Аз 8 то 15 апрели соли 2025 «Арзёбии муштараки дастгириҳои Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизасия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби намояндагони Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АГВИ) Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони милали Муттаҳид ва барномаи рушти Созмони Милали Муттаҳид ва барномаи рушти Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ ин баҳогузорӣ намудани нишондодҳои самаранокии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии таъсири дастгириҳои Алянси глобалии ваксинаҳои ва иммунизатсия дар амалигардонии он, инчунин натиҷагирии раванди кӯмакҳои техникиии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(СУТ), хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушти Созмони Милали Муттаҳид, ки тавассути грантҳои Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия маблағгузорӣ шуда истодаанд.















