Дар саросари Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми октябр иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони 10 – 14-сола ҷараён дорад ва то 31-уми октябр давом меёбад.
Ин чорабиниро кормандони тиб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври ройгон мегузаронанд. Духтароне, ки ваксинаро бо ягон сабаб дар мактаб нагирифтанд, иммунизатсияи онҳо дар муассисаҳои тиббии макони истиқомат гузаронида мешавад.
Ваксинагирии саривақтӣ усули бехатари ҳимоя аз вируси папилломаи одам аст. Дар натиҷа пайдоиши якчанд намуди бемориҳо, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон пешгирӣ мешавад.
Дар ин синну сол иммунизатсия самарабахш аст, зеро системаи муҳофизатии бадан, яъне масуният пурқувват шуда, солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад.
Коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Людмила Мосина баргузории ин чорабинии оммавиро барои солимии аҳолӣ муҳим арзёбӣ кард:
“Ваксинаи зидди вируси папилломаи одам аллакай дар 148 кишвари ҷаҳон истифода мешавад ва самарабахшии баланди худро барои пешгирии намудҳои хатари баланди саратонӣ доштаи вируси папилломаи одам, ҳамчунин пешгирии саратони гарданаки бачадон нишон додааст. Ин ваксина барои нигоҳдории саломатии занон хеле муҳим аст. Ва ин дастоварди бузурги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ дар таъмини хариди ваксина ва иммунизатсияи духтарони наврас аст, ки барои аҳолӣ комилан ройгон хоҳад буд”.
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе машғулияти омӯзишию амалии серӯза барои рӯзноманигорон аз саросари кишвар баргузор шуд. Созмондиҳандагони он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буданд. Иштирокдорон на танҳо оид ба иммунизатсия дониши нав гирифтанд, балки дар бораи ваксинаи зидди вируси папилломаи одам – “Гардасил” низ маълумот дастрас намуданд.
“Ин ваксина, ин иммунизатсия бар манфиати саломатии занони тоҷик аст ва барои пешгирӣ аз омосҳое, ки ба зиндагии онҳо зарари хеле зиёд мерасонад, кумак карда метавонад”, – изҳор дошт Моҳсафари Яҳёзод, муҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”.
Маъракаи иттилоотӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷараён дорад. Зимнан 35 рӯзноманигор аз телевизион, радио, сомонаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва нашрияҳои чопӣ зиёда аз 50 мавод дар бораи аҳамияти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам таҳия ва нашр карданд.
“Давраи омӯзишие, ки мо гузаштем, аз чанд лиҳоз ҷолиб буд. Мавзӯъ барои ҷомеаи Тоҷикистон бисёр актуалӣ аст, – мегӯяд Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”. – Чизи дигари ҷолиб барои мо ин буд, ки рӯзноманигорон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Ин барои мо имкон фароҳам овард, ки як шабакаи мубодилаи иттилоотро ташкил кунем. Яъне онҳое, ки дар марказ ҳастанд, бо минтақаҳо маълумотҳои якдигарро мубодила карда метавонанд”.
Мутахассисон таъкид менамоянд, ки иммунизатсияи оммавии духтарон ба ташаккули масунияти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Дар робита Саида Умарзода, саратоншинос, доктори илмҳои тиб мегӯяд:
“Аз тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва рӯзноманигорон, аз тамоми аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин маъракаҳоро дастгирӣ намоянд. Ин баҳри солимгардонии занони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки онҳо барои оилаи худ хамавақт солим бошанд ва хизмати софдилонаю содиқашонро барои Ватан идома диҳанд”.
Кӯшишҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, кормандони тиб ва рӯзноманигорон барои ҳифзи духтарону занон аз намудҳои хатарноки бемории саратон ва таъмини ояндаи солими аҳолии кишвар мусоидат менамояд.

