Дар як ҳафтаи маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ҳудуди 80 дарсади духтарони синни 10 – 14-солаи вилояти Хатлон ваксина гирифтанд.
Ба гуфтаи Умед Қурбонов, директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, мувофиқи нақша бояд 207 ҳазору 146 нафар духтарони синну соли мақсаднок ба иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам фаро гирифта шаванд.
“Ба ҳолати 7-уми октябри соли 2025 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 162 ҳазору 703 нафар духтарони синни 10 – 14-сола ё 78,5% ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро қабул карданд. Ҳамаи гурӯҳҳои табибон барои гузаронидани чорабинии иммунизатсионӣ омода шудаанд, бо ваксина ва таҳҷизоти зарурӣ таъминанд, кори худро босифат иҷро карда истодаанд”, – изҳор дошт Умед Қурбонов.

Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода гуфт, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои махсус барои ваксинагузаронӣ омода ва дар ихтиёри табибон вогузор шудааст. Муовинони сарварони муассисаҳо оид ба тарбия вобаста шудаанд, ки ба табибон дар ин маъракаи муҳим кумак расонанд.
Ин маърака тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №408 аз 24 июли соли 2025 “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ ба зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷараён дорад. Он аз 1 октябри соли 2025 оғоз шуда, то 31 октябр давом меёбад. Минбаъд ҳамасола дар асоси Тақвими миллии иммунизатсия ҳар як духтари 10-сола имкони гирифтани ваксинаи зидди ин вирусро хоҳад дошт.

Вируси папилломаи одам чист?
Вируси папилломаи одам (ВПО) барангезандаест, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми аногениталӣ (узвҳои берунаи таносули занона ва мардона)-ро сироят намуда, онҳоро иллатнок месозад. Айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 200 намуди вируси папилломаи одам маълум мебошад, ки онҳоро ба намудҳои дорои хатари паст ва баланди саратонӣ гурӯҳбандӣ менамоянд. ВПО-и дорои хатари паст одатан озахҳои пӯстро ба вуҷуд меорад. ВПО-и дорои хатари баланд боиси пайдошавии бемориҳои саратонӣ, аз ҷумла дар гарданаки бачадон шуда метавонад.
Вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон
Саратони гарданаки бачадон омоси бадсифат мебошад, ки он дар қисми поини бачадон пайдо шуда, инкишоф меёбад. Қариб ҳамаи ҳолатҳои саратони гарданаки бачадон дар натиҷаи сироятёбии шахс аз намудҳои хатари баланди саратонидоштаи вируси папилломаи одам ба вуҷуд меояд.
Ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, саратоншинос Саида Умарзода, соли 2023 дар дунё 640 ҳазор бемори саратони гарданаки бачадон ба қайд гирифта шудааст. Шумораи фавт дар ин давра 311 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки қариб 50% гирифторони ин беморист.
Саида Умарзода афзуд, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 259 нафар занони гирифтори бемории саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ буданд. Паҳншавии ин беморӣ 21,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Агар соли 2020 ҳамагӣ 274 нафар занон бори аввал бо бемории саратони гарданаки бачадон ба қайд гирифта шуда бошанд, пас, ин рақам дар соли 2024 ба 423 нафар расидааст. Аз ин теъдод наздики 30% дар марҳилаи 3 ва 4-и беморӣ дарёфт шудаанд. Танҳо дар соли 2024 дар Тоҷикистон 126 нафар занон аз бемории саратони гарданаки бачадон фавтиданд.

Ба қавли табиби “Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон” Обида Сотиболдиева, соли 2024 дар ин марказ 386 бемори саратони гарданаки бачадон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 127 нафараш бори аввал аст. Мутаассифона, аз ин беморӣ 68 нафар занон фавтидаанд.
Дар 6 соли охир, яъне аз соли 2019 то 2024 дар “Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон” 518 ҳолати фавти занон аз бемории саратони гарданаки бачадон ба қайд гирифта шудааст.
Аҳамияти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам
Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам усули безарар ва самарабахши муҳофизат аз сироятёбӣ ба вирусест, ки оқибати он метавонад ба якчанд намуди бемориҳо, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон оварда расонад. Иммунизатсия системаи муҳофизатии бадан, яъне масуниятро мустаҳкам мекунад ва ба организм кумак мерасонад, ки бар зидди вируси папилломаи одам муқовимат карда, пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ намояд.
Ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар барномаҳои иммунопрофилактикаи 148 мамлакати дунё, аз ҷумла ИМА, Канада, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҳамчунин давлатҳои исломии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Туркия, Баҳрайн, Индонезия ва Малайзия ворид карда шудааст.
Саида Умарзода, доктори илмҳои тиб мегӯяд: “Бо роҳи иммунизатсия мо метавонем гирифторшавии духтарону занонро ба омоси бадсифати гарданаки бачадон пешгирӣ кунем. Ба хотири ояндаи фарзандон мо бояд ҳатман духтаронамонро ваксинатсия кунем”.

Гулбаҳор Зарифова, директори “Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон” иброз дошт, ки мувофиқи оморҳои байналмилалӣ, иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам то 85-90% бемории саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ карда метавонад.
“Мо аз занон хоҳиш мекунем, ки дар як сол ду маротиба аз ташхиси тиббии занона гузаранд, хусусан ташхиси гарданаки бачадон. Агар мо чунин бемориҳоро дар марҳилаҳои аввал дарёфт кунему ба табобат фаро гирем, беҳтар аст. Бемории саратони гарданаки бачадон дар марҳилаи 3 ва 4 муолиҷаи пурмашаққату пурхароҷот дорад ва метавон гуфт, ки табобатнашаванда аст. Бинобар ин, бояд духтаронро аз иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам гузаронем”, – таъкид кард Гулбаҳор Зарифова.
Муаллиф: Сайраҳмон Назриев

