоси нигаронӣ дошта бошанд, пас табиб метавонад машварат ё маълумоти иловагӣ пешниҳод кунад, то ба онҳо минбаъд дар қабули қарор ҷиҳати гузаронидани ваксина кӯмак кунад.
2. Дастрас набудани ваксинаҳо. Дар баъзе кишварҳо ё минтақаҳои дурдаст нарасидани захираҳо ва мутахассисони тиббӣ боиси нарасидани ваксинаҳо шудааст.
3. Даргириҳо ва муҳоҷират: Ҷангҳои шаҳрвандӣ, фишорҳои сиёсӣ ё муҳоҷиратҳои меҳантию иҷборӣ дар ҷаҳон боиси қатъ шудани барномаҳои ваксинатсия мегардад ва кӯдакон дар муҳити нав бо ваксинањо фаро гирифта намешаванд.
Оқибатҳои эҳтимолии номатлуби сарфи назар кардан аз иммунизатсия
Бино ба андешаи мутахассисон агар иммунизатсия бар зидди беморӣ ба қадри кофӣ сурат нагирад, хатари паҳншавии эпидемияҳои нави бемории сурхча дар ин ё он минтақаи ҷаҳон вуҷуд дорад. Беморӣ метавонад боиси илтиҳоби шуш, энцефалит (илтиҳоби мағзи сар), нобиноӣ ва ҳатто марг гардад. Ба гурӯҳи осебпазир – кӯдакони то синни яксола ва шахсони дорои системаи масунияти заиф шомиланд.
Чун сурхча бемории сироятӣ аст, як шахси гирифтори беморӣ метавонад то 90% одамони наздикро, ки ваксина нагирифтаанд, сироят кунад. Беморӣ, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз љумла мактабҳо, боғчаҳо метавонад босуръат паҳн шавад.
Одатан аксари кӯдакон сурхчаро бо нишонаҳои сабук паси сар мекунанд, вале дар бисёре аз ҳолатҳо беморӣ метавонад ба чунин оризаҳо ва ҳолатҳои хатарнок оварда расонад:
- Илтиҳоби шуш (пневмония), ки сабаби асосии марг дар кӯдакони хурдсол мегардад.
- Энсефалит (илтиҳоби мағзи сар), ки метавонад боиси фалаҷ, нобиноӣ, ношунавоӣ ва ҳатто марг гардад.
- Дар ҳолатҳои вазнини баъди сурхча эҳтимоли гирифторшавӣ ба фалаҷ ва ақибмонии равонӣ пайдо мешаванд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол ҳазорҳо нафар, асосан кӯдакон, дар ҷаҳон аз сабаби бемории сурхча мемиранд, ки аксарияти онҳо кӯдакони ваксинанагирифта мебошанд. Сари вақт бо ваксина фаро нагирифтани беморони сурхча боиси хароҷоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегардад. Аз як тараф ба соҳаи тандурустӣ таъсир расонад, аз тарафи дигар барои буҷаи хонавода хароҷоти зиёдатӣ зимни харидории дорувор, табобат ва нигоҳубини бемор аст.
Мусаллам аст, ки иммунизатсия кафолати саломатии насли оянда буда, барои Тоҷикистон, ки кӯшиши таҳкими низоми тандурустиро дорад, ҳалли мушкилоти ваксинагузаронӣ, аз он ҷумла зидди бемории сурхча яке аз афзалиятҳои миллӣ мебошад. Ба хотири ҳифзи насли оянда ва ҷомеа, мо бояд ҷиҳати фарогирӣ ба иммунизатсия аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Таъмини дастрасии ваксина, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва мубориза бо маълумоти бардурӯғ – ин ҳама калиди асосии мубориза бо бемории сурхча ва дигар бемориҳои сироятии хатарнок мебошанд.
Фотима Яқубова
“Паёми шифо”