Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Ҳафтаи аврупои иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳафтаи аврупои иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шиори соли 2025: «Қудрати инсоният – ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад

28 апрел 3 майи соли 2025

Аз 28 апрел то 3 майи соли 2024 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил аст, «Ҳафтаи аврупои иммунизатсия»-ро (ҲАИ) ҷашн мегиранд.

Маҷсади асосии он, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Тўли зиёда аз ду аср аст, ки ваксинаҳо барои ҷаҳонро бехатар намудан кумак расонидаанд. Шурўъ аз якум ваксинае, ки бар зидди нағзаки табиӣ коркард шуда буд то ваксинаҳои ҳозиразамоне, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешаванд.

Имсол 51-солагии Барномаи васеи иммунизатсия дар сатҳи глобалӣ таҷлил мегардад. Яъне шурўъ аз соли 1974 инҷониб, ҳар як давлати ҷаҳон истифодабарии Барномаи васеи иммунизатсияро бо маќсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнину фавти аҳолӣ оварда мерасонд, оѓоз намуд. Бо шарофати ин Барнома, сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш ёфт. 

Имрўзҳо ҳар як давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миллии иммунопрофилактикаи худро дорад, ки дар доираи амалигардонии он тамоми чорабиниҳо баҳри нигоҳдории солимию дарозумрии аҳолӣ равона карда шудааст.

Ваксинаҳо моро аз бемориҳо муҳофизат мекунанд ва барои якдигарро муҳофизат намудан низ кумак мерасонанд. Зеро ҳар як шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад.  

Ваксинаҳо барои пешгирӣ ва назорат кардани бисёри бемориҳо дар байни аҳолии синну солашон гуногун кумак мерасонанд. Маҳз барои ҳамин, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар соли 2025 таҳти шиори “Ќудрати инсоният – ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад эълон шудааст, то ки дар давоми ин сол диққати махсус ба нигарониҳои сатҳи глобалӣ вобаста ба фарогирии иммунизатсияи кўдакон, алалхусус фарогирии кўдакони аз иммунизатсия бозмондашуда, дода шавад.

Ҳамасола   Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтаќаваии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарѓиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар, ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ мегардонад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирӣ намудани ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷиҳати иштирок дар  чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон  даъват менамояд.  

Шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла ТУТ, ЮНИСЕФ, ГАВИ ва Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими системаи иммунизатсияи он, бахусус тавассути расонидани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ кумки назаррас расониданд. Сармоягузорӣ ва кумаки техникии онҳо дар нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои баланди иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани чорабинињо, ки ба наҷот додани ҳаёт нигаронида шудаанд ва кафолат додани он, ки ҳеҷ кас беэътиноӣ намекунад, мусоидат кардааст.

Иммунизатсия кунед то умри дарози хушбахтона дошта бошед!!!

Суроға ва маълумот барои тамос барои маълумоти иловагӣ:

Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»

ш. Душанбе, кўчаи Шероз 8

Тел: (+992) 221-10-73; 227-26-94; 227-62-94; 227-30-17

Почтаи электронӣ: rcip.tj@mail.ru

Website: immunizatsia.tj