А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222
СУРХЧА, БАНОГЎШАК ВА ГУЛАФШОН

Ин бемориҳо чӣ гуна хатарноканд?

Сурхча, баногӯшак (бо забони мардумӣ «ғургӯшак») ва гулафшон ба як гурӯҳи бемориҳои шадиди вирусӣ мансубанд, ки тавассути ҳавоӣ-қатрагӣ интиқол дода мешаванд.
Бемориҳои сурхча ва гулафшон ҳатто дар масофаи дур интиқол дода мешавад ва шарт нест, шахси бемор дар наздикӣ атсазанад, ҳузури ӯ дар ҳуҷраи дигар кофист, ки вирус тавассути системаи вентилятсионӣ ворид шавад. Дар ҳолати баногӯшак, вақте ки кӯдак изолятсия карда мешавад, вирус аз ҳучра берун намеравад.

СУРХЧА

Сурхча - ин бемории шадиди вирусӣ мебошад, ки аслан бо баландшавии ҳарорат, ҳолати умумии вазнин, сулфазанӣ, рафтани оби бинӣ, конъюнктивит ва доначаҳо ҳамроҳӣ мешавад. Ҳар як шахс, новобаста аз синну сол, агар ваксина нагирифта бошад, метавонад ба бемории сурхча гирифтор шавад. Агар кӯдак бо шахси бемор дар тамос бошад ва ваксина нагирифта бошад, пас эҳтимолияти интиқоли вирус 95-96% аст. Хусусияти асосии бемории сурхча пайдо шудани доначаҳо дар бадан аст. Доначаҳо аввал дар болои бадан (рӯ, гардан) пайдо мешаванд, танҳо баъд ба дасту пой ва дигар қисмҳои бадан мегузаранд.
Дар ҳолати пайдо шудани доначаҳо, пеш аз ҳама бояд аллергияро инкор (исключить) кард. Шояд шумо ягон ғизо ё маводи дорувории нав ворид кардед, ки ба ин ғизо ё маводи доруворӣ аксуламал нишон дод. Барои ташхиси дақиқ шумо бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.
Ба оризаҳое, ки сурхча оварда метавонад - отити миёна, пневмония (пневмония), осеби хун, рагкашӣ, илтиҳоби мағзи сар (менингит, энцефалит, нобиноӣ, дарунравӣ) мебошанд.

БАНОГЎШАК

Баногӯшаки эпидемикӣ («ғургӯшак») ба ғадудҳои обии назди гӯшҳо ва зери манањ таъсир мерасонад. Аз таъсири сироят онҳо варам мекунанд ва рӯй гирд мешавад.
Ин беморӣ бо ҳарорати баланд хос нест, бинобар варам кардани ғадудҳои оби даҳон, хоидан ва фурӯ бурдан барои кӯдак душвор мегардад.
Дар гурӯҳи осебпазир - писарон - наврасон ва мардон, сироят ба тухмҳо (орхит) таъсир мерасонад, ки сабаби 30% ҳолатҳои безурётии мардон мегардад. Дар духтарон метавонанд илтиҳоби тухмдонҳо (оофорит) инкишоф ёбад, ки дар 5% боиси безурётӣ мегардад.

ГУЛАФШОН

Гулафшон, бар хилофи сурхча, дар кӯдакон дар шакли сабук мегузарад. Пас аз давраи инкубатсионї (аз 10 то 20 рӯз) беморӣ бо табларзаи баланд, дарди сар ва пайдо шудани доначањо зоҳир мегардад.
Хусусияти гулафшон варамшавии бофтањои лимфатикии мебошад, ки аксар вақт дар пушти сар ва пушти гӯшҳо ҷойгиранд.
Одатан ин беморӣ дар кӯдакон бе оқибат мегузарад, танҳо дар ҳолатҳои кам (1 дар 1000) илтиҳоби майна (энцефалит) инкишоф меёбад, дар калонсолон метавонад артрит ва артралгияроба вуҷуд орад. Бо вуҷуди он ки гулафшон барои организми кӯдак хатарнок нест, вай метавонад ба калонсолон зарар расонад.
Занони ҳомиладор бояд ба ин беморӣ махсусан љиддї рафтор кунанд. Он метавонад боиси бачапартоӣ гардад ва ё ба нобиноӣ, каршавӣ ва бемории дили модарзодї оварда расонад