Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Нишасти хабарӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам

Нишасти хабарӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро ба ҷумҳурӣ ворид кардааст ва аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи духтарони гурӯҳи мақсаднокро дар саросари кишвар оғоз мекунад.

Рӯзи 26-уми сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ оид ба ин чорабинии иммунизатсионии оммавӣ баргузор шуд.

Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Эри Двиведи, шарикони рушд, масъулини соҳаи иммунопрофилактика ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Зимнан ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонида шуд, ки вируси папилломаи одам яке аз сироятҳои маъмултарини замони ҳозира дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, сабаби асосии пайдошавии саратони гарданаки бачадон мебошад. Аммо онро метавон ба воситаи иммунизатсия пешгирӣ кард.

Саратони гарданаки бачадон бемории системаи репродуктивии занона мебошад, ки боиси инкишофёбии омоси бадсифат дар гарданаки бачадон мешавад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, чорабинии мазкур дар муҳлатҳои зерин гузаронида мешавад:

• Аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавӣ байни духтарони синни 10-сола (минбаъд ҳар сол тибқи Тақвими миллии иммунизатсия);

• Аз 1 то 31 октябри соли 2025 байни духтарони синни 11 – 14-сола (иммунизатсия танҳо дар соли 2025).

Мақсади гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам:

– таъмини масуният бар зидди намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам дар байни духтарони 10 – 14-сола;

– фароҳамсозии солимии бардавоми модарони оянда;

– коҳиш додани сатҳи фавти занону духтарон аз бемории хатарноки саратони гарданаки бачадон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иммунизатсияи духтарон ваксинаи чорвалентаи “Гардасил” (истеҳсоли ИМА) истифода мешавад, ки он баҳри пешгирии намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам пешбинӣ шудааст.

Иммунизатсия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби кормандони тиб гузаронида мешавад.

Духтароне, ки ин ваксинаро бо ягон сабаб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нагирифтанд, иммунизатсияи онҳо дар муассисаҳои тиббии макони истиқомат гузаронида мешавад.

Аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2025 иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар барномаҳои иммунопрофилактикаи 148 мамлакати дунё, аз ҷумла ИМА, Канада, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҳамчунин давлатҳои исломии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Туркия, Баҳрайн, Индонезия ва Малайзия ворид карда шудааст.

Иммунизатсия саривақтӣ бар зидди вируси папилломаи одам барои нигоҳдории солимии духтарон – модарони оянда мусоидат мекунад.

Лутфан, бознашр кунед