Uncategorized
ДАЪВАТ БА ОЗМУН
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» эълон менамояд, ки барои харидории молхои конселяри, маводњои сузишвори, маводхои дарсию зарури ва чопкунии маводхо ва бо танаффусӣ қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзи барои гузаронидани машғулиятҳои омузишӣ Оид ба ваксинаҳои зидди сирояти коронавирус COVID-19 (бо таваҷҷуҳи махсус ба ваксинаҳои Ҷонсон ва Ҷонсон, ваксинаи дувалентаи Файзер) ва риояи таҷрибаи иммунизатсияи бехатар байни кормандони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳаяҳои ҷумҳурӣ, бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика», кўчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1.Шаҳодатнома.
2.Иқтибос
3.Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
4.Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
5.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рўз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостњо дар лифофахои мухргузошта то санаи 14 феврали соли 2023 ба сурогаи шањри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниход карда шаванд.
Озмун санаи 15 феврали соли 2023 дар толори мачлисгохи Муассисаи давлатии «Маркази чумхуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.