Назорати сифатнокӣ
Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ба талаботи миллӣ ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, инчунин стандартҳои байналмилалии GMP (Таҷрибаҳои хуби истеҳсолӣ) мувофиқат мекунанд ва аз расмиёти пешакии тахассусии ТУТ гузаштаанд.
Назорати давлатиро оиди сифат, самаранокӣ ва бехатарии ваксинаҳо Сарраёсати назорати фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ваксинаҳои воридотӣ бояд аз сертификатсияи ҳатмии давлатӣ, санҷиши мутобиқати силсилаи ваксинаҳо ба талаботи мушаххаси бехатарӣ ва санҷиши ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ гузаронида шаванд.
Пас аз анҷоми расмиёти сертификатсия ва гирифтани сертификати мутобиќат барои истифодаи ваксинањо дар муассисаҳои тандурустӣ иҷозат дода мешавад. Назорати минбаъдаи сифат ва бехатарии ваксинаҳоро дар љойњои истифодашаванда марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологї, филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ва марказҳои иммунопрофилактикаи шањру ноњияњо амалӣ менамоянд.
Хариди ваксинаҳо
Хариди ваксинаҳо дар давлат дар чорчӯбаи Меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони Созмони милали муттањид (ЮНИСЕФ) тавассути механизмҳои хариди ЮНИСЕФ сурат мегирад. Шуъбаи хариди ЮНИСЕФ тендерҳои байналмилалиро баргузор мекунад, ки дар он танҳо ширкатҳои фармасевтие, ки маҳсулоташон ба стандартҳои байналмилалии GMP мувофиқат мекунанд ва аз расмиёти пешакии тахассусии СУТ гузаштаанд, иштирок карда метавонанд. Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, дорои ҳамон сифате мебошанд, ки дар Аврупо истифода мешаванд. Компонентњои ваксина бехатар буда, дорои ягон моддаи заҳролуд ё манъшуда нестанд ва дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар давлатњои исломӣ (Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон, АМА ва ғайра) васеъ истифода мешаванд. Зиёда аз 10 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаҳоро аз истеҳсолкунандагони зерин харидорӣ мекунад: GlaxoSmithKline (Белгия), Sanofi Pasteur (Франсия), Biopharma (Индонезия), Serum Institute (Њиндустон), Bharat Biotech International (Њиндустон), Bulgarian Drug Agency (Болгария), National Institute of Food and Drug Safety Evaluation (Корея), LG Life Sciences Ltd (Корея), Japan BCG Laboratory (Љопон), Bilthoven Biological (Нидерландия).
Интиқол ва нигоҳдории ваксинаҳо
Дар ҳама сатҳҳои занҷири таъминоти ваксина, аз истеҳсолкунанда то муассисаи тиббӣ ва иммунизатсияшаванда, мониторинги ҳарорати нигоҳдорӣ ва интиқолдињї бо истифода аз таљњизотњои сабти ҳарорат мувофиқи тартиби амалиётњои стандартї барои идоракунии самараноки ваксинаҳо љиддї назорат карда мешавад. Ваксинаҳо ба анборҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар авторефрежераторњо, контейнерҳо бо яхќуттињои кондитсиатсияшуда, ки риояи занҷири хунукитаъминкунандаро дар ҳарорати аз +2 то +8 ° C нигоњ медорад, оварда мешаванд. Дар љойхои нигоњдории ваксина, аз чумла дар њуљрањои иммунизатсиякунї, тачхизотњои хунукитаъминкунанда мавчуд аст, ки дар он љо нигоњ доштани режими оптималии њарорат рўзе ду маротиба санљида мешавад. Маълумотњои баҳисобгирӣ ва бақайдгирӣ бо нишон додани номгў, силсила, санаи истифода, санаи қабул/фиристондан ва нишондиҳандаҳои ҳарорат ба китоби стандартии «Китоби назорати ваксинаҳо, сӯзандоруҳо ва қуттиҳои мањви бехатар» ворид карда мешаванд.
Истифодаи ваксина ва партофтани партовҳо Ваксинзанӣ ба кормандони соҳаи тиб, ки дар бораи қоидаҳо ва усулҳои эмкунӣ омӯзонида шудаанд ва шаҳодатномаи эмкунӣ доранд, иҷозат дода мешавад.
Истифодаи ваксина ва мањви партовҳо
Барои ваксинатсия кормандони соҳаи тиб, ки дар бораи қоидаҳо ва усулҳои иммунизатсиякунї омӯзонида шудаанд ва шаҳодатномаи иммунизатсиякунїдоранд, иҷозат дода мешавад. Ваксина дар вояи, ба таври қатъӣ мувофиқи дастурҳои истифодабарии ваксинањо ворид карда мешавад. Барои риоя кардани стандартҳои бехатари иммунизатсия дар амал, танҳо сӯзандоруҳои махсуси худмањвшаванда ва қуттиҳои мањви бехатар барои партовҳои тиббӣ истифода мешаванд. Зарфњо, сӯзанҳо, сӯзандоруҳои истифодашуда пас аз иммунизатсия дар қуттиҳои махсуси безараргардонӣ (ЌМБ) ҷамъ карда мешаванд, ки баъдан мувофиқи талаботи миллӣ оид ба мањв кардани партовҳои тиббӣ нобуд карда мешаванд. Њангоми ворид кардани якчанд ваксина, ҳар як ваксина бо сӯзандору ва сӯзани алоҳида ба қисмҳои гуногуни бадан ворид карда мешавад.
Ваксинатсияро идома диҳед, ҳатто агар дар давлат хуруҷи ягон беморӣ вуҷуд надошта бошад. Гарчанде, ки сироятҳои бо воситаи ваксина пешгиришаванда дар бисёр давлатҳо кам шуда бошанд ҳам, гардиши барангезандаҳои сироятҳо дар саросари ҷаҳон давом дорад, ки метавонад боиси воридшавӣ ба давлат ва хуруҷ задании бемориҳо гардад. Барои баъзе бемориҳо ҳатто як ҳодиса кофист, ки боиси сар задани хуруҷ гардад. Мисоли ин бемории сурхча мебошад, ки яке аз бемориҳои сирояткунанда мебошад. Ҳамин тариқ, ноустувории эпидемиологии глобалӣ дар давлатҳо мебошад. Сатҳи баланди гигиена ва санитарӣ кӯдаконро аз сироятҳои бо воситаи ваксина пешгиришаванда наҷот дода наметавонад. Дар ҳоле ки беҳтар кардани гигиена, санитария ва бехатарии об барои муҳофизат кардани одамон аз бемориҳои сироятӣ кӯмак мекунад, бисёр сироятҳо, новобаста аз сифати санитарӣ, тавассути ҳаво паҳн мешаванд. Бо вуҷуди он ки, беҳтар кардани гигиена, санитария ва бехатарии об барои муҳофизат кардани одамон аз бемориҳои сироятӣ кӯмак мекунад, бисёр сироятҳо, новобаста аз сифати шароитҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, тавассути ҳавоӣ-ќатрагӣ паҳн мешаванд. Бемориҳо, ки бар зидди онҳо ваксина гузаронида мешавад, дар сурати қатъ шудани барномаҳои иммунопрофилактика дубора пайдо мешаванд. Давлатҳои минтақаи Аврупо ва ИДМ дар воридот, паҳншавӣ ва хуруҷи бемории сурхча дар давлати мо дар соли 2017, вақте ки кӯдакони иммунизатсия нагирифта бемор шуданд, саҳми худро гузоштаанд.
Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои нест кардани фавт дар байни навзодон ва кӯдакон, иммунизатсия як чорабинии беҳад муҳим мебошад. Иммунизатсия ҳар сол тақрибан 2-3 миллион ҳодисаи маргро пешгирӣ мекунад, ҳар рӯз тақрибан 10 000 нафарро наҷот медиҳад ва миллионҳо одамонро аз беморӣ ва маъюбӣ муҳофизат менамояд. Дар соли 2003 эпидемияи сурхча дар давлатҳои минтақаи Аврупо беш аз 4500 ҷавонро аз байн бурд. Аммо дар байни солҳои 2000 ва 2013, ваксина бар зидди сурхча фавти глобалии сурхчаро 75% коҳиш дод ва 15,6 миллион фавтро пешгирӣ кард, ки ваксинаи зидди сурхча ба яке аз муваффақиятҳо дар соҳаи тандурустӣ табдил ёфт. Бемории наѓзак (оспа), ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 5 миллион нафар мефавтиданд, соли 1978 комилан аз байн бурда шуда буд ва ҳоло он хеле фаромӯш шудааст. Дар натиҷаи кўшишҳои глобалӣ барои маҳв кардани бемории фалаҷ, беш аз 16 миллион нафар аз фалаҷ наҷот ёфтаанд. Аз соли 1988 инҷониб шумораи гирифторони фалаҷ дар саросари ҷаҳон беш аз 99% коҳиш ёфта, аз 350 000 ҳолат ба 22 ҳолат дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалии иммунизатсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати – узви Бюрои минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои миллии иммунопрофилактика барои солҳои 1996-2000, 2001-2005, 2006-2010, 2011-2015, 2016-2020 ва 2021-2025 тасдиқ карда шуданд. Ҳуҷҷати мазкур яке аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки сиёсати давлатии иммунизатсияи аҳолӣ дар саросари давлатро танзим менамояд. Инчунин дар соли 2014 низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иммунизатсияи бемориҳои сироятӣ”-ро тасдиқ кард. Дар соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки дар он ҳамчунин як қатор вазифаҳо вобаста ба нақши иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои бо воситаи иммунизатсия пешгиришаванда инъикос ёфтааст. Дар давлат фалаҷ, гулўзиндонак ва кузоз дар навзодон ба қайд гирифта нашудааст. Бемориҳои сирояти ротавирусӣ, сурхча ва гулафшон коҳиш ёфтанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Тақвими миллии иммунизатсиякунӣ дар сатҳи на камтар аз 95% нигоҳ дошта мешавад. Бо шарофати Барномаи миллии иммунопрофилактика аксарияти мардуми ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ оқибатҳои хуруҷи сироятҳои бо воситаи иммунизатсия пешгиришавандаро аз сар нагузаронидаанд, дар одамон ҳисси оромӣ пайдо шуд. Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор.
Тамоюли пуризтироб воридоти бемориҳои сироятӣ аз минтақаҳое мебошад, ки дар он ҷо гардиши фаъоли вирусҳо вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, ноустувории глобалии эпидемиологӣ дар давлатҳои минтақаи Аврупо ва ИДМ ба воридот, паҳншавӣ ва сар задани бемории сурхча дар соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд ва онҳое, статуси иммунизатсияашон номаълум буданд, гирифтори бемории сурхча шуданд. Вазъияти мавҷуд буда боиси ҷамъ шудани контингенти осебпазир, паст шудани иммунитети коллективӣ ва шароит фароҳам овардан барои гардиши вируси сурхча, гулафшон, фалаҷ, гулўзиндонак ва дигар сироятҳо дар давлат мегардад. Таҳлили доимии эпидемиологӣ ва мониторинги фарогирии иммунизатсия эҳтимолияти баланди сар задани хуруҷро бо паст шудани иммунитети коллективӣ аз 80% кам, пешгӯӣ мекунад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иммунизатсияро усули самаранок барои пешгирии бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия пешгиришаванда мешуморад. Вазъияти эпидемиологии ҷаҳонӣ оид ба фалаҷ эҳтиёткории махсусро талаб мекунад. Ба муваффақиятҳо нигоҳ накарда, ноилшудан ба маҳви фалаҷ дар миқёси глобалӣ, ин сироят то ҳол аз маҳв нашудааст. Се давлат (Нигерия, Покистон ва Афғонистон) барои бемории фалаҷ эндемикӣ боқӣ монда, манбаи воридоти вирусҳои ёбоии фалаҷ ба ҳудудҳои аз фалаҷ озод, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар соли 2010 дар саросари ҷаҳон 1292 ҳолати фалаҷи маъюбӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2010 дар Тоҷикистон (457 сироят) хуруҷи калони фалаҷи воридшуда (457 ҳодисаи фалаҷ) ба қайд гирифта шуд. Агар мо иммунизатсияро қатъ кунем ва агар як ҳодисаи воридшавии вирус аз дигар давлатҳо ба ҷумҳурӣ ворид шавад, ин ҳодисаҳо хеле зуд ба даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳодисаҳо мубаддал мегарданд. Кӯдаконе, ки на ҳама ваксинаҳоро гирифтаанд, метавонанд ба бемории ҷиддӣ гирифтор шаванд ва муҳити худро сироят намоянд. Ҳатто шумораи ками кӯдакони иммунизатсиянашуда метавонанд хуруҷро ба вуҷуд оранд. Иммунизатсияи аҳолӣ яке аз чорабиниҳои муваффақтарин ва самараноки тиббӣ-санитарӣ мебошад. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад аз ваксинаҳои наҷотбахш истифода барад.
Ваксинаҳо – доруҳои биологӣ мебошанд, ки масуниятро ба сироятҳои бо воситаи иммунизатсия пешгиришаванда беҳтар мекунанд. Ваксинаҳо дорои бактерияҳо ва вирусҳои кушташуда ё зинда, инчунин ҷузъҳо ва моддаҳои ёрирасон мебошанд, ки устуворӣ ва самаранокии ваксинаҳоро нигоҳ медоранд. Дар вақти ворид кардани ваксина ба бадан, системаи масуният ба истеҳсоли антителаҳои махсус оғоз мекунад ва дар одам иммунитети махсус пайдо мешавад. Ҳамин тариқ, ба бадан воридшуда, ваксинаҳо чунин тағйирёбии системаи масуниятро, ки дар натиҷаи сирояти воқеӣ бо беморӣ ба омал меояд, ба вуҷуд меоранд. Пас аз чунин омодагии бадан, агар сироят ба амал ояд, беморӣ авҷ намегирад ё дар шакли сабук мегузарад. Ваксинаҳо дорои моддаҳои ёрирасон мебошанд, ки вокуниши масуниятро пурзўр мекунанд ва ифлосшавии ваксинаро огоҳ мекунанд. Ин моддаҳо ба миқдори кам мебошанд ва ба саломатии кӯдак хатар надоранд. Масалан, консервантҳо дар бисёр маҳсулоте мавҷуданд, ки мо ҳамарӯза истеъмол мекунем: йогурт, шир дар бастаҳои тетра, шарбатҳо ва ғайра.
Хариди ваксинаҳо дар давлат дар чорчӯбаи Меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тавассути механизмҳои хариди ЮНИСЕФ сурат мегирад. Шуъбаи хариди ЮНИСЕФ тендерҳои байналмилалиро баргузор мекунад, ки дар он танҳо ширкатҳои фармасевтие, ки маҳсулоташон ба стандартҳои байналмилалии GMP мувофиқат мекунанд ва аз расмиёти пешакии тахассусии СУТ гузаштаанд, иштирок карда метавонанд. Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, дорои ҳамон сифате мебошанд, ки дар Аврупо истифода мешаванд. Компонентҳои ваксина бехатар буда, дорои ягон моддаи заҳролуд ё манъшуда нестанд ва дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар давлатҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон, АМА ва ғайра) васеъ истифода мешаванд. Зиёда аз 10 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаҳоро аз истеҳсолкунандагони зерин харидорӣ мекунад: GlaxoSmithKline (Белгия), Sanofi Pasteur (Франсия), Biopharma (Индонезия), Serum Institute (Ҳиндустон), Bharat Biotech International (Ҳиндустон), Bulgarian Drug Agency (Болгария), National Institute of Food and Drug Safety Evaluation (Корея), LG Life Sciences Ltd (Корея), Japan BCG Laboratory (Ҷопон), Bilthoven Biological (Нидерландия).
Дар ҳама сатҳҳои занҷири таъминоти ваксина, аз истеҳсолкунанда то муассисаи тиббӣ ва иммунизатсияшаванда, мониторинги ҳарорати нигоҳдорӣ ва интиқолдиҳӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои сабти ҳарорат мувофиқи тартиби амалиётҳои стандартӣ барои идоракунии самараноки ваксинаҳо ҷиддӣ назорат карда мешавад. Ваксинаҳо ба анборҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар авторефрежераторҳо, контейнерҳо бо яхќуттиҳои кондитсиатсияшуда, ки риояи занҷири хунукитаъминкунандаро дар ҳарорати аз +2 то +8 ° C нигоҳ медорад, оварда мешаванд. Дар ҷойхои нигоҳдории ваксина, аз чумла дар ҳуҷраҳои иммунизатсиякунӣ, тачхизотҳои хунукитаъминкунанда мавчуд аст, ки дар он ҷо нигоҳ доштани режими оптималии ҳарорат рўзе ду маротиба санҷида мешавад. Маълумотҳои баҳисобгирӣ ва бақайдгирӣ бо нишон додани номгў, силсила, санаи истифода, санаи қабул/фиристондан ва нишондиҳандаҳои ҳарорат ба китоби стандартии «Китоби назорати ваксинаҳо, сӯзандоруҳо ва қуттиҳои маҳви бехатар» ворид карда мешаванд.
Барои ваксинатсия кормандони соҳаи тиб, ки дар бораи қоидаҳо ва усулҳои иммунизатсиякунӣ омӯзонида шудаанд ва шаҳодатномаи иммунизатсиякунӣдоранд, иҷозат дода мешавад. Ваксина дар вояи, ба таври қатъӣ мувофиқи дастурҳои истифодабарии ваксинаҳо ворид карда мешавад. Барои риоя кардани стандартҳои бехатари иммунизатсия дар амал, танҳо сӯзандоруҳои махсуси худмаҳвшаванда ва қуттиҳои маҳви бехатар барои партовҳои тиббӣ истифода мешаванд. Зарфҳо, сӯзанҳо, сӯзандоруҳои истифодашуда пас аз иммунизатсия дар қуттиҳои маҳви бехатар (ЌМБ) ҷамъ карда мешаванд, ки баъдан мувофиқи талаботи миллӣ оид ба маҳв кардани партовҳои тиббӣ нобуд карда мешаванд. Ҳангоми ворид кардани якчанд ваксина, ҳар як ваксина бо сӯзандору ва сӯзани алоҳида ба қисмҳои гуногуни бадан ворид карда мешавад.
Тақвими миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин нақшаи иммунизатсияи кӯдакон, наврасон ва калонсолон мебошад, ки риояи он бехатарӣ ва ҳифзи бештарро аз бемориҳои сироятӣ таъмин менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тақвими миллии иммунизатсия бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудааст. Дар тақвими иммунизатсиякунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ваксинаҳои асосие, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар сатҳи байналмилалӣ тавсия шудааст, бо мувофики синну соли кӯдак пешбинӣ шудааст. Мақсади таќвими иммунизатсияи тавсияшуда ҳифзи навзодон ва кӯдакон тавассути ташаккулёбии масунияти онҳо дар давраи навзодӣ пеш аз дучор шудан ба бемориҳои хавфноки ба ҳаёт таҳдидкунанда мебошад. Гирифтани ваксина дар синну соли тавсияшуда, маънои имкониятҳои беҳтарин барои масуният пайдо кардани кӯдак бар зидди бемориҳо мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 11 намуди ваксина бар зидди 12 сирояти бо воситаи иммунизатсия идорашаванда истифода мешавад.
Ҳама ваксинаҳо, ки ба кӯдаки солим ворид карда мешаванд, бехатар мебошанд. Бо вуҷуди ин, иммунизатсия дар амал зиддинишондодҳо дорад, ки онҳоро бояд донист ва ба назар гирифт, то инки кӯдакро аз ҳолатҳои вазнини баъд аз иммунизатсия бавуқуъомада муҳофизат кард.