Новости
ДАЪВАТ БА ОЗМУН !
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бо дастгирии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия барои гузаронидани чорабиниҳо, аз ҷумла:
— Сари вақт пешниҳод намудани хизматрасониҳои иммунизатсияи нақшавӣ дар 20 ноҳияҳои мақсадноки «Маблағгузории одилонаи иммунизатсия» барои ба даст овардани нишондодҳои мақсадноки фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ;— Омӯзонидани нозирон оид ба истифодабарии методологияҳои инноватсионӣ ва лавозимотҳо барои дастгириҳои сарпарастӣ;
— Ворид намудани системаи идоракунии анборҳо «1С» дар 20 ноҳияҳои пилотӣ;
— Мониторинги воридкунӣ ва идоракунии барномаи «1С»;
— Омӯзиши ваксинаторон оид ба хизматрасониҳои иммунизатсионӣ бо додани таваҷҷӯҳ ба зиддинишондодҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба ваксинаҳо;
Нашркунӣ ва тақсимоти дастурамалҳои нав оид ба зиддинишондодҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба ваксинаҳо вобаста гардидааст. Ҷиҳати баргузории чорабиниҳои зикршуда харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сӯзишворӣ, чопкунии маводҳо, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ, хуроки нисфирӯзӣ ворид намудани системаи идоракунии анборҳо «1С», мониторнги воридкунӣ ва идоракунии барномаи «1С» ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома.
- Иқтибос
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайд, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 14 сентябри соли 2024 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 16 сентябри соли 2024 соати 9:30 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.