Иммунизатсия яке аз қадамҳои муҳим дар ҳифзи саломатии кӯдакон ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Ваксинаҳо масуниятро мустаҳкам карда, на танҳо фарзандони шумо, балки атрофиёнатонро низ аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд.
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳим ва муассири пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Чӣ қадаре ки одамон бар зидди сироятҳои муайян иммунизатсия карда шаванд, эҳтимоли пайдоиши хуруљи ин беморињо, эпидемияњо ва дигар намуди бемориҳои хатарнок камтар мегарданд. Ин омил махсусан, барои ҳифзи аҳолии осебпазир, ба монанди кӯдакон, нафарони бо беморињои вазнини норасогии масуният, занони ҳомила ва одамони гирифтори бемориҳои музмин муҳим мебошад. Бо дарки он, ки бидуни сиҳатии комил зиндагӣ ва шароити хуби рӯзгор арзише надорад, инсоният ҳамеша аз пайи дарёфти дармон ба бемориҳои мухталиф қарор мегирад. Ҳамин аст, ки тиб яке аз қадимтарин илми инсонӣ дониста мешавад. Агарчӣ аҳли башар дар масири таърих ба дастовардҳои беназири илмӣ дар ҷаҳони тиб мушарраф гашт, аммо боз ҳам зуҳур намудани бемориҳои мухталифи сироятиву ғайрисироятӣ боиси қурбонии одамони бешумор гардиданд. Таърих гувоҳ аст, ки одамият баҳри ба даст овардани пирӯзӣ дар муқобили маризиҳо ва ё дарёфти роҳу услуби дармон ба дилхоҳ беморӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаву муваффақ ҳам шудааст. Аммо дар баробари дасторвадҳои илмиву амалии ҳосилшуда, боз ҳам зуҳури бемориҳо инсониятро ором намегузошт. Хушбахтона, бо ихтироъ гардидани ваксинањо роҳҳои пешгирии бемориҳои вазнину ниҳоят хатарнок, аз ҷумла тоун, вабо, сил, хуноқ, кузоз, полиомиелит ва ғайра пайдо гардида, билохира онҳо бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда шинохта шуданд.
Ба хотири рушанӣ андохтан ба масъалаи пешгирии бемориҳои бо воситаи иммунизатсия идорашаванда дар байни кӯдакон суҳбате оростем бо директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
– Муҳтарам Файзалӣ Саидзода, нухуст мегуфтед, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони аз 0 то 18-сола бояд чӣ гуна ваксина бигиранд?
– Ташаккур. Бояд гуфт, ки мутобиқи Тақвими миллии иммунизатсия, ки бо фармоиши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кўдакон аз давраи таваллуд то синни 16 солагї ёздањ намуди ваксинањои њаётан муњимро дар чунин вояњо ќабул мекунанд: ҳангоми таваллуд (давоми 24 соат): вояи сифрии ваксинаи даҳонии зидди бемории фалаљ (полиомиелит) (OPV) ва вояи якуми ваксинаи гепатити В-ро, дар синни 3 то 5 рӯзи баъд аз таваллуд ваксинаи зидди бемории силро (BCG), дар синни 2 моҳагӣ вояи якуми ваксинаи пентавалентиро (бар зидди беморињои гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии шакли b, гепатити В) дар якљоягї бо вояњои якуми ваксинаи ОПВ-1, зидди сирояти ротавирусӣ (Рота-1) ва зидди сирояти пневмококкї (ВПК-1), дар 3 моҳагӣ вояњои дуюми ваксинањои пентаваленти-2, ОПВ-2, Рота -2 ва вояи якуми ИПВ1 (бар зидди полиомиелит), дар 4 моҳагӣ вояњои сеюми ваксинањои пентаваленти-3, ОПВ-3 бо вояи дуюми ваксинањои ВПК-2, дар 9 моҳагӣ вояи дуюми ваксинаи ИПВ-2, дар 12 моҳагӣ вояи чоруми ваксинаи ОПВ-4 дар якљоягї бо вояи якуми ваксинаи зидди беморињои сурхча- баногўшак- гулафшон (СБГ-1) ва вояи сеюми ваксинаи ВПК-3, дар 16—23 моҳагӣ ваксинаи АКДС-4, дар 6 солагӣ вояи дуюми СБГ-2 бо АДС ва дар синни 16-солагӣ ваксинаи АДС-м-ро њамчун реваксинатсия кўдакон бояд ќабул кунанд.
-Пӯшида нест, ки дар масъалаи гирифтани ваксина барои кӯдакон махсусан дар байни волидон ҳанӯз ҳам бархе андешаҳои нодуруст вуҷуд доранд, ки гӯё ваксина ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Мегуфтед, ки оё дар ҳақиқат ваксинаҳо бехатаранд ва ҳангоми ваксинагирӣ волидон бояд бештар ба чӣ диққат диҳанд?
– Ҳамаи ваксинаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, дорои сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд, ки он бехатарию самаранокии ҳар як ваксинаро кафолат медиҳад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳар як инсон вокуниши ҷавобии худро ба воридкунии тамоми маводҳои ба организми ў бегонабуда дорад.
Ҳангоми воридкунии ваксинаҳо низ, вобаста аз оне, ки чи ќадар организми одам масунияти љавобии баланд дошта бошад, ҳамон ќадар вокуниши орагнизми ў намоёну шиддатнок мегузарад. Инчунин, ҳангоми гирифтани ваксина бояд пеш аз ҳама волидон ба мавҷудияти аллергия дар фарзандаш, махсусан ба ҷузъҳои ваксина диққат бидиҳанд. Ҳамзамон, волидоне, ки фарзандонашон бемории вазнини норасогии масуният доранд, бояд бо табиб маслиҳат кунанд, то муайян созанд, ки кадом намуди ваксинаҳоро фарзандонашон метавонанд ќабул кунанд. Мехоҳам як нуқтаро қайд созам, ки ҳангоми ҷой доштани бемориҳои шадид ва ё авҷгирии бемориҳои музмин, ваксина гирифтан ба таъхир гузошта мешавад.
– Пас оё ҳангоми бемор будани кӯдак ваксина гирифтани он мумкин аст?
– Дар давраҳои авҷгирии бемориҳои музмин ё ҷой доштани бемориҳои шадид, табиб бояд гузаронидани иммунизатсияро то барќарор шудани саломатии кўдак ба таъхир гузорад. Ин ҳолат метавонад аз 4 то 7 рўзро дар бар гирад, махсусан ҳангоми шамолкашӣ ё зуком, ки бо баландшавии ҳарорати бадани кўдак мегузарад. Дар ҳама ҳолат, пеш аз гузаронидани иммунизатсия волидон бояд аз муоинаи табиби оилавӣ гузаранд ва ҳолати кўдакро барои ќабули ваксинаҳо арзёбӣ намоянд.
-Кӯдакро барои иммунизатсия чӣ гуна бояд омода кард?
– Пеш аз ваксина гирифтан тавсия дода мешавад, ки кӯдак аз муоинаи табиби оилавӣ гузарад, то боварӣ ҳосил шавад, ки кӯдак ягон бемориҳои шадид, аксуламалҳои аллергӣ ва ғайра надорад.
Инчунин, умуман тавсия дода намешавад, ки ба фарзандатон пешакӣ ва бидуни дастури табиби оилавӣ доруворӣ дода шавад. Агар шумо дар бораи вокуниши эҳтимолӣ ба ваксина нигаронӣ дошта бошед, беҳтар аст, ки инро бо табибони худ муҳокима намоед.
Дар баъзе мавридҳо табиби шумо метавонад тавсия диҳад, ки доруҳои зиддиалергитикӣ пас аз иммунизатсия агар лозим бошад, бигирад.
Инчунин, сабти ваксинаҳои худро тафтиш кунед ва ҳама гуна аксуламалҳои қаблиро ба ваксинаҳо бо табиб муҳокима намоед, агар онњо љой дошта бошанд. Тавсияҳои табибро риоя кунед, то кӯдаки худро дар вақти иммунизатсия бехатар ва солим нигоҳ доред.
– Мехостем бифаҳмем, ки кадом ваксинаҳои иловагӣ, ғайр аз ваксинаҳои наќшавӣ мављуданд?
– Ваксинаҳои иловагие мавҷуд ҳастанд, ки онҳоро бидуни иммунизатсияҳои наќшавӣ, ҳангоми ҷой доштани омили хатари сироятшавӣ ба беморӣ, баланд бардоштани масунияти коллективӣ ва таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ истифода мебаранд.
Ҳамин ҷо мехостам ќайд кунам, ки баъзе аз ваксинаҳои иловагӣ алакай дар Таќвими миллии иммунизатсия ворид карда шудаанду онҳоро ҳамчун вояи иловагӣ барои боз ҳам уствор намудани масунияти коллективии аҳолӣ истифода мебаранд. Инҷо ваксинаҳои зидди сурхча-баногўшак-гулафшон, зидди бемории фалаҷ, сирояти пневмококкӣ, гулўзиндонак ва дигар намуди ваксинаҳое мебошанд, ки дар доираи чорабиниҳои иммунизатсионии оммавӣ ба монанди Рўзҳои иммунизатсияи иловагӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, ҳаст ќатори дигари ваксинаҳои иловагие, ки дар Таќвими миллии иммунизатсия ворид нашудаанду бо нишондодҳои эпидемиологӣ ва пешгирии баъзе аз сироятҳо истифода бурда мешаванд, инҳо ваксинаҳои менингококкӣ, зидди зуком, сирояти нави Коронавирус, домана, гепатити А, ҷорӣ ва ѓайраҳо мебошанд.
Воқеан ҳам, ваксинаҳо яке аз кашфиётҳои бузурги илмии њама давру замон ба ҳисоб рафта, барои аз насл ба насл ҳифз намудани аҳолӣ аз бисёр бемориҳои сироятӣ кӯмак мерасонанд. Пас сариваќт гузаронидани иммунизатсияҳои наќшавӣ барои ҳар як фард зарур мебошад.
Дар ҳақиқат, ваксинаҳо барои ҳифзи сиҳатии одамон, махсусан барои муҳофизати саломатии кӯдакон аз ҳар гуна бемориҳо ҳамчун сипари боэътимод ба шумор мераванд.
-Муҳтарам Файзалӣ Саидзода, барои чунин як мусоҳибаи пурмуҳтаво аз шумо сипосгузорем ва ба кору фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонем.
Маркази матбуоти
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон