Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

❗️“Агар духтарам ваксина мегирифт, шояд имрӯз фалаҷ намешуд” Чаро иммунизатсия муҳим аст?

❗️“Агар духтарам ваксина мегирифт, шояд имрӯз фалаҷ намешуд” Чаро иммунизатсия муҳим аст?

Бо вуҷуди корҳои зиёди иттилоотонӣ ва оммафаҳмонӣ, то кунун ҳолатҳое ҳастанд, ки баъзе падару модарон аз иммунизатсияи фарзандон саркашӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ваксинагирӣ барои инсон паёмади ногувор надорад, аммо бемории сироятии аз назорат дур ба пайвандону атрофиён хатарҳои бисёр дорад.

Саид – як сокини ноҳияи Кӯшониён, ки айни ҳол дар Русия зиндагӣ мекунад, аз он афсӯс мехӯрад, ки дар вақташ духтарашро иммунизатсия накард ва оқибат ӯ ба бемории фалаҷ гирифтор шуд.

“Ман гуфтаҳои духтурони деҳаро дар мавриди иммунизатсия ҷиддӣ нагирифтам ва иҷозат надодам, ки духтарчаамро ваксина гузаронанд. Шабе таб кард ва ӯро ба беморхона бурдам. Пас аз ташхис гуфтанд, ки бемори фалаҷ шудааст. Бештар аз як моҳ дар беморхона бистарӣ шуда, табобат гирифт, вале бенатиҷа. Барои як умр маъюб шуд”, – бо алам қисса мекунад Саид.

Ӯ мегӯяд, “табибон сабаби фалаҷ шудани духтарамро иммунизатсия нашудани ӯ гуфтанд”, аз ин забаб, “то имрӯз худамро бахшида наметавонам ва назди фарзандам гунаҳкор ҳис мекунам”.

Саид танҳо нафаре нест, ки ба ваксинагирии фарзандаш мухолифат карда, имрӯз пушаймон шудааст. Метавон садҳо волидайнеро пайдо кард, ки аз ваксинагирии фарзандонашон саркашӣ мекунанд.

Умед Қурбонов, директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии          иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, “ваксинатсия яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб меравад”.

Ба қавли ӯ, тақвими миллии иммунизатсия аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳияву тасдиқ шудааст, ки тибқи он кӯдаконро бар зидди 12 намуд бемории сироятӣ дар чанд марҳила ба иммунизатсия фаро мегирем. Зимнан кӯдакон ва наврасон бо назардошти синну сол ба 5 гурӯҳи мақсаднок ҷудо карда шудаанд: то 12-моҳа, яксола, 16-23-моҳа, 6-сола ва 16-сола.

“Иммунизатсияи кӯдакон аз шуъбаи таваллуд оғоз мешавад. Навзодон бояд тӯли 24 соат бар зидди бемориҳои фалаҷ ва гепатити Б ваксинатсия карда шаванд. Сипас дар давоми аз 3 то 5 рӯз ваксинаи БСЖ бар зидди бемории сил ба кӯдак ворид карда мешавад”, – зикр мекунад Қурбонов.

Ӯ таъкид менамояд, ки баъд аз ин дар моҳу солҳои муайян ваксинаҳои зарурӣ барои пешгирии бемориҳои кабудсулфа, гулӯзиндонак, гемофилияи шакли Б, кузоз, сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон, баногӯшак, сирояти пневмококкӣ ба кӯдакон бо роҳҳои чакондани қатраҳо ба даҳон ва ё тазриқӣ, яъне бо истифода аз сӯзандоруи яккарата ворид карда мешаванд.

Аз инфографика маълумоти бештар пайдо намоед, ки дар кадом синну сол барои пешгирии кадом бемориҳо иммунизатсия кардан лозим аст.

Моҳнисо Саидова, муовини сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар оид ба модару кӯдак мегӯяд, захираи ваксинаҳоро доранд ва он ройгон аст.

“Дар ин хусус ба модарони кӯдакон дуруст мефаҳмонем. “Шиносномаи иммунизатсияи кӯдак” ҳангоми аз таваллудхона рухсат шудани тифли навзод дода мешавад, ки дар он ваксинаҳои гирифтааш қайд мегарданд. Ҳамчунин, ба модарон тавсия медиҳем, ки дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии минтақаи зисташон худро ба қайд гузоранд, то ваксинаҳои ояндаи фарзандонро тибқи Тақвими миллии иммунизатсия сари вақт гиранд”, – меафзояд Саидова.

Умед Қурбонов мегӯяд, муассисаҳои вобаста ба иммунизатсия бо ваксинаҳои зарурӣ таъминанд ва таҳҷизоти зарурӣ барои нигоҳдории ваксинаҳо ҳам фароҳам шудааст. Ба ҷуз ин, мутахассисон пурра аз давраҳои омӯзишӣ гузаштанд.

♦️Чаро баъзе кӯдакон аз иммунизатсия қафо мемонанд?

Умед Қурбонов мегӯяд, сабаби асосии саркашии баъзе волидон аз иммунизатсияи фарзандон сатҳи пасти маърифати тиббии онҳост. Ин нафарон ба овозаҳои бардурӯғ бовар мекунанд, ки гӯё кӯдак пас аз иммунизатсия ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавад. Дар ҳоле, ки баръакс иммунизатсия ба фоидаи кӯдак аст ва ӯро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад.

“Мушкил гоҳе дар деҳот пеш меояд, аз ҷумла дар давраи корҳои саҳроӣ. Сарфи назар аз он, ки кормандони тиб мардумро огоҳ мекунанд, бархе волидон бо баҳонаи машғули кор будани худашон, фарзандонро сари вақт ба бунгоҳҳои тиббӣ ё марказҳои саломатӣ намеоранд”, – мегӯяд Қурбонов.

Музаффар Ғафуров, роҳбари Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар, зикр мекунад, ки бо назардошти дониши тиббии сокинон, “ба кормандони бунгоҳҳои саломатӣ ва табибони оилавӣ дастур медиҳем, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва мафҳуми иммунизатсияро дуруст расонанд”.

“Шояд солҳои пеш як сабаби сарпечӣ аз иммунизатсия хурофот буд, вале ҳоло хеле кам аст. Бубинед, дар давраи КОВИД вақте ҳамаи ташкилоту идораҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО якҷо шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, мардум қариб ҳама ваксина гирифтанд. Ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ҳамон замон ҳам пайдо шуда буд, аммо вақте вазири тандурустӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони ҷомеа ваксина гирифтанд, мардуми оддӣ низ пайравӣ карданд. Имрӯз ҳам бояд барои пурсамар анҷом додани иммунизатсия сарҷамъона корбарӣ намоем”, – таъкид кард Ғафуров.

Умед Қурбонов мегӯяд, ҳамеша тариқи шабакаҳои телевизионӣ, матбуоту радио вобаста ба муҳимияти ваксинатсия суҳбат мекунанд. Ба ғайр аз ин, ҳам намояндагони Маркази иммунопрофилактика ва ҳам кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ гардишҳои хона ба хона гузаронида, бо мардум гуфтугӯ мекунанд ва моҳияти иммунизатсияро мефаҳмонанд.

“Самари ин буд, ки дар қиёс ба солҳои пеш, ин мушкил хеле кам шудааст”, – мегӯяд Қрбонов.

Музаффар Ғафуров таъкид мекунад, ки “фаҳмондадиҳии аҳолӣ барои ҷалби онҳо ба маъракаи иммунизатсия танҳо вазифаи кормандони соҳаи тандурустӣ нест”.

“Бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа, шурӯъ аз раиси маҳалла то омӯзгорон, имом-хатибон, ҳамчунин намояндагони ВАО ва идораҳои давлатию ташкилотҳои ҷамъиятӣ кор баранд. Дар ин сурат мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шавем”, – мегӯяд ӯ.

Агар зарурату аҳамияти иммунизатсия ба аҳолӣ дуруст ва сари вақт ташреҳ дода нашавад, хатари такрори тақдири духтари Саид ҳамеша боқӣ мемонад.

“Ҳар рӯз ба духтарам менигараму дилам реш мешавад, худро пеши ӯ гунаҳкор меҳисобам. Ҳарчанд барои табобаташ аз бемории фалаҷ ҳама корро кардам, ба дармонгоҳҳои кишварҳои гуногун бурдам, аммо дигар фоидае надошт. Агар дар замони кӯдакии фарзандам аз ваксинагирӣ саркашӣ намекардам, шояд духтарам саломат мебуд”, – бо дард мегӯяд Саид.

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Зокир Ҳасан,

Asia-Plus