А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222

Дархост барои иштирок дар тендер №1 аз 14.10.2024.

 

(Раванди пешниҳодҳо дар лифофа)

Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи шартнома: Харид: Барои харидории маводҳои дарсӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, чопкунии маводҳо ва пардохти хароҷотҳои сафари хизматӣ

Ҳадафи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) — ин наҷот додани ҳаёти кӯдакон ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тавассути васеъ кардани дастрасӣ ба иммунизатсия дар кишварҳои камбизоат мебошад.

Мақсади дастгирии кишварҳо аз ҷониби АГВИ тавассути ваксинаҳо, маводҳои иммунизатсионӣ, пули нақд ва таҷҳизотҳои хунукинигоҳдоранда ин ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии АГВИ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз АГВИ барои таҳкими иқтидори системаҳои миллии тандурустӣ ҷиҳати ба таври устувор таъмин намудани иммунизатсия ва дигар хизматрасониҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ маблағ дарёфт намуда, нақша дорад як қисми ин маблағҳоро барои гузаронидани чорабинии: «Сари вақт пешниҳод намудани хизматрасониҳои иммунизатсияи нақшавӣ дар 20 ноҳияҳои мақсадноки «Маблағгузории одилонаи иммунизатсия» барои ба даст овардани нишондодҳои мақсадноки фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ» истифода барад.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (МД МҶИ) шуморо даъват менамояд, ки пешниҳодҳои муҳршудаи иштирокчиёни дахлдорро барои хариди: маводҳои дарсӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, чопкунии маводҳо ва харољотҳои сафари хизматӣ ирсол намоед.

Тендер тибқи «Қоидаҳои харид» барои грантҳои МД МҶИ баргузор мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиён кушода аст.


Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагӣ ва шартҳои техникиро аз МД МҶИ дар давоми соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00 бо суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва рақами телефони 227-71-92   дастрас кунанд.

Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи зерин то 24 октябри соли 2024, соати 15:00 (бо вақти Душанбе) фиристода шаванд.

      
Озмун санаи 25 октябри соли 2024 соати 9:30 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.

Пешниҳодҳои электронӣ қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои дершуда низ рад карда мешаванд.

 

Суроғаи мушаххас:

Барои дархост ва гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»

Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Шероз 8

 

0