Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Конфронси миллӣ доир ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам

Конфронси миллӣ доир ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам

Имрӯз, 23-юми сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам баргузор шуд. Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикони рушд, роҳбарону мутахассисони як қатор муассисаҳои тандурустии сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ, ҳамчунин коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Конфронси мазкур бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо коршиносони байналмилалӣ роҳандозӣ гардид.

Зимнан иштирокдорони конфронс дар бораи бемории саратони гарданаки бачадон, таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти пешгирии паҳншавии вируси папилломаи одам, ҳамчунин вориднамоии ваксинаи зидди ин вирус дар Тоҷикистон бо назардошти маълумоти исботшудаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавии духтарони синни 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон аз 1 то 31 октябри соли 2025 чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони 11-14-сола гузаронида мешавад. Дар ин синну сол иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам самарабахшии бештар дорад, зеро масунияти бадан пурқувват шуда, солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад.

Лутфан, бознашр кунед