Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Оғози иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам

Оғози иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам

Субҳи имрӯз, 1-уми октябр дар нуқтаи тиббии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими оғози расмии иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам баргузор шуд.

Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, кормандони сохторҳои дахлдор ва шарикони рушд ҳиркат варзиданд.

Дар ҷараёни ин чорабинии оммавӣ нахуст фарзандони кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро гирифтанд.

Зимнан масъалаҳои муҳими татбиқи иммунизатсия, афзоиши сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти ваксинагирӣ, ҳифзи саломатии кӯдакон ва калонсолон баррасӣ гардид.

Мудирони мактаб ва кормандони тиббӣ ба иштирокдорон тавзеҳ доданд, ки иммунизатсия яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии вируси папилломаи одам буда, ба нигоҳдории саломатии аҳли ҷомеа ва таъмини муҳити солим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилака” Саидзода Файзалӣ Барот изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини дастрасӣ ба ваксинаҳои босифат ва гузаронидани маъракаҳои иммунизатсионӣ ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Дар ин самт ҳамкории самарабахши вазоратҳои тандурустӣ ва маориф хеле муҳим аст.

Ҳамзамон намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров таъкид кард, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вазифадоранд, дар пешбурди корҳои ваксинагирӣ ва тарғиби маърифати тандурустӣ нақши фаъол дошта бошанд.

Бо мақсади таъмини саломатии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам тибқи нақшаи тасдиқшуда бо риояи ҳама чораҳои бехатарӣ амалӣ карда мешавад.

Лутфан, бознашр кунед