Чӣ тавр кӯдакро барои ваксинатсия омода кард
7 маслиҳате, ки ба шумо ва кўдаки шумо барои омода шудан ба иммунизатсиякунї, кўмак мерасонад
ХКСММ (ЮНИСЕФ)
Ваксинатсия – ин як чорабинии калон барои кӯдаки хурдсол буда, фарзанди шумо метавонад саволҳои зиёде дошта бошад. Мо ба шумо якчанд маслиҳат пешнињод менамоем, то инки раванди мазкур то андозае аламовар бошад.
Пеш аз он ки шумо бо фарзандонатон дар бораи иммунизатсия сӯҳбат кунед, боварӣ ҳосил кунед, ки шумо метавонед ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳед ва худатон барномаи кӯтоҳи таълимӣ (краткий ликбез) гузаронед. Портал барои Волидайн аз тарафи ХКСММ (ЮНИСЕФ), ба шумо манбаъњои зиёде пешкаш мекунад, то инки шумо аз воќеањои охирин бохабар бошед.
Аз фарзанди худ пурсед, ки ӯ ба иммунизатсияи дарпешистода чӣ гуна њиссиёт дорад? Ба андешаҳо ва ҳама нигарониҳои ӯ гӯш диҳед ва омода бошед, ки ба саволҳои ў ҷавоб диҳед. Дар хотир дошта бошед, ки кӯдакон ба калонсолон пайравї мекунанд, ки чї тавр дуруст бо эњсосот ба ин/ё он вазъияти додашуда муносибат кунанд. Ҳатто агар шумо барои фарзандатон дар хавотир бошед ва медонед, ки ӯ ҳангоми иммунизатсиякунї нороҳат шуданаш мумкин, кӯшиш кунед, ки тарсу ҳаросатонро ба фарзандатон нишон надиҳед.
Кӯдакон ҳуқуқ доранд, ки оид ба раванди иммунизатсиякунї маълумот гиранд, лекин бояд дар шакле баён карда шавад, ки ба онхо фахмо ва ба синну солашон мувофик бошад. Ана ин чанд ҷавобњо ба саволҳои маъмул, ки шумо бояд њама ваќт дар таги даст дошта бошед.
Ваксина чист?
Ваксина – ин сипарест, ки шуморо аз бемориҳо муҳофизат мекунад. Ваксинаҳо моро аз бемориҳои хавфнок муҳофизат мекунанд ва ҳаёти бисёр одамонро наҷот медиҳанд.
Ваксинањо чї тавр кор мекунанд?
Ваксинањо организми шуморо барои мубориза бурдан бо бомерињо меомўзонанд. Барои ин онҳо заррачаи хурди микробро ба организм ворид мекунанд, ки боиси беморие мегардад, ки шуморо аз он муҳофизат кардан лозим аст (ё чизи монанд ба он микроб), то инки организм фањмад, ки барои мубориза бо он чї кор кардан даркор. Ҳамин тавр, агар шумо ягон вақт бо ягон беморӣ дар тамос шавед, организми шумо аниқ медонад, ки чӣ кор кардан лозим аст ва шумо бемор намешавед.
Оё ваксинањо бехатаранд?
Бале, ваксинаҳо хеле бехатаранд! Миллионҳо кӯдакон (ва калонсолон!) ҳар сол ваксина мегиранд, ки онҳоро аз як қатор бемориҳо муҳофизат мекунанд. Вақте ки мо ваксинаро ќабул мекунем, баландшавии њарорат ё дардмандї дар бадани мо пайдо шуданаш мумкин, аммо он дер давом намекунад ва аз бемор шудан чанд маротиба беҳтар аст. Инчунин ин аломатњо нишон медиҳанд, ки ваксина кор мекунад ва организми шумо барои мубориза бурдан бо ин беморӣ, муҳофизат мекунад.
Барои кӯдаки хурдсол, иммунизатсиякунї метавонад даҳшатнок ба назар расад! Муҳим аст, ки ба эҳсосоти онҳо гӯш диҳед ва ба тарсу вањми онҳо ҳамдардӣ кунед. Агар фарзандатон ба шумо гӯяд, ки ӯ метарсад, кӯшиш кунед, ки ягон чизе ба мисли ин бигӯед: “Ман мефаҳмам, ки ту чї эњсосот дорї, аммо ана гап дар чист: ҳамааш дар як мижа задан мегузарад! Пеш аз онки ба ќабули табиб равем, мо дар хона машқ мекунем. Ҳамин тавр, шумо аниқ медонед, ки чиро интизор шавед, ва мо метавонем баъд аз он барои ҷашнгирифтан чизи хуберо ба нақша гирем!”
Ба фарзандонатон фањмонед, ки бо иммунизатсия кардан онҳо на танҳо худро бехатар нигоҳ медоранд, балки атрофиёни худро низ, ба мисли бобою бибї. Шумо метавонед ба онҳо бигӯед, ки “Ваксинаҳо на танњо шуморо аз бемориҳо муҳофизат мекунанд, инчунин онҳо дигаронро низ аз бемориҳо муҳофизат мекунанд, зеро шумо микробҳоеро, ки барангезандаи бемориҳо мегарданд, паҳн карда наметавонед. Ту чунон љасур ҳастї, ки барои солимии дигарон ќисми кори худро анљом медињї”.
Ҳангоми иммунизатсиякунї шумо бо фароҳам овардани муҳити оромкунанда, барои диќќати фарзанди худро аз тазриќ парешон кардан, кўмак расонида метавонед. Бозичаи дӯстдоштаи фарзандатонро биёред ё ба ӯ афсонаи дӯстдоштаашро нақл кунед. Онҳоро тасаллї дода гўед, ки ҳама чиз хуб мешавад ва онҳо хеле љасуранд – ҳатто агар гиря кунанд ё хафа шаванд њам.
Пеш аз ќабули табиб баромадан, бо ў дар бораи њолатњои номатлуби баъди иммунизатсиякунї ва чї корҳоро дар хона анҷом додан мумкин, сӯҳбат кунед, ба мисли дар љои тазриқ матои хунук гузоштан. Дар тӯли чанд рӯзи оянда, ба фарзанди худ диққат дињед, то боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ ҳеҷ кор намекунад ё ягон чизи ѓайриоддиро эҳсос намекунад. Агар ин тавр бошад, барои маслиҳат ба табиби фарзандатон занг занед.
Сил – бемории сироятие мебошад, ки барангезандааш бактерияи Micobacterium tuberculosis ё чўбчаи Кох мебошад, ки одатан ба шуш таъсир мерасонад, инчунин метавонад ба дигар узфҳои бадан, аз љумла устухонҳо, буғумњо ва мағзи сар таъсир расонад. Он тавассути қатраҳои ҳавоӣ ҳангоми гуфтугӯ, сулфа, атсазадан аз шахси бемор, ба шахсе, ки доруҳои зидди сил ќабул намекунад, мегузарад.
Барои кӯдакон хатари бемории сил дар инкишофи босуръати шаклҳои ниҳоят вазнин, ба монанди менингит ва шакли паҳншуда мебошад. Дар сурати набудани табобати интенсивӣ барои менингитҳои сил ва шакли паҳншудаи сироят, комилан ҳама беморон мемиранд. Нишонаҳои асосии бемори сил – ин сустии умумии бадан, харобшавӣ, табларза, арақкунии аз ҳад зиёд аз 1 моҳ мебошад.
Пешгирии беморӣ: гузаронидани иммунизатсия бо истифода аз ваксинаи БСЖ.
Гепатити В – (парентералӣ ё зардобӣ) – бемории сироятшаванда буда, тавассути вируси гепатити В (HBV), ки аз оилаи Hepadnavirus ба вуҷуд омадааст, ба ҷигар таъсир мерасонад. Шаклњои музмин љараёни тўлонї доранд ва метавонанд ба њолати вазнин – сирроз ва саратони љигар табдил ёбанд. Манбаи сироят беморон ва пањнкунандагон (носители) мебошанд ва ҳамчунин аксари кӯдаконе, ки ҳангоми таваллуд ба гепатити В гирифтор мешаванд, солҳои тӯлонӣ интиқолдиҳандагони музмини ин вирус мешаванд ва метавонанд ба одамони дигар сироят кунанд. Аксари калонсолони гирифтори вируси гепатити В, ҳатто агар беморӣ шадид гузашта бошад њам, комилан шифо меёбанд. Лекин навзодон ва кўдакон бештар ба бемории музмини гепатити В гирифтор мешаванд, аз ин рӯ, ваксинаи зидди гепатити В ба тақвими миллии аксари кишварҳои ҷаҳон ворид шудааст ва иммунизатсия аз рӯзи аввали ҳаёт оғоз мешавад.
Аломатҳои вируси гепатити В
Аломатҳои гепатити В метавонанд хеле сабук ва ё шадид бошанд. Давраи инкубатсионї одатан аз як то шаш моҳ давом мекунад. Гепатити В метавонад бо аломатхои зерин зоҳир шавад:
Роҳҳои гузариши вируси гепатити В
Вируси Гепатити В дар хун ва дигар моеъҳои биологии бадан пайдо мешавад. Дар аксари ҳолатҳо, он тавассути тамос бо хун бо яке аз роҳҳои зерин интиқол дода мешавад:
Гепатити В чӣ гуна табобат карда мешавад?
Барои гепатити шадиди В ягон табобати мушаххас вуҷуд надорад. Гепатити В – музмин дар баъзе њолатњо бо доруњои зидди вирусї ва интерферон табобат карда мешавад. Гепатити В – ро бо воситаи иммунизатсия пешгирї кардан мумкин аст.
Гулўзиндонак – бемории шадиди хатарноки сироятшаванда буда, ба ў газзаки гулў ва роњњои нафаскашї бо пайдо шудани пардаи зардобдор, зањролудшавии бадан, хос аст.
Гулўзиндонак бо роњи алоќаи зич ва воситаи њавои ќатрагї њангоми атсазанї ва сулфа аз одам ба одам мегузарад.
Аксар вақт, гулўзиндонак дар шакли илтиҳоби шадиди роҳҳои болоии нафас, асосан гулў ба амал меояд. Гулўзиндонаки бинї, чашм, гўш, пўст дар љойњои зарардида, дар узвњои таносул кам бавуљуд меояд. Давраи инкубатсионӣ аз 2 то 10 рӯз.
Аломатҳои гулўзиндонак:
Хавфи ҷиддӣ барои кӯдакон гулўзиндонаки ҳалқ ва роҳҳои нафас (крупи гулўзиндонак) мебошад.
Ҳарорат то 40 ° C баланд шуда, сулфаи дағал ва аккосзананда пайдо мешавад. Пас аз 2-3 рӯз сулфа ва овоз паст мешаванд, баъд хомӯш мешаванд. Аз сабаби варам ва танг шудани њалќ, нафаскашӣ душвор мешавад ва асфиксия пайдо мешавад. Агар сари вақт сивороткаи гулўзиндонак гузаронида нашавад, кӯдак метавонад аз нафастангї бимирад.
Чўбчаи гулўзиндонак токсин њосил мекунад, ки њангоми ба бадан ворид шудан боиси ташкилёбии беморињои музмин: иллати мушакњои дил (миокардит), иллати асабњои (полиневрит), фалаљи дасту пойњо, мушакњои роњи навас ва диафрагма.
Усулњои самараноки пешгирии гулўзиндонак ин ваксинатсия мебошад. Дар Љумњурии Тољикистон ваксинаи пентавалентї, ки таркиби он аз ваксинаи АКДС, ваксинаи зидди гепатити В (геп В) ва ваксинаи зидди сирояти гемофилии типи b (Hib) иборат аст, ваксинаи зидди гулўзиндонак дар якљоягї бо ваксинаи кузоз ва кабутсулфа (АКДС), инчунин АДС-ваксинаи зидди гулўзиндонак дар якљоягї бо кузоз, гузаронида мешаванд.
Бемории пневмококкї дар натиҷаи сироятёбї бо бактерияи Streptococcus pneumoniae (чуноне ки маълум аст, мисли пневмококкї) дар қисмҳои гуногуни организм рух медиҳад.
Пневмококк сабаби бемориҳои ҷиддӣ, ба монанди пневмония, менингит (сироятёбии мембрана, пардае, ки маѓзи сар ва њароммаѓзро рўйпуш мекунад осеб мерасонад) ва септисемия (мављудияти микроорганизмњои патогенї дар хун), инчунин дигар беморињои сабук низ ба монанди отити гуши миёна (илтињоби ќисми миёнаи гӯш) ва синусит мебошад.
Беморињии аз љониби бактерияи пневмакоккї ба вуљуд омада, сабабгори асосии пањншавии беморињо ва фавт дар саросари љањон мебошад. Гарчанде нишондоди беморињо ва фавтњо дар кишварњои рӯ ба тараќќї баландтар аст, аксарияти фавтњо дар мамлакатҳои Африќо, дар ҷануби Сахара ва Осиё мушоњида карда мешаванд. Аксари ваќт, ин беморињо дар байни кўдакони хурд ва пиронсолон во хурда мешаванд.
Дар кўдакон омилњои хавф барои пайдоиши сирояти пневмококкї ин норасогии синамаконї ва тамокукашї дар дохили бино мебошанд. Омилњои хавф барои њамагуна синну сол сирояти ВНМО, камхунии дастмондии њуљайравї (серповидно-клеточная анемия), аспления (норасоии функсияи испурч), беморињои музмини гурдањо ва зукоми гузаронидашудаи ќаблї мебошанд.
Сирояти гемофилии типи b – як гурӯҳи бемориҳои хатарноки сироятӣ мебошад, ки барангезандааш чўбчаи гемофилии типи b мебошад. Бо воситаи њаво-қатрагї пањн мешавад. Сирояти гемофилии типи b бо осеби узвњои нафаскашї, системаи асаб ва инкишофёбии манбаъњои зардоб дар узвњои гуногуни бадан тависф дода мешавад.
Менингити зардобдор (илтињоби пардаи маѓси сар)
Пневмония (илтиҳоби шуш)
Эпиглотит (илтињоби таѓояки њалќ)
Отит (илтиҳоби гӯши миёна)
Артрит (илтиҳоби буғумҳо)
Остеомиелит (илтиҳоби устухонҳо)
Целлюлит (илтиҳоби бофтаи пӯст)
Сепсис (заҳролудшавии хун)
Беморӣ дар кӯдакон босуръат, бошиддат инкишоф меёбад ва менингит, эпиглотит ва сепсис метавонанд ба марг оварда расонанд.
Ваксина: Hib (ҳамчун қисми Pentavalent)
Фалаљ – бемории шадиди сироятї буда, барангезандаи он яке аз намудњои 3 – серотипи вируси фалаљ ба њисоб меравад (намуди 1,2 ё 3). Инчунин онњо вируси ёбоии фалаљ (ВЁФ) номида мешаванд, азбаски онњо дар табиат гардиш дошта ва ќобилияти сирояткунии одамонро доранд. Бемории Гейне-Медин буда, ба ў осебхўрии моддаи хокистаранги њароммаѓз, пайдоиши фалаљи канора ва булбарї хос мебошад. Он ба системаи асаб таъсир мерасонад ва боиси инкишофи парез ва фалаҷ мегардад.
Вируси фалаљ бо роњњои фазлавї-дањонї (фекально-оральный) пањн мешавад. Дар минтаќањое, ки наонќадар шароити санитарии хуб доранд, аксари ваќт он бо воситаи дањон дохил мешавад, ваќте одамон хўрок мехўранд ё об менўшанд, ки онњо бо наљосат ифлос шудаанд. Ба ин беморӣ бештар кӯдакони то 5 сола осебпазир мебошанд.
Аломатњо:
Аломатҳои саршавии беморї ба нишонаҳои БШРН монанданд: табларза, хастагӣ, сустӣ, дарди сар ва дарди гулў. Баъдан ќайкунї, дарунравӣ, карахтшавии мушакњои пушти сар, сустї ва маҳдудшавии ҳаракати мушакҳои дасту пойҳо пайдо мешаванд.
Пас аз гузаронидани бемории фалаҷ дар кӯдакон вайроншавии ќобилияти мушакњо, шаклдигаргункунї (деформация) ва сустшавии дасту пойҳо, каҷшавии сутунмӯҳра ба амал меояд, ки боиси маъюбӣ мешавад. Дар ҳолатҳои вазнин фалаҷи мушакҳои нафаскашӣ ба амал меояд, ки боиси марг мегардад. Барои фалаљ табобати мушаххас вуҷуд надорад, онро танҳо бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.
Сирояти ротавирусї – ин бемории шадиди рўъда буда сабабгораш ротавирусњо мебошанд. Сирояти ротавирусї бемории тезпањншаванда махсусан дар байни кўдакони хурдсол ба њисоб рафта, аксар вақт сабаби асосии марги кӯдакони хурдсол мегардад. Дар саросари ҷаҳон, ротавирусҳо сабаби асосии дарунравии шадид дар кӯдакони то 5-сола мебошанд, ки боиси талафёбии оби бадан мегардад. Ротавирус бо роњњои фазлавї-дањонї интиќол меёбад.
Барангезанда беморӣ:
Навъи ротавирус, ки ба оилаи Reoviridae тааллуқ дорад.
Аломатњои клиникии сироятҳои ротавирусӣ гуногунанд – аз дарунравии гузарандаи сабук то гастроэнтеритҳои вазнин, ки ба талафёбии оби бадан оварда мерасонад, вайроншавии мувозинати обї-электролитї, садма ва ҳатто марг иборат аст. Пас аз давраи инкубационии 1-3 рӯз, бемории шадид, ки бо табларза ва қайкунӣ љараён меёбад, баъдан диареяи обакї (профузная водянистая диарея) оғоз меёбад. Одатан аломатњо аз тарафи рўъдаю меъда пас аз 3-7 рўз нопадид мешаванд, аммо метавонанд то 2 – 3 њафта боќї монанд. Дар аксари беморон пурра шифоёбї ба вуљуд меояд.
Табобати мушаххаси зиддивирусӣ вуҷуд надорад.
Ваксина Рота
Вируси папилломаи одам (ВПО) вируси пањншуда буда, бо роњи алоќи љинсї мегузарад ва боиси пайдоиши кондиломањои љинсї ва намудњои гуногуни саратон мебошад.
Зиёда аз 100 намуди ВПО вуљуд дорад. Баъзе аз инњо боиси пайдоиши кондиломањои љинсї, вале њадди аќќал 13 намудњои онњо саратонро ба вуљуд меоранд. Гарчанде, ки ВПО боиси пайдошавии саратони маќъад (анус), љинсњои беруна ва гирду атрофи узвњои љинсї мебошад, он барои занон муњим аст, зеро он сабаби ба вуљуд овардани 99%-и њодисањои саратони гарданаки бачадон мебошад. Саратони гарданаки бачадон сабаби асосии марги занњои калонсол дар давлатњои рӯ ба тараќќиёфта ва дуюмин бо пањншавиаш намуди саратони байни занон дар љањон аст. Таќрибан 85% њодисањои фавтидагон дар кишварњои рӯ ба тараќќї баќайд гирифта шудаанд.
Сурхча
Сурхча – бемории сироятии тезпањншаванда буда, онро вирус ба вуљуд меорад. Он тавассути њавогї – қатраӣ ҳангоми сулфа, атса задан мегузарад. Бемории сурхча метавонад ба калонсолон ва кӯдакон таъсир расонад. Њам кўдакон ва њам калонсолон метавонанд ба бемории сурхча гирифтор шаванд. Шахси бемор метавонад аз лаҳзаи пайдо шудани аломатҳои беморӣ то пайдо шудани доначањо дигаронро сироят кунад. Давраи инкубатсионӣ ба ҳисоби миёна аз 7 то 14 рӯз давом медињад. Беморӣ бо аломатњои шамолхӯрӣ ва БШРН оғоз меёбад: бењолї, бемадорӣ, рафтани оби бинӣ, сулфаи хушк, баландшавии њарорат аз 38 ° C бо пайдошавии доначањо. Доначањо аввал дар гардан ва рӯй пайдо ва баъд ба тамоми бадан паҳн мешавад. Дар давраи доғҳои максималӣ ҳарорати бадан метавонад то 40 ° C боло равад. Дар давраи ба ќадри максималї пайдо шудани доначањо њарорати бадан метавонад то 40°С баланд шавад. Сурхча бо оризањо хатарнок аст: илтиҳоби шуш, майнаи сар, чашм, ки боиси нобиноӣ мегардад, метавонад инкишоф ёбад. Дар њолатњои вазнин эњтимолияти ба марг овардан вуљуд дорад.
Ваксина: Сурхча – баногўшак – гулафшон
Ваксинаи сурхча-баногўшак-гулафшон
СБГ – (ваксинаи сурхча-баногўшак-гулафшон)
Гастроэнтерити ротавирусї –ин бемории тезпањншавандаи шикамравї буда, газзаки меъдаю рўдаи борикро аз љониби штаммњои ротавирусї бавуљуд меорад. Гастроэнтерити ротавирусї яке аз сабабњои асосии диареяи вазнин байни кўдакони хурдсол дар саросари љањон ба њисоб меравад. Он дар њама љойњо, њатто дар давлатњое, ки стандартњои хуби санитарї ва мављудияти оби тозаи ошомиданї доранд, дида мешавад.
Кузоз – бемории хатарноки марговар буда, барангезандааш бактерияи Clostridium tetani мебошад. Барангезандаи беморї дар хок (замин) буда бо воситаи захмњои кушода, луобпардањо (захмњои чуќур, љои бурида, сўхтагї, сармохўрї ва ѓ.). Ҳангоми ворид шудан ба захм, бактерияи кузоз токсин њосил мекунад, ки ин яке аз заҳрҳои пурқуввате, мебошад, ба системаи асаб таъсир мерасонад. Токсин бактерияро хориљ намуда, беморињои вазнини кашиш ва дарди мушакњоро ба вуљуд меорад, ки метавонад ба марг оварда расонад. Бештар кӯдакони аз 3 то 7 сола бемор мешаванд. Дар ин синну сол онҳо махсусан серҳаракат буда, бисёртар ба гирифтани ҷароҳатҳои гуногун, зарб ва захмњо дучор мешаванд. Фавт аз кузоз дар байни навзодон 100% аст.
Аломатҳо:
Усулњои самараноки пешгирии гулўзиндонак ин ваксинатсия мебошад. Дар Љумњурии Тољикистон ваксинаи пентавалентї, ки таркиби он аз ваксинаи АКДС, ваксинаи зидди гепатити В (геп В) ва ваксинаи зидди сирояти гемофилии типи b (Hib) иборат аст, ваксинаи зидди гулўзиндонак дар якљоягї бо ваксинаи кузоз ва кабутсулфа (АКДС), инчунин АДС-ваксинаи зидди гулўзиндонак дар якљоягї бо кузоз, гузаронида мешаванд.
Кабудсулфа ё «сулфаи аккос (лающий кашель)» бемории шадиди сироятшаванда буда, ба ў осеб додани роњњои болоии системаи нафаскашї, хуруљи сулфаи давомнокии ихтилољї хос аст. Бемории кабудсулфа аз љониби бактерияи Bordetella pertussis ба вуљуд меоянд, ки дар дањон ва њалќ љойгир мебошанд. Азбаски ин беморї тезпањншаванда аст, махсусан ба тифлони иммунизатсиянашуда таъсир мерасонад. Он тавассути њавоќатрагї ҳангоми атса задан, сулфа кардан, гап задан мегузарад. Кабудсулфа махсусан барои кӯдакони то як сола хатарнок аст.
Аломатњои саршавии беморї ба аломатњои беморињои шадиди роњи нафас монанд аст (БШРН): табларза, рафтани оби бинї ва сулфа. Таќрибан пас аз 7-10 рўз сулфа шиддит ёфта, хислати сулфаи пайдарњами ихтилољї дар гулў сар мешавад. Пайдарњамии сулфа метавонад бо қайкунӣ, сурхшавї ва кабудшавии рӯй пайгирї шавад. Дар давоми рӯз метавонад то 20 – 30 маротиба ављ гирад.
Дар кӯдакони навзод кабудсулфа зуд ба амал меояд ва пас аз сулфаҳои тӯлонӣ нафастангї метавонад ба амал ояд. Аз њама бештар оќибатњои вазнини кабудсулфа ин илтињоби шуш (пневмония), варамии пардаи шуш ва гулўзиндонаки бардурўѓ (ложный круп) мебошанд.
Шакли вазнини кабудсулфа метавонад ба гипоксияи тӯлонӣ, вайроншавии таъминоти хун ба бофтаҳои майна ва дил оварда расонад.
Баногӯшак – ин бемории сироятї буда, аз љониби вирус ба вуљуд меояд. Баногӯшак дар саросари љањон пањн шуда, њамчун Баногӯшаки сироятї маълум аст, зеро он аксари ваќт ба ѓадудњои обии назди гушњо (слюнные железы) таъсир мерасонад. Агар вирус ба тухмњо (дар мардњо) таъсир расонад пас ин бемориро Баногӯшаки орхитї меноманд.
Баногӯшак аксари ваќт ба кўдакони синни аз панљ то нӯњсола таъсирмерасонад. Инчунин вируси Баногӯшак метавонад дар байни калонсолон низ мушоҳида шавад, дар ин њолат оризањо хеле љиддї мебошанд.
БСЖ (Бацилла Кальметта-Герена)- – ваксинаи зиндаи ќобилияташ сусткарадшудаи бактериявї буда, аз чанд беморињои сил то 75-90% нигоњ медорад. Ваксинаи БСЖ моддаи хушк кардашуда (лиофилизированый) буда, якљоя бо моеъи њалкунанда барои он бароварда мешавад.
Баро чї ваксинатсия гузаронида мешавад: аз менингити сил ва шаклҳои паҳншудаи СИЛ муҳофизат мекунад.
Кай бояд ваксина кард: Ваксина ба ҳамаи навзодони солим ҳангоми дар таваллудхона буданашон дар давоми 3-5 рўзи баъд аз таваллуд гузаронида мешавад.
Усули истифодабарї ва миќдори воя: миќдори воя барои навзодон – 0,05 мл, ба таври қатъӣ дар дохили пӯст ба китфи чап ворид карда мешавад.
Њолатњои номатлуб: Вазнин:сирояти умумї ё чунин сироятҳо, ба монанди
остеомиелит, абсессњо, лимфаденити минтақавї
Сабук: аксуамал дар љойи тазриќ
Аксуламали сабук дар љойи гузаронидани тазриќ қариб дар ҳамаи кўдакон мушоҳида мешаванд. Вақте, ки ваксинаи БСЖ-ро ворид мекунанд, аксаран каме хурдтар папула дар љойи тазриқ пайдо мешавад, ки баъд аз 30 дақиқа нобуд хоҳад шуд. Тақрибан баъд аз ду ҳафта захмча ташкил мешавад (одатан бо диаметри ќалами тезкарданашуда).
Захмча одатан ду ҳафта давом мекунад сипас баиз (рубец) табдил меёбад, тақрибан бо диаметри 5 мм; ин изи захмча – шоњидї аз он медињад, ки кўдак ба таври самаранок иммунизатсия карда шудааст.
Зиддинишондод: Вазни тифли навзод камтар аз 1800 грамм (ваксина ҳангоми ба зиёда аз 1800 грамм расидани вазн гузаронида мешавад). Патологияи шадид ё авҷгирии бемориҳои музмин (масалан, ҳангоми мавҷудияти сирояти батнї, бемории гемолитикии навзод, вайроншавии системаи асаб, патологияҳои системавии пӯст). Дар сурати мавҷуд будани чунин њолатњо, иммунизатсия бо ваксинаи БСЖ то ба эътидол омадани ҳолати кӯдак мавқуф гузошта мешавад.
Дар таркиби ваксина: Компоненти асосї -70% микробњои зиндаи сусткарадшуда – 0,5 мг.
Моддаи ёрирасон: глютамати натрий.
Њалкунанда: маҳлули изотонии натрий
Шакли барориш: зарфи (флакон) 20-вояга
Ваксинаи зидди гепатити В (HepB) дар шакли яквалента ё якљояшуда (пентавалентї ё чорвалента АКДС+ГепВ) истењсол карда мешаванд. Ваксинаи яквалентаи зидди Гепатити В дар шакли моеъ буда, дар флаконњои як ё бисёрвояга, ё дар шакли тайёри яквояга дар маводи инъексионї дастрас карда мешавад. Њамчун вояи аввал, ки ба кӯдак ҳангоми таваллуд (дар давоми 24 соати аввали ҳаёт гузаронида мешавад), танҳо ваксинаи яквалентаи Гепатит В истифода бурда мешавад.
Кай иммунизатсия гузаронида мешавад:
Иммунизатсияи зидди вируси гепатити В дар кӯдакони то 1-сола гузаронида мешавад: дар давоми 24-соати баъд аз таваллуд;
Дар 2-моњагї дар таркиби ваксинаи пентавалентї (АКДС-1 + ГепВ2 + Hib)
Дар 3-моњагї дар таркиби ваксинаи пентавалентї (АКДС-2 + ГепВ3 + Hib)
Дар 4-моњагї дар таркиби ваксинаи пентавалентї (АКДС-3 + ГепВ4 + Hib)
Намуди ваксина: Антигени тозашудаи гепатити В, ки дар гидроксиди алюминий љаббида (адсорбированный) мешавад, бо истифода аз технологияи ДНК – рекомбинант ё аз плазмаи сироятшудагони ба даст оварда шудааст.
Њолатњои номатлуб: каме анафилаксия, аксуламал дар љои вориди ваксина (дард,
сурхшавї, варамї), дарди сар, табларза.
Миќдори воя: 0,5 мл.
Љои гузаронидан: Дар ќисми берунаи рони пои кўдак.
Намуди тазриќ: Дохили мушак
Нигањдорї: Аз +2 °C то +8 °C, ба яхкунї роњ надињед
Ваксинаи пентавалентӣ (АКДС+ГB+Hib) (ваксинаи якљояшудаи моеъ)
Ваксинаи пентавалентӣ ваксинаи бисёркомпонентӣ мебошад, ки аз 5 антиген иборат аст.
Қисми фаъоли ваксинаи пентавалентӣ (DPT+ГB+Hib) (ваксинаи якљояшудаи моеъ) токсинҳои тозашудаи гулўзиндонак ва кузозро дар бар гирифта, инчунин дорои заррањои ѓайрифаъолкардашудаи чўбчаи кабудсулфа, зарраҳои хеле тозашудаи ғайрисироятии HBsAg, ҷузъҳои nbgbгемофилии b мебошад.
Ваксинатсия барои чӣ гузаронида мешавад?
Иммунизатсияи фаъол бар зидди гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз, вируси гепатити В ва сирояти гемофилии типи b мебошад.
Кай ваксинатсия бояд кард:
Мувофиќи таќвими миллии иммунизатсия дар синни 2, 3 ва 4 моњагї иммунизатсия гузаронида мешавад. Фосилаи байни вояњо бояд њадди аќал 4 њафта бошад.
Ваксинаи пентавалентӣ ба кӯдаконе гузаронида мешавад, ки қаблан ҳангоми таваллуд ваксинаи гепатити В гирифтаанд ва набояд барои иммунизатсия дар таваллудхона истифода шаванд.
Намуди ваксина: Њуљайраи пурраи кушташуда ё бењуљайра (бе њуљайраи беѓаразона
(без интактных клеток))
Намуди тазриќ: дохили мушак
Миќдори воя: 0,5 мл.
Љои гузаронидан:
Зидднишондод: ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъҳои ваксина ё аксуламали ҷиддӣ ба
вояи қаблии ваксина ё ягон ҷузъҳои он.
Њолатњои номатлуб: аксуламал дар љои воридкунии ваксинањо (дард, сурхшавї, варамшавї); табларза ва њолати њаяљоннокї, дардмандї.
Њолатњои умумӣ: асабоният, њузноварї (плаксивость), табларзаи андак одатан дар давоми 48 соати пас аз ваксинатсия ба амал меоянд ва дар аксари ҳолатҳо дар давоми ду-се рӯз худ аз худ бе ёрии тиббӣ мегузаранд.
Ҳама аксуламалҳои маҳаллӣ ва умумӣ бе оқибатњо (безпоследствий) мегузаранд.
Њолатњои номатлуби нодир:
Баландшавии ҳарорати бадан аз 39,5 ° C (1 ҳолат ба 15 000 вояи воридшуда)
Ташаккунљи фебрилӣ (1 ҳолат ба 12,500 вояи воридшуда)
Гиряи давомнок зиёда аз 3 соат дар давоми 48 соат пас аз ваксинатсия (1 ҳолат ба 3000 вояи воридшуда)
Аксуламалҳои аллергикӣ (крапивница, варами Квинке, садмаи анафилактикӣ – бо басомади 1 ҳолат ба 1 миллион вояи воридшуда).
Таркиби ваксина
Моддаҳои фаъол:
Анатоксини тозашудаи гулўзиндонак на камтар аз 7,5 Lf (на камтар аз 30 МЕ)
Анатоксини тозашудаи кузоз на камтар аз 3,25 Lf (на камтар аз 60 МЕ)
ғайрифаъолкардашудаи B. pertussis (суспензияи њуљайраи пурраи кушташуда зидди кабудсулфа) на камтар аз 15 01) (на камтар аз 4 МЕ) Олигосахариди Hib 10 мкг, ки бо тақрибан 25 мкг СПР 197 алоқаманд аст
ќабати болии антигени гепатити В, тозашуда 10 мкг
Моддањои ёрирасон:
Фосфати алюминий, хлориди натрий, об барои тазриқ. Шакли барориш: флакони 1-воягї
ОПВ – ин ваксинаи зиндаи ќобилияташ сусткардашудаи бар зидди бемории фалаљ, ки дорои 1, 2 ва 3 намуди вирусњои танњо ё дар намуди якљояшуда (намудњои 1, 2 ва 3 ё 1 ва 3) мебошад.
Ваксинатсия барои чї гузаронида мешавад?
иммунизатсияи фаъол бар зидди вируси 1 ва 3-и намуди ФАЛАЉ.
Кай ваксина бояд кард: дар давоми 24 соати баъд аз таваллуди кўдак, дар 2 моҳ, 3 моҳ, 4 моҳ ва 12 моҳ.
Љои гузаронидан ва миќдори воя: ваксина тавассути даҳон, дар вояи 2 қатра ворид карда мешавад.
Зиддинишондод: ҳассосияти баланд ба неомицин, полимиксин ё дигар ҷузъҳои ваксина; ба беморони гирифтори норасоии масунияти бадан якумдараља ва дуюмдараҷа тавсия дода мешавад, ки ваксинаи ғайрифаъол (IPV)-ро истифода баранд.
Аксуламалњо
Одатан: аксуламалҳои умумии сабук – бењолї, заифӣ, гум шудани иштиҳо.
Аксуламалњои кам вохўранда: аломатҳо ва нишонаҳои фалаљи паралитикӣ мумкинки дар иммунизатсияшавандагон дар давоми 30 рўз ва алоќамандон дар давоми 60 рўз баъд аз иммунизатсия инкишоф ёбанд, басомади пайдоиш – 1 ҳолат ба 10 миллион иммунизатсияшавандагон ва алоќамандони таъсирпазир; аксуламалҳои аллергикӣ ба компонентњои ваксина.
Таркиби ваксина:
як вояи ваксина дар бар мегирад:
Моддаҳои фаъол: штаммҳои зиндаи сустшудаи сабини вируси фалаљи навъи 1 (LSc, 2 ab) бо фаъолнокии 106,0 CCID50, навъи 3 (Leon, 12a, 1b) бо фаъолияти 105,8 CCID50.
Моддаҳои ёрирасон: хлориди магний, аргинин, полисорбат, сулфат неомицин, сулфат полимиксин В, оби тозашуда.
Шакли барориш: зарфњои 10 ва 20 вояга.
ИПВ – ваксинаи ѓайрифаъолкардашудаи бар зидди бемории фалаљ як доруи устуворшудаи вирусҳои ғайрифаъолшудаи фалаљи штаммҳои Сабин 1, 2 ва 3 мебошад. Барои беморони гирифтори норасоии масунияти бадан якум ва дуюмдараҷа, истифодаи ваксинаи муккамали ғайрифаъолкардашудаи фалаљ (ИПВ) тавсия дода мешавад. То июли соли 2022 иммунизатсия бо ваксинаи зидди ИПВ дар синни 4-моҳагї як маротиба гузаронида мешавад. Пас аз ҷорӣ кардани ваксинаи пневмококк, эмкунии ИПВ аз синни 4-моҳа ба синни 3-моҳагї ва аз моњи июли соли 2022 дар сини 9-моњагї вояи дуюми ИПВ гузаронида мешавад.
Љои гузаронидан ва воя: дохили мушак; ќисми болоии (берунаи) рони пойи чап ба кӯдакони то 1-сола бо миқдори 0,5 мл пешбинӣ шудааст.
Зиддинишондод: ҳассосияти баланд ба неомицин, полимиксин ё дигар ҷузъҳои ваксина.
Аксуламал:
Одатан: аксуламалҳои умумии сабук – бењолї, заифӣ, гум шудани иштиҳо.
Аксуламалњои кам вохўранда: аксуламалҳои аллергикӣ ба ҷузъҳои ваксина.
Таркиб: Як вояи ваксина компонентҳои зерини фаъолро дар бар мегирад:
Шакли барориш: зарфњои 1-вояга
Ваксинаи ротавирусї
Рота (Ротарикс) – ваксинаи зиндаи пероралї мебошад, ки аз штамми G1P(8) аз навзоди ширмаки бемор бо гастроэнтерит ҷудо карда шудааст.
Ваксинатсия барои чї гузаронида мешвад: иммунизатсияи фаъол бар зидди СИРОЯТИ РОТАВИРУСЇ
Кай ваксина гузаронида мешавад: дар синни 2 ва 3 моҳагии кӯдак.
Усули истифодабарї ва миќдори воя: ваксина тавассути даҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Ваксина дар тубикњои якдозага бароварда мешаванд. 1 тубик 1,5 мл моеъ дорад. Ваксина ба воситаи даҳон, бо миқдори 1,5 мл ворид карда мешавад.
Шакли барориш: 1 тубик – як вояга
Зиддинишондод: ҳассосияти баланд ба ҳама ҷузъҳои ваксина,
инвагинатсияи рӯда дар анамнез ё инки инкишофи нуќсонњо дар рўда, ки эњтимоли моил ба инвагинатсия дорад.
Дар њолати гастроэнтеритҳои шадид ё бемории вазнин бо баландшавии њарорати бадан, ваксинатсия бояд ба таъхир гузошта шавад.
Њолатњои номатлуб: хашмгинї, беиштињої ва баъзан дарунравї.
Таъсири мутақобилаи доругї: Ваксинаи ротавирусиро дар як ваќт дар якљоягї бо дигар ваксинањо, ки дар Таќвими миллии иммунизатсияи кўдакон дохиланд, њамзамон бе паст кардани самаранокии онњо, иљозат дода шудаанд.
ОПВ – ин ваксинаи зиндаи ќобилияташ сусткардашудаи бар зидди бемории фалаљ, ки дорои 1, 2 ва 3 намуди вирусњои танњо ё дар намуди якљояшуда (намудњои 1, 2 ва 3 ё 1 ва 3) мебошад.
Ваксинатсия барои чї гузаронида мешавад?
иммунизатсияи фаъол бар зидди вируси 1 ва 3-и намуди ФАЛАЉ.
Кай ваксина бояд кард: дар давоми 24 соати баъд аз таваллуди кўдак, дар 2 моҳ, 3 моҳ, 4 моҳ ва 12 моҳ.
Љои гузаронидан ва миќдори воя: ваксина тавассути даҳон, дар вояи 2 қатра ворид карда мешавад.
Зиддинишондод: ҳассосияти баланд ба неомицин, полимиксин ё дигар ҷузъҳои ваксина; ба беморони гирифтори норасоии масунияти бадан якумдараља ва дуюмдараҷа тавсия дода мешавад, ки ваксинаи ғайрифаъол (IPV)-ро истифода баранд.
Аксуламалњо
Одатан: аксуламалҳои умумии сабук – бењолї, заифӣ, гум шудани иштиҳо.
Аксуламалњои кам вохўранда: аломатҳо ва нишонаҳои фалаљи паралитикӣ мумкинки дар иммунизатсияшавандагон дар давоми 30 рўз ва алоќамандон дар давоми 60 рўз баъд аз иммунизатсия инкишоф ёбанд, басомади пайдоиш – 1 ҳолат ба 10 миллион иммунизатсияшавандагон ва алоќамандони таъсирпазир; аксуламалҳои аллергикӣ ба компонентњои ваксина.
Таркиби ваксина:
як вояи ваксина дар бар мегирад:
Моддаҳои фаъол: штаммҳои зиндаи сустшудаи сабини вируси фалаљи навъи 1 (LSc, 2 ab) бо фаъолнокии 106,0 CCID50, навъи 3 (Leon, 12a, 1b) бо фаъолияти 105,8 CCID50.
Моддаҳои ёрирасон: хлориди магний, аргинин, полисорбат, сулфат неомицин, сулфат полимиксин В, оби тозашуда.
Шакли барориш: зарфњои 10 ва 20 вояга.
Коревая- паротитно- краснушная вакцина (КПК).
Ваксинаи пентавалентї
Ваксинаи пентавалентӣ (АКДС+ГB+Hib) (ваксинаи якљояшудаи моеъ)
Ваксинаи пентавалентӣ ваксинаи бисёркомпонентӣ мебошад, ки аз 5 антиген иборат аст.
Қисми фаъоли ваксинаи пентавалентӣ (DPT+ГB+Hib) (ваксинаи якљояшудаи моеъ) токсинҳои тозашудаи гулўзиндонак ва кузозро дар бар гирифта, инчунин дорои заррањои ѓайрифаъолкардашудаи чўбчаи кабудсулфа, зарраҳои хеле тозашудаи ғайрисироятии HBsAg, ҷузъҳои nbgbгемофилии b мебошад.
Ваксинатсия барои чӣ гузаронида мешавад?
Иммунизатсияи фаъол бар зидди гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз, вируси гепатити В ва сирояти гемофилии типи b мебошад.
Кай ваксинатсия бояд кард:
Мувофиќи таќвими миллии иммунизатсия дар синни 2, 3 ва 4 моњагї иммунизатсия гузаронида мешавад. Фосилаи байни вояњо бояд њадди аќал 4 њафта бошад.
Ваксинаи пентавалентӣ ба кӯдаконе гузаронида мешавад, ки қаблан ҳангоми таваллуд ваксинаи гепатити В гирифтаанд ва набояд барои иммунизатсия дар таваллудхона истифода шаванд.
Намуди ваксина: Њуљайраи пурраи кушташуда ё бењуљайра (бе њуљайраи беѓаразона
(без интактных клеток))
Намуди тазриќ: дохили мушак
Миќдори воя: 0,5 мл.
Љои гузаронидан:
Зидднишондод: ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъҳои ваксина ё аксуламали ҷиддӣ ба
вояи қаблии ваксина ё ягон ҷузъҳои он.
Њолатњои номатлуб: аксуламал дар љои воридкунии ваксинањо (дард, сурхшавї, варамшавї); табларза ва њолати њаяљоннокї, дардмандї.
Њолатњои умумӣ: асабоният, њузноварї (плаксивость), табларзаи андак одатан дар давоми 48 соати пас аз ваксинатсия ба амал меоянд ва дар аксари ҳолатҳо дар давоми ду-се рӯз худ аз худ бе ёрии тиббӣ мегузаранд.
Ҳама аксуламалҳои маҳаллӣ ва умумӣ бе оқибатњо (безпоследствий) мегузаранд.
Њолатњои номатлуби нодир:
Баландшавии ҳарорати бадан аз 39,5 ° C (1 ҳолат ба 15 000 вояи воридшуда)
Ташаккунљи фебрилӣ (1 ҳолат ба 12,500 вояи воридшуда)
Гиряи давомнок зиёда аз 3 соат дар давоми 48 соат пас аз ваксинатсия (1 ҳолат ба 3000 вояи воридшуда)
Аксуламалҳои аллергикӣ (крапивница, варами Квинке, садмаи анафилактикӣ – бо басомади 1 ҳолат ба 1 миллион вояи воридшуда).
Таркиби ваксина
Моддаҳои фаъол:
Анатоксини тозашудаи гулўзиндонак на камтар аз 7,5 Lf (на камтар аз 30 МЕ)
Анатоксини тозашудаи кузоз на камтар аз 3,25 Lf (на камтар аз 60 МЕ)
ғайрифаъолкардашудаи B. pertussis (суспензияи њуљайраи пурраи кушташуда зидди кабудсулфа) на камтар аз 15 01) (на камтар аз 4 МЕ) Олигосахариди Hib 10 мкг, ки бо тақрибан 25 мкг СПР 197 алоқаманд аст
ќабати болии антигени гепатити В, тозашуда 10 мкг
Моддањои ёрирасон:
Фосфати алюминий, хлориди натрий, об барои тазриқ. Шакли барориш: флакони 1-воягї