Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маъракаи миллии ваксинагузаронӣ алайҳи зуком оғоз машавад.
Чорабинии мазкур дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2025, таҳти №12-146 роҳандозӣ гардида, он аз 1 то 30 ноябри соли 2025 дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии ин иқдом — пешгирии паҳншавии зукоми мавсимӣ, ки сабабгори он вирусҳои навъи A ва B мебошанд, инчунин нигоҳ доштани қобилияти кории кормандони соҳаи тандурустӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ аст.
Барои амалӣ намудани маъракаи мазкур аз ҷониби Вазорат «Дастури истифодабарии ваксинаи зидди бемории зукоми мавсимӣ» таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он вояҳои ваксина ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо риояи қоидаҳои қатъии занҷираи хунукитаъминкунанда (Cold Chain) расонида шуданд.
Дар назар аст, ки иммунизатсия дар рӯзҳои муайян бо ҷалби ваксинаторҳои пуртаҷриба гузаронида шавад. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ шахсони масъул оид ба ташкил ва назорати иммунизатсия таъин шудаанд.
Маърака дар асоси принсипҳои «Иммунизатсияи бехатар» амалӣ мегардад, ки яке аз самтҳои муҳим дар таъмини саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки барои гузаронидани иммунизатсия ваксинаи моеъи ғайрифаъолкардашудаи зидди зукоми мавсимӣ — «GCFLU Quadrivalent Multi» интихоб шудааст. Ваксинаи мазкур дорои чор навъи антигени ғайрифаъоли вируси зуком буда, бо роҳи сӯзандору ба мушаки делтамонанди китфи дасти чап ё рост ворид карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки таркиби ваксина аз:
– антигени тозакардашудаи вируси зуком,
– маҳлули буферӣ (натрий, калий, фосфатҳо),
– консерванти тимеросал иборат аст.
Он дар зарфҳои бисёрвоя истеҳсол шуда, 10 вояи 0,5 мл-ро дар бар мегирад.
Тибқи дастур, гузаронидани ваксина ба гурӯҳҳои муайян, аз ҷумла:
– шахсоне, ки ҳарорати баланд ё бемориҳои шадиди сироятӣ доранд;
– беморони гирифтори норасоии дил, гурда ё ҷигар дар марҳилаи шадид;
– афроде, ки ба ҷузъҳои ваксина ё тухм ҳассосияти баланд доранд;
– шахсоне, ки дар таърихи бемориашон аксуламали анафилактикӣ ё аллергияҳои шадид ба қайд гирифта шудааст;
– беморони гирифтори бемориҳои неврологӣ ё масунияти паст мебошанд, тавсия дода намешавад.
Хотиррасон менамоем, ки баъд аз иммунизатсия метавонад аксуламалҳои сабук ба мисли:
– дард ва сурхшавӣ дар ҷои тазриқ,
– табларзаи кӯтоҳмуддат,
– беҳолӣ ё дарди мушакҳо ба амал ояд.
Ин нишонаҳо одатан дар давоми 2–3 рӯз аз байн мераванд. Ҳолатҳои хеле кам метавонанд аксуламалҳои аллергикӣ ё ҳолати анафилактикӣ бошанд, ки назорати тиббии фавриро талаб мекунанд.
Бинобар ин шахси иммунизатсияшуда бояд баъди гирифтани вояи ваксина на камтар аз 30 дақиқа дар муассисаи тиббӣ боқӣ монад, то ҳолати ӯ зери назорати табибон бошад.
Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои ҳарорати баланд ё нороҳатӣ, ба духтур муроҷиат кардан тавсия дода мешавад.
Ҳамзамон иммунизатсияро дар давраи ҳомиладорӣ ва синамаконӣ низ бо машварати ҳатмии табиб метавон гузаронд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, зукоми мавсимӣ яке аз сабабҳои асосии баланд шудани сатҳи беморшавӣ дар фасли тирамоҳу зимистон мебошад. Дар шароити фаъолияти пуршиддати кормандони тиб, хусусан пас аз пандемияи COVID-19, ваксинагузаронии саривақтӣ дорои аҳамияти стратегӣ буда, иммунизатсияи пурра ва фарогир имкон медиҳад, ки:
– паҳншавии вируси зуком маҳдуд гардад;
– кормандони тиб қобилияти кории худро нигоҳ доранд;
– хатари сироят дар муассисаҳои табобатӣ коҳиш ёбад;
– сарбории низоми тандурустӣ кам гардад.
Бинобар ин, масъулини соҳа даъват менамоянд, ки кулли кормандони соҳаи тандурустӣ дар маъракаи мазкур фаъолона иштирок намоянд. Иммунизатсияи саривақтӣ на танҳо муҳофизати шахсиро таъмин мекунад, балки масъулияти иҷтимоӣ дар назди ҷомеа ва наздикон мебошад.
Маъракаи иммунизатсия бар зидди зукоми мавсимии соли 2025 — қадами муҳими дигар дар роҳи таъмини амнияти эпидемиологии Тоҷикистон мебошад.





