А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омузишии дурӯза оид ба назорати эпидемиологӣ аз рӯи фалаҷи шадиди суст/фалаҷ, сурхча, гулафшон ва Алоими гулафшони модарзодӣ байни табиб – эпидемиологҳо, асабшиносон ва сироятшиносони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сузишвори, чопкунӣ, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8  ё бо раќами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

 

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моњ то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

 

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 13 апрели соли 2024 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 15 апрели соли 2024 соати 9:30 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.
0