Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам – воситаи наҷот аз саратони гарданаки бачадон

Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам – воситаи наҷот аз саратони гарданаки бачадон

Дар Тоҷикистон силсилаи машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони тиб оид ба ҷорӣ намудани иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам оғоз гардид. Ин чорабиниҳо ба пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон равона шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба вориднамоии иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам, ки чораи муҳим дар самти пешгирии саратони гарданаки бачадон маҳсуб мешавад, силсилаи машғулиятҳои омӯзиширо барои кормандони тиб оғоз намуд.

Иммунизатсия бо истифода аз ваксинаи “Гардасил” гузаронида мешавад, ки он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол шудааст. Ваксинаи мазкур қариб 20 сол инҷониб дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон истифода шуда, тӯли ин муддат самарабахшии худро дар самти пешгирии намудҳои саратоновари вируси папилломаи одам исбот кардааст. Ин вирус сабаби асосии пайдошавии саратони гарданаки бачадон мебошад, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни бемориҳои саратонии занон ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Ваксинаи мазкур дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ барои духтарони синни 10-сола, ҳамчунин дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ барои духтарони 11-14 сола пешбинӣ карда мешавад. Сабаби фарогирии синну соли мазкур дар он аст, ки иммунизатсия дар ин давраи ҳаёт хеле самарбахш буда, системаи муҳофизатии баданро бар зидди вируси папилломаи одам қавӣ месозад.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир барои вориднамоии иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам тамоми чораҳоро андешида, имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар кишварамон имкони таъминсозии дастрасии занон ба ин ваксина пайдо шудааст. Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам воситаи асосии пешгирии бемориҳои пешазсаратонӣ, ҳамчунин саратони гарданаки бачадон мебошад, ки он яке аз бемориҳои асосии саратонӣ миёни занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин бемориҳо на танҳо барои ҳаёти занон хатарнок мебошанд, балки дар аксари ҳолатҳо боиси иллатнокии солимии репродуктивӣ шуда метавонанд”, – иброз дошт Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аллакай 148 мамлакати дунё, аз ҷумла ИМА, Канада, ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҳамчунин давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Индонезия, Қатар, Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Туркия дар Тақвими миллии иммунизатсияи худ ваксина бар зидди вируси папилломаи одамро ворид кардаанд.

Маҳз амалисозии чунин барномаҳо дар кишварҳои сершумор, аз ҷумла Дания, Австралия, Британияи Кабир, Германия, Белгия, Зеландияи нав, Норвегия, ИМА, Шветсия, Швейсария ва мамлакатҳои дигар ба таври назаррас нишондоди паҳншавии намудҳои вируси саратоновариаш баланд, ҳамчунин бемориҳои пешазсаратонии гарданаки бачадон коҳиш ёфтааст. Масалан, дар Британия ва Шветсия гирифторшавӣ ба намудҳои инвазивии саратони гарданаки бачадон дар байни занони ҷавон нисбат ба солҳои то вориднамоии иммунизатсия хеле коҳиш ёфтааст. Тадқиқот дар кишварҳои Финландия ва Шотландия ягон ҳолати саратони гарданаки бачадонро дар байни занони ҷавон муайян накардааст, зеро онҳо дар наврасӣ ба иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам фаро гирифта шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани бемории саратон ҳамчун хатари солимии ҷамъиятӣ, ба ҳаракати ҷаҳонии ҳифзи сиҳатии духтарону занон пайваст шудааст. Ин қадами муҳим дар самти пешгирии бемориҳои саратонӣ ва таҳкими солимии миллат мебошад.

Мубодила