Санаи 6 марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омада, нахуст бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин бинои зебои сеошёна бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар ин бино 35 нафар коргар, ки мутахассисони варзидаи соҳа мебошанд, бо шароити хуби корӣ таъмин шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои пешгирӣ аз хуруҷ ва паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ ва ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо ва донишу таҷрибаи мутахассисон ҳамаҷониба бояд истифода карда шавад.