
Бино ба маълумоти оморӣ аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2025 иммунизатсия бар зидди ВПО (вируси папилломаи одам) ҳаёти занонро дар 148 кишвари ҷаҳон аз саратони гарданаки бачадон ҳифз кардааст. Оид ба иммунизатсия бар зидди ВПО ва бемориии саратони гарданаки бачадон суҳбате доштем бо Рофиева Заррина Ҳамдамовна, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии Донишгоҳи милллии Тоҷикистон.
Қаблан мехостем бидонем, ки саратони гарданаки бачадон чӣ гуна беморӣ аст ва омилҳои асосии ба вуҷуд омадани он кадоманд?
– Саратони гарданаки бачадон омоси бадсифат мебошад, ки он дар қисми поини бачадон пайдо шуда, инкишоф меёбад. Қариб ҳамаи ҳолатҳои саратони гарданаки бачадон дар натиҷаи сироятёбии шахс аз намудҳои хатари баланди саратонидоштаи вируси папилломаи одам ба вуҷуд меояд, ки як мушкилоти асосии саломатии занон маҳсуб меёбад. Ҳамасола бинобар гирифторӣ ба саратони гарданаки бачадон боиси талафоти зиёди занон дар дунё мебошад.
Тибқи маълумоти омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи паҳншавӣ ва дарёфти он дар байни бемориҳои саратонии занон ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Дар даҳсолаи охир тамоюли номусоиди афзоиши зиёди шумораи занони бемор мушоҳида мешавад, бахусус афзоиши беморони то 30-сола дар миёни онҳо нигаронкунанда аст. Ҳамчунин, шаклҳои маъмули ин беморӣ бештар паҳн мегардад.
Аслан саратон аз зумраи касалиҳои табобатнашаванда ба ҳисоб меравад ва шахсони ба ин дард гирифтор шуда бо шунидани номи “саратон” дасту дилашонро аз зиндагӣ мешӯянд, вале… Имрӯз илми тиб хеле пеш рафта, бисёр намудҳои бемориҳои онкологӣ, аз ҷумла саратони гарданаи бачадонро табобат кардан имконпазир гаштааст, албатта ба шарте, ки мариз сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, табобат бигирад.
Барангезандаи асосии саратони гарданаи бачадон сироятҳои HPV (ВПО) мебшанд, ки бо номи вируси папилломаи одам маъмуланд.
Вируси папилломаи одам (ВПО) чист ва чаро омили асосии пайдоиши ин беморӣ ба ҳисоб меравад?
– Вируси папилломаи одам барангезандаест, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми аногенеталӣ (узвҳои берунаи таносули занона ва мардона)-ро сироят намуда, онҳоро иллатнок месозад. Айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 200 намуди вируси папилломаи одам маълум мебошад, ки онҳоро ба намудҳои дорои хатари паст ва баланди саратонӣ гурӯҳбандӣ менамоянд.

Вируси папилломаи одам яке аз вирусҳои маъмултарини сироятӣ мебошад, ки асосан тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тақрибан 99% ҳолатҳои саратони гарданаки бачадон бо сирояти тӯлонӣ ва фаъолшавии намудҳои хавфноки ВПО, пеш аз ҳама серотипҳои 16 ва 18, алоқаманд мебошанд. Вақте ки сироят муддати дароз дар бадан боқӣ мемонад, тағйироти ҳуҷайравӣ ба амал меоянд, ки метавонанд ба пайдоиши ҳолатҳои пешсаратонӣ ва дар ниҳоят саратони гарданаки бачадон оварда расонанд. Аз ҳамин сабаб, ВПО ҳамчун омили асосии пайдоиши ин беморӣ шинохта шуда, ваксинаи зидди ВПО яке аз самараноктарин усулҳои пешгирии саратони гарданаки бачадон ба ҳисоб меравад.
Бонувон бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд ва бо мушоҳида намудани аввалин нишонаҳои беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.
Кадом нишонаҳои аввалин метавонанд занонро водор созанд, ки фавран ба духтур муроҷиат кунанд?
– Муайян кардани бемориҳои онкологӣ кори саҳлу осон нест ва баъзан ҳатто табибон низ дар ташхиси чунин касалиҳо душворӣ мекашанд, вале саратони гарданаи бачадон нишонаҳои махсуси худро дорад. Нишонаҳои саратони гарданаи бачадон инҳоянд:
1. Дард ва хунравӣ. Ҳуҷайраҳои саратонӣ зимни бемории саратони гарданаи бачадон дар девораҳои бачадон афзоиш меёбанд. Ин ҳуҷайраҳо метавонанд хушк шуда кафанд, ана дар ҳамин ҳолат дард ва хунравӣ ба миён меояд.
2. Баромадани табхол. Аксари занону духтарон ба табхол тамоман аҳамият намедиҳанд, вале баромадани табхол ҳам дар узвҳои берунӣ ва ҳам дар узвҳои дарунии зан нишонаи беморист. Дар ҳолати тез-тез пайдо шудани табхол, барои пешгирӣ намудан, бояд ба назди духтури гинеколог, яъне табиби занона рафта, аз ташхис гузаштан лозим аст, зеро ин метавонад нишонаи пайдоиши саратони гарданаи бачадон бошад.
3. Ташарруҳот. Заноне, ки ба саратони гарданаи бачадон гирифтор ҳастанд, хориҷ шудани ташарруҳоти зиёдеро аз маҳбал мушоҳида менамоянд. Ташарруҳот метавонад бе ранг ва ба оби оддӣ монанд бошад. Дар ин ҳолат ҳатман аз ташхиси пурра гузаштан лозим аст. Чаро? Зеро вақте, ки ҳуҷайраҳои саратонӣ дар гарданаи бачадон ба афзоиш шурӯъ мекунанд, вайроншавии дохилии бачадон сар шуда, аз маҳбал ташарруҳоти обмонанд хориҷ мешавад.
4. Камхунӣ. Беҳолу бемадорӣ, ҳиссиёти тез шудани таппиши дил нишонаи камхунӣ мебошад. Маъмулан камхунӣ дар занон бар асари хунравӣ аз маҳбал пайд мешавад, ки яке аз сабабҳои асосиаш маҳз саратони гарданаи бачадон мебошад.
5. Якбора лоғар шудан. Замоне ки зан ба саратони гарданаи бачадон гирифтор мешавад, оҳиста-оҳиста иштиҳояш баста шуда, ба хӯрдани хӯрок майл надорад. Сабабаш дар он аст, ки ғадудҳои саратонӣ ба меъда фишор меоранд. Дар натиҷа иштиҳо гум шуда, зан дар муддати кӯтоҳ вазни худро гум мекунад ва харобу лоғар мешавад. Агар зан якбора вазнашро партофта бошад, пас ҳатман назди табиби занона рафта, аз ташхиси комил гузаштанаш лозим аст, то ба солим будани худ боварӣ ҳосил намояд.
6. Мушкилоти пешобронӣ. Гурдаҳо ва пешобдон бар асари пайдоиши ғадуди саратонӣ поён фаромада метавонанд. Албатта ин ба кори системаи пешоббарории инсон таъсир расонида, ҷараёни хориҷ шудани пешоб торафт душвор мегардад. Аксари бонувоне, ки ба саратони гарданаи бачадон гирифтор шудаанд, аз манъ шудани пешоб ва ё ба пуррагӣ холӣ нашудани пешбдони худ шикоят мекунанд. Ҷамъ ва таҳшин шудани пешоб дар пешобдон боиси афзоиши сироят дар пешобдон гашта, дарди сахтро ба вуҷуд меорад.
Ваксинзанӣ аз сини 9 то 14 сола роҳи хеле муассир барои пешгирии сирояти ВПО- вируси папилломаи одам, саратони гарданаки бачадон ва дигар саратонҳои марбут ба ВПО мебошад. Муоинаи скрининг аз сини 30-солагӣ метавонад бемории гарданаки бачадонро ошкор кунад ва табобати он инчунин метавонад аз саратони гарданаки бачадон пешгирӣ намояд.
Скрининг чист ва чӣ тавр муайян кардан мумкин аст, ки шахс бо папилломавируси одам сироят ёфтааст?
– Зан наметавонад мустақилона гарданаки бачадонро муоина кунад, аз ин рӯ ягона роҳи саривақт ошкор кардани тағйирот дар гарданаки бачадон ин муоинаи мунтазами пешгирикунанда аз ҷониби гинеколог ва скринини саратони гарданаки бачадон – санҷиши РАР (РАР-тест), ё “ситология” ва/ё санҷиши HPV-вируси папиломаи одам (HPV-тест) мебошад, бо фарорасии фаъолияти ҷинсӣ. Санҷиши ВПО ба шумо имкон медиҳад, ки муайян кунед, ки оё шумо ба намудҳои муайяни ВПО сироят кардаед ё не. Натиҷаи мусбӣ барои ВПО маънии онро надорад, ки бемории гарданаки бачадон аллакай инкишоф ёфтааст, ё он 100% хоҳад буд, аммо онро низ истисно намекунад. Натиҷаи мусбии санҷиши ВПО барои фаҳмидани тағйироти ғайримуқаррарӣ/патологӣ, дисплазияи гарданаки бачадон бо истифода аз санҷиши РАР ва/ё муоинаи гинеколог баҳодиҳии минбаъдаро талаб мекунад. Санҷиши РАР як ташхиси ситологии ҳуҷайраҳои гарданаки бачадон мебошад, ки тавассути он ҳуҷайраҳои “атипӣ”-ро муайян карда мешавад. РАР-тест метавонад ҳуҷайраҳои пеш аз саратониро дар гарданаки бачадон муайян кунад, агар ташхиси саривақтӣ ва табобати дуруст ба роҳ монда нашавад, пас ин тағйиротҳо ниҳоят ба саратони гарданаки бачадон мубаддал мешавад.
Ба андешаи шумо, ҳамчун мутахасиси соҳа чаро иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) барои занон ва духтарон аҳамияти муҳим дорад?
– Айни замон кулли кишварҳо ӯҳдадор шудаанд, ки саратони гарданаки бачадонро ҳамчун як мушкили саломатии ҷамъиятӣ барҳам диҳанд. Стратегияи Глобалии ТУТ бартарафкуниро ҳамчун коҳиш додани сатҳи солонаи беморӣ то 4 ё камтар аз он ба 100 000 зан муайян мекунад ва то соли 2030 ба се ҳадаф бояд бирасем, яъне:
· Иммунизатсия бар зидди ВПО барои 90% духтарони то 15 сола;
· Муоинаи босифати 70% занони 35 ва 45 сола;
· Табобати 90% занони гирифтори бемории гарданаки бачадонро ба роҳ монанд.
Тавассути моделсозии математикӣ муайян намуданд, ки ноил шудан ба ин ҳадаф 74 миллион ҳолати нави саратони гарданаки бачадон ва 2 миллион маргро пешгирӣ мекунад.
Илова бар ин, пешгирии захмҳои пеш аз саратони ВПО ва саратони вобаста ба ВПО як ҷузъи асосии Стратеияҳои глобалии бахши тандурустӣ оид ба ВНМО, гепатитҳои вирусӣ ва сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда барои солҳои 2022-2030 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 2025, №408, дар тамоми кишвар аз 1 то 31-уми октябри соли равон маъракаи иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони синни 10-14-сола гузаронида мешавад.
Иммунизатсия бар зидди ВПО усули боэътимод ва самарабахши пешгирии сироятҳое мебошад, ки онҳоро намудҳои хатари баланди саратонидоштаи вирус ба вуҷуд меоранд. Ин усул ба таври назаррас хатари пайдошавии бемориҳои саратонӣ, аз ҷумла саратони гарданаки бачадонро коҳиш медиҳад.
Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво.
Суҳбаторо Фотима Яқубова




