А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222
БЕМОРИҲО

Дифтерия

Дифтерия - острое инфекционное заболевание, которое вызывается дифтерийной палочкой. Передается в основном воздушно - капельным путем при чихании и кашле. Источником заражения является больной человек и бактерионоситель. Чаще всего дифтерия протекает в виде острого воспаления верхних дыхательных путей, преимущественно глотки. Реже возникает дифтерия носа, глаз, уха, кожи в местах ее повреждения, половых органов. Инкубационный период составляет от 2 до 10 дней.

Симптомы:
  • Повышение температуры до 38°С-39°С
  • Боли в горле
  • Покраснение и отек миндалин
  • Налет на миндалинах. Иногда распространяется на нёбные дужки, мягкое нёбо, боковые стенки глотки, гортань. Налет трудно снимается шпателем, при попытке снятия налета, поверхность кровоточит
  • Увеличение шейных лимфоузлов
  • Отек мягких тканей шеи

Серьезную угрозу для детей представляет дифтерия гортани и дыхательных путей (дифтерийный круп). Температура повышается до 40°С, появляется грубый, лающий кашель. Через 2-3 суток кашель и голос становятся глухими, затем беззвучными. Из-за отека и сужения гортани затрудняется дыхание и может наступить асфиксия. Если вовремя не ввести дифтерийную сыворотку, ребенок может умереть от дыхательной недостаточности.
Дифтерийная палочка вырабатывает токсин, который попадая в организм вызывает тяжелые осложнения: поражение сердечной мышцы (миокардит), поражение нервов (полиневрит), параличи конечностей, дыхательных мышц и диафрагмы. Вакцина: Пентавалента , АКДС , АДС , АДСМ

Гемофильная инфекция (Hib-инфекция)

Гемофильная инфекция (Hib-инфекция) - эта группа опасных инфекционных заболеваний, которые вызываются гемофильной палочкой типа b. Передается воздушно-капельным путем. Гемофильная инфекция характеризуется преимущественным поражением органов дыхания, центральной нервной системы и развитием гнойных очагов в различных органах:
Гнойный менингит (воспаление мозговых оболочек)
Пневмония (воспаление легких)
Эпиглотит (воспаление надгортанника)
Отит (воспаление среднего уха)
Артрит (воспаление суставов)
Остеомиелит (воспаление костей)
Целлюлит (воспаление подкожной клетчатки)
Сепсис (заражение крови)
Заболевание у детей развивается бурно, молниеносно, а менингит, эпиглотит и сепсис могут привести к смертельному исходу.
Вакцина: Hib (в составе Пентаваленты)

СИРОЯТИ РОТАВИРУСӢ

Сирояти ротавирусї – ин бемории шадиди рўда буда сабабгораш ротавирусњо мебошанд. Сирояти ротавирусї бемории тезпањншаванда махсусан дар байни кўдакони хурдсол ба њисоб рафта, аксар вақт сабаби асосии фавти кӯдакони хурдсол мегардад. Дар саросари ҷаҳон, ротавирусҳо сабаби асосии дарунравии шадид дар кӯдакони то 5-сола мебошанд, ки боиси талафёбии оби бадан мегардад.
Барангезандаи беморӣ:
Навъи ротавирус, ки ба оилаи Reoviridae тааллуқ дорад.
Роҳи гузариш: Ротавирус бо роњњои фазлавї-дањонї интиќол меёбад.
Аломатњо ва нишонаҳои сирояти ротавирусӣ кадомҳоянд?
Аломатњои клиникии сироятҳои ротавирусӣ гуногунанд - аз дарунравии гузарандаи сабук то гастроэнтеритҳои вазнин, ки ба талафёбии оби бадан оварда мерасонад. Вайроншавии мувозинати обї-электролитї, садма ва ҳатто фавт иборат аст. Пас аз давраи инкубатсионии 1-3 рӯз, бемории шадид, ки бо табларза ва қайкунӣ љараён меёбад, баъдан диареяи обакї (профузная водянистая диарея) оғоз меёбад. Одатан аломатњо аз тарафи рўдаю меъда пас аз 3-7 рўз нопадид мешаванд, аммо метавонанд то 2 – 3 њафта боќї монанд. Дар аксари беморон пурра шифоёбї ба вуљуд меояд.
Табобати мушаххаси зиддивирусӣ вуҷуд надорад.

Бемории фалаҷ (фалаҷи кўдакона)

Фалаљ – бемории шадиди сироятї буда, барангезандаи он яке аз намудњои 3 – серотипи вируси фалаљ ба њисоб меравад (намуди 1,2 ё 3). Инчунин онњо вируси ёбоии фалаљ (ВЁФ) номида мешаванд, чунки онњо дар табиат гардиш дошта ва ќобилияти сирояткунии одамонро доранд. Бемории Гейне-Медин буда, ба ў осебхўрии моддаи хокистаранги њароммаѓз, пайдоиши фалаљи канора ва булбарї хос мебошад. Он ба системаи асаб таъсир мерасонад ва боиси инкишофи парез ва фалаҷ мегардад.
Вируси фалаљ аз қатори энтеровирусҳои одамӣ буда, ба оилаи Picornaviridea тааллуқ дорад. Вируси фалаҷ хосияти баланди сироятнокӣ (ё тезгузаранда) дорад. Он бо роњњои фазлавї-дањонї (фекально-оральный) пањн мешавад. Дар минтаќањое, ки наонќадар шароити санитарии хуб доранд, аксари ваќт онњо ба воситаи дањон дар ваќти хўрок хўрдан ё об нўшидан, ки онњо бо наљосат ифлос шудаанд, дохил мешаванд. Ба ин беморӣ бештар кӯдакони то 5 сола осебпазир мебошанд.
Аломатњо ва нишонаҳои фалаҷ кадомҳоянд?
Аломатҳои саршавии беморї ба нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (БШРН) монанданд:
- табларза,
- хастагӣ, сустӣ,
 - дарди сар ва дарди гулў.
- ќайкунї,
- дарунравӣ,
- дардмандӣ дар қисми шикам,
- карахтшавии мушакњои пушти сар,
- сустї ва маҳдудшавии ҳаракати мушакҳои дасту пойҳо пайдо мешаванд.
Пас аз гузаронидани бемории фалаҷ дар кӯдакон вайроншавии ќобилияти мушакњо, шакл дигаргункунї (деформация) ва сустшавии дасту пойҳо, каҷшавии сутунмӯҳра ба амал меояд, ки боиси маъюбии якумра мешавад. Дар ҳолатҳои вазнин фалаҷи мушакҳои нафаскашӣ ба амал меояд, ки боиси марг мегардад.
Барои фалаљ табобати мушаххас вуҷуд нест, онро танҳо бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.

БЕМОРИҲОИ ПНЕВМОКОККӢ.

Бемориҳои пневмококкӣ - ин аз гурӯҳи бемориҳоест, ки барангезандаашон Streptococcus pneumoniae (пневмококк) мебошанд. Бемориҳое, ки сабабгорашон сирояти пневмококкҳо мебошанд, инҳоянд;
- Бемориҳои шадиди роҳҳои болоии нафаскашӣ,
- Пневмония ( илтиҳоби шуш),
- Менингит (илтиҳоби пардаи майнаи сар)
- Бактериемия (мавҷудияти бактерияҳо дар хун),
- Эндокардит (илтиҳоби қабати дарунии дил),
- Артрит (илтиҳоби буғумҳо),
- Беморињои сабуктар ба монанди отити гуши миёна (илтињоби ќисми миёнаи гӯш) синусит ва брохит.
Роҳҳои гузариши сирояти пневмококкӣ:
Пневмококкҳо тавсути тамоси бевоиста бо ихроҷҳо аз роҳҳои нафаси шахси бемор ва ҳомилони солими дорои пневмококк буда (дар луобпардаи бинии ҳалқум) мегузаранд.
Кӯдакони то 5 сола, махсусан то 2- сола, хатари бештари гирифторшавӣ ба бемории пневмококкӣ ва фавт аз ин сироятро доранд.
Аломатҳо ва нишонаҳои сирояти пневмококкӣ кадомҳоянд?
Табларза, хунуксармо ва ихтилоҷ метавонад дар ҳамагуна намудҳои сирояти пневмоккокӣ мушоҳида карда шавад. Азбаски пневмококк метавонад ба қисмҳои гуногуни организми инсон таъсир расонад, аломатҳо ва нишонаҳо вобаста ба ҷои сироятёфта аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар кӯдакон ҳангоми пневмония метавонад сулфа, нафаскашии зуд-зуд ва кашидани байни қабурғавӣ (втяжения межреберных промежутков) пайдо шавад.
Табобати бемориҳои пневмококкӣ: Сирояти пневмококкї ба воситаи антибиотикњо ба монанди амоксисиллин табобат карда мешавад. Якчанд антибиотикњои васеъистифодашаванда дар баъзе минтаќањо самаранок нестанд, ки он бо инкишофи устувории пневмококк нисбат ба онњо вобастагї дорад.
Чӣ тавр сирояти пневмококкиро метавон пешгирӣ намуд?
Сирояти пневмококиро метавон бо истифода аз ваксинњо пешгирї намуд.
Бењтар намудани шароити зиндагї (мисол: паст намудани зичии ањолї ва ифлосшавии њавои дохили бино) ва бењтар намудани ѓизо хатари пайдоиши беморї ва фавтро паст мекунад, вале онњо нисбат ба иммунизатсия кам самаранок мебошанд.

БАНОГӮШАК

БАНОГӮШАК – ин бемории сироятї буда, аз љониби вирус ба вуљуд меояд. Баногӯшак бо воситаи њаво-ќатрагї њангоми сулфазанї, атсазанї ва инчунин дар тамоси наздики физикӣ бо шахси сироятшуда паҳн мешавад. Давраи инкубатсионӣ аз 11 то 23 рӯзро дар бар мегирад. Беморї метавонад дар давоми шаш рӯз пеш аз сироятёбии ѓадудњои обии дањон ва дар давоми нӯњ рўзи баъди он дигаронро сироят кунад. Баногўшак дар саросари љањон пањн шуда, њамчун паротити сироятї маълум аст, зеро он аксари ваќт ба ѓадудњои обии назди гушњо (слюнные железы) таъсир мерасонад. Агар вирус ба тухмњо (дар мардњо) таъсир расонад пас ин бемориро баногушаки орхитї меноманд. Аксари ваќт ба кўдакони синни аз панљ то нӯњсола таъсир мерасонад. Инчунин вируси баногушак метавонад дар байни калонсолон низ мушоҳида шавад, дар ин њолат оризањо хеле љиддї мебошанд.
Аломатњо ва нишонањои беморї:
- баландшавии њарорати бадан то 38-40 º С;
- зањролудшавии бадан;
- бењолї; - дарди мушакњо ва буѓумњо);
- калоншавии ѓадудњои назди гўш (аввал як гўш, баъдан гузариш ба гўши дигар) баъзан калоншавии ѓадудњои назди љоѓ.
Оризањо:
Ориањои баногӯшак метавонанд хеле љиддї бошанд. Дар мардњо ё писарони наврас паротити орхитї метавонад ба безурриётї оварда расонад. Энсефалит (илтињоби маѓзи сар), менингит (илтињоби пардаи маѓзи сар ва њароммаѓз) ва гум кардани шунавоии гўшњо оризањои хеле кам мебошанд, ки ҳангоми паротит дар њамагуна синну сол пайдо мешаванд.
Табобати махсуси бемории баногӯшак вуљуд надорад. Аз баски сабаби пайдоиши он вирус мебошад, табобат ин беморї бо антибиотикњо самаранок нест. Барои сабук намудани аломатњо табобати дастгирикунанда бо маќсади паст намудани шиддатнокии аломатњо гузаронида мешавад.
Пешгирї:
Гузаронидани иммунизатсияи бо ваксинаи зидди беморињои сурхча, баногўшак ва гулафшон (СБГ).
Усули асосии пешгирии бемории – ин гузаронидани иммунизатсия мебошад. Барои коркард кардани муњофизати дарозмуддат ворид намудани ду вояи ваксинањои дорои љузъи баногӯшакдошта (СБГ) лозим аст. Аз рўи таќвими миллии иммунизатсия њар як кўдак бояд ду вояи ваксинаи зидди ин бемориро дар синни 12 моњагї ва 6 солагї ќабул кунад. Шахсоне, ки бемории баногушакро гузаронидаанд, масунияти якумра бар зидди ин вирус пайдо мекунанд.

КУЗОЗ

КУЗОЗ – ин бемории шадиди сироятшаванда буда, ба ӯ иллатнок намудани системаи асаб, хуруҷи ларзиши мушакҳои рӯй, дасту пой, ларзиши беихтиёронаи мушакҳои бадан ва оқибати фалаҷшавии мушакҳои нафаскашӣ хос аст. Барангезандааш бактерияи Clostridium tetani мебошад. Барангезандаи беморї дар хок (замин) буда бо воситаи захмњои кушода, луобпардањо (захмњои чуќур, љои бурида, сўхтагї, сармохўрї ва ѓ.). Ҳангоми ворид шудан ба захм, бактерияи кузоз токсин њосил мекунад, ки ин яке аз заҳрҳои пурқуввате, мебошад, ба системаи асаб таъсир мерасонад. Токсин бактерияро хориљ намуда, беморињои вазнини кашиш ва дарди мушакњоро ба вуљуд меорад, ки метавонад ба марг оварда расонад. Бештар кӯдакони аз 3 то 7 сола бемор мешаванд. Дар ин синну сол онҳо махсусан серҳаракат буда, бисёртар ба гирифтани ҷароҳатҳои гуногун, зарб ва захмњо дучор мешаванд. Фавт аз кузоз дар байни навзодон 100% аст.
Аломатҳо ва нишонаҳои кузоз кадомҳоянд?:
- Дардҳои кунди давомнок дар гирди захм, ҳатто агар захм шифо ёфта бошад,
- Шиддатнокии мушакњои љоѓ (часпидан – мањкам шудани љоѓ), ки кушодани даҳонро душвор мегардонад,
- "Табассуми сардонӣ" (сардоническая улыбка): абрувон баланд мешавад, лабҳо муташанниҷ ва ба њарсу дароз мешаванд, кунҷҳои даҳон поин мешаванд,
- Дисфагия (фурӯбарии душвор ва дарднок) аз сабаби ихтилољи мушакҳои ҳалқ,
- Дарди шиддатноки мушакҳо дар бадан – опистотонус: бемор дар бистар ба монанди ќавс ќатъ гардадида, танҳо ба пошна ва пушти сар такя мекунад. Дар њолати ба пушт будани бемор сари он ба ќафо хам шуда, қисми камари бадан тавре бардошта мешавад, ки байни пушт ва бистар дастро даровардан мумкин аст.
Усулњои самараноки пешгирии кузоз ин ваксинатсия мебошад. Дар Љумњурии Тољикистон ваксинаи пентавалентї, ки таркиби он аз ваксинаи АКДС, ваксинаи зидди гепатити В (геп В) ва ваксинаи зидди сирояти гемофилии типи b (Hib) иборат аст, ваксинаи зидди гулўзиндонак дар якљоягї бо ваксинаи кузоз ва кабутсулфа (АКДС), инчунин АДС-ваксинаи зидди гулўзиндонак дар якљоягї бо кузоз, гузаронида мешаванд.

ГУЛАФШОН

ГУЛАФШОН – ин бемории шадиди вирусї буда, аз ќабилаи Рубивирусҳо ва ба оилаи Тагавирдае тааллуќ дорад. Гулафшон ба воситаи њавої-ќатрагї њангоми сулфа ва атса задании шахси сироятёфта, паҳн мешавад. Одатан кўдакони синнашон 2-10 сола ва калонсолон ба он гирифтор мешаванд. Беморӣ махсусан ҳангоми пайдо шудани доначаҳо сирояткунанда мебошад, аммо метавонад 7 рӯз пеш аз пайдо шудани доначаҳои сурх сироят кунад. Давраи инкубатсионӣ беморӣ аз 11 то 24 рӯз аст. Дар кӯдакон, гулафшон одатан сабук мегазарад, аммо баъзан оризаҳои ба монанди тонзиллит, илтиҳоби гӯши миёна, фарингит ва/ ё ларингит метавонад пайдо шаванд.
Нишонаҳои клиниқӣ:
- баландшавии њарорати бадан (<39 ° C);
- ќайкунӣ;
- варамкунии гиреҳҳои лимфатикии паси гӯш ва гардан (ин яке аз аломати клиникии хос ба гулафшон мебошад);
- доначањои сурхе, ки пас аз 7-10 рўзи беморшавї ба назар мерасанд, яку якбора дар рӯй, гардан пайдо мешавад, баъдан, дар мўњлати кўтоњ ба ќисим поёни бадан мефароянд. Ин доначањои макулопапулёзии сурх буда, баландтар аз сатњи пӯст ва нисбат ба доначањои сурхча сустар мебошанд. Доначањо таќрибан аз як то се рўз меистанд. Тадќиќотњо нишон доданд, ки дар 20-50%-и њодисањои беморї бе пайдоиши доначањо мегузарад.
Дар шахсони калонсоли сироятёфта, одатан дар занон, метавонанд артритро бо дарди буғумҳо инкишоф ёбанд, ки он низ 3-10 рӯз давом мекунад. Пас аз сироятёбї, вирус дар бадани инсон давоми 5-7 рӯз паҳн мешавад. Ин беморї барои занњои њомила дар моњњои аввали њомиладорї хеле хатарнок ба њисоб меравад, чунки он метавонад нуқсҳои ҷиддии модарзодиро ба вуќуъ орад. Беморӣ метавонад боиси бачапартоӣ, марги ҳомила ё нуқсонҳои модарзодии кӯдакон гардад: нуқсонҳои дил, ношуновоӣ, нобиноӣ/катарактаҳо, осеби системаи асаб, ақибмонӣ дар рушди психомотории кӯдак. Чунин њолатњоро Алоими гулафшони модарзодї меноманд.
Табобати махсуси зиддивирусии гулафшон вуљуд надорад. Барои сусткунии аломатҳо табобати дастгирикунанда гузаронида мешавад.
Пешгирї (профилактика):
Усули асосии пешгирии бемории гулафшон – ин иммунизатсия мебошад.
            Аз рўи Таќвими миллии иммунизатсия њар як кўдак бояд ду вояи ваксинаи зидди ин бемориро дар синни 12 моњагї ва шаш солагї ќабул кунад. Ваксинаи зидди беморињои СБГ:

СУРХЧА

СУРХЧА – бемории сироятии тезпањншаванда буда, онро вирус ба вуљуд меорад. Барангезандаи бемории сурхча аз қабилаи Morbilivirus буда, ба оилаи Paramixovirus тааллуқ дорад.
Роҳи гузариш: Паҳншавии сироят тавассути њавогї - қатраӣ ҳангоми сулфа, атса задан мегузарад аз шахси бемор ба шахси солим. Сироятёбӣ ба сурхча ниҳоят баланд мебошад (сироятнокӣ 96-98%). Њам кўдакон ва њам калонсолон метавонанд ба бемории сурхча гирифтор шаванд. Шахси бемор метавонад аз лаҳзаи пайдо шудани аломатҳои беморӣ то пайдо шудани доначањо дигаронро сироят кунад. Давраи инкубатсионӣ аз 7 то 14 рӯзро дар бар мегирад. Беморӣ бо аломатњои шамолхӯрӣ ва бемории шадиди роҳҳои нафас (БШРН) оғоз меёбад: ба монанди бењолї, бемадорӣ, дарди сар, рафтани оби бинӣ (насморк), сулфаи хушк, баландшавии њарорати бадан то 38° C - 40° C, варамии пилкҳои чашм ва сурхшавии онҳо (конъюктивить), рушноитарсӣ, пайдошавии доначањои сурх. Доначањо аввал дар рӯй, гардан ва паси гушҳо пайдо шуда баъд ба тамоми бадан паҳн мешавад. Дар давраи баровардани доначаҳои сурх максималӣ ҳарорати бадан метавонад то 40 ° C баланд равад.
Оризаҳо: Бемории сурхча бо оризаҳо хатарнок мебошад. дар вақти беморӣ оризаҳо метавонанд бо кори системаи марказии асаб, системаи нафаскашӣ ва роҳҳои меъдаву рӯда вобастагӣ додшта бошад, дар байни онҳо: пневмонияи бактериявӣ, энсефалит, нобиноӣ, ношунавӣ, шакамравӣ. Дар њолатњои вазнини беморӣ эњтимолияти ба фавт вуљуд дорад, зеро, ки нишондоди фавт аз бемории сурхча аз ҳама бештар байни кӯдакони синнашон то 12 моҳа мебошад.

КАБУДСУЛФА

КАБУДСУЛФА - ё «сулфаи аккосӣ (лающий кашель)» бемории шадиди сироятшаванда буда, ба ў осеб додани роњњои болоии системаи нафаскашї, хуруљи сулфаи давомнокии ихтилољї хос аст. Сулфа ба як тарзи хосе зоҳир мешавад, ки дар ягон намуди зуком дида намешавад, бинобар ин онро ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст.
Барангезандаи кабудсулфа бактерияи Bordetella pertussis мебошад. Бактерияи кабудсулфа дар дањон ва њалќ љойгир шуда боиси осебёбии роҳҳои болои системаи нафаскашӣ, сулфаи давомноки ихтилоҷӣ мегардад.
Азбаски ин беморї тезпањншаванда аст, махсусан ба тифлони иммунизатсия нашуда таъсир мерасонад.
Бактерияҳо тавассути њавоӣ - ќатрагї ҳангоми атсазанӣ, сулфазанӣ ва гап задан аз шахси сироятшуда ба шахси солим мегузарад. Кабудсулфа махсусан барои кӯдакони то 1 сола хатарнок аст.
Аломатњои саршавии беморї ба аломатњои беморињои шадиди роњи нафас монанд аст (БШРН):
- табларза,
- рафтани оби бинї
- сулфазанӣ.
Таќрибан пас аз 7-10 рўз сулфа шиддит ёфта, хислати сулфаи пайдарњами ихтилољї дар гулў сар мешавад. Пайдарњамии сулфа метавонад бо қайкунӣ, сурхшавї ва кабудшавии рӯй пайгирї шавад. Дар давоми рӯз метавонад то 20 - 30 маротиба ављ гирад.
Дар кӯдакони навзод кабудсулфа зуд ба амал меояд ва пас аз сулфаҳои тӯлонӣ нафастангї метавонад ба амал ояд. Аз њама бештар оќибатњои вазнини кабудсулфа ин илтињоби шуш (пневмония), варамии пардаи шуш ва гулўзиндонаки бардурўѓ (ложный круп) мебошанд.
Шакли вазнини кабудсулфа метавонад ба гипоксияи тӯлонӣ, вайроншавии таъминоти хун ба бофтаҳои майна ва дил оварда расонад.

ИПВ

ИПВ - ваксинаи ѓайрифаъолкардашудаи моеъ буда, маводи устуворшудаи вирусҳои ғайрифаъолшудаи фалаљи шаклњои Сабин 1, 2 ва 3 мебошад ва аз ҳар се намуди вируси фалаҷ (1-2-3) муҳофтзат мекунад. Барои беморони гирифтори норасоии масунияти бадан якум ва дуюмдараҷа, истифодаи ваксинаи муккамали ғайрифаъолкардашудаи фалаљ (ИПВ) тавсия дода мешавад. То моњи июли соли 2022 иммунизатсия бо ваксинаи зидди ИПВ дар сини 4-моҳагї як маротиба гузаронида мешавад. Пас аз ҷорӣ кардани ваксинаи пневмококкї, иммунизатсияи бо ваксинаи ИПВ аз сини 4 ба сини 3-моҳагї ва аз моњи июли соли 2022 дар сини 9-моњагї вояи дуюми ваксинаи ИПВ гузаронида мешаванд.
Љои гузаронидан ва воя ваксинаи: Ба кӯдакони сини то 1-сола. Ваксина дар ќисми болоии паҳлӯи мушаки рони пойи кӯдак ба миқдори 0,5 мл. ворид карда мешавад.
Зиддинишондод: Ҳассосияти баланд ба неомитсин, полимиксин ё дигар ҷузъҳои ваксина.
Аксуламал:
Одатан: аксуламалҳои умумии сабук - бењолї, сустӣ, набудани иштиҳо.
Аксуламалњои кам вохўранда: аксуламалҳои аллергикӣ ба яке аз ҷузъҳои ваксина.
Таркиб: Як вояи ваксина компонентҳои зерини фаъолро дар бар мегирад:
• Полиовируси ғайрифаъолкардашудаи намуди 1 (Mahoney) 40 D воҳидҳои антигенӣ
• Полиовируси ғайрифаъолкардашудаи намуди 2 (MEF1) 8 D воҳидҳои антигенӣ
• Полиовируси ғайрифаъолкардашудаи намуди 3 (Saukett) 32 D воҳидҳои антигенӣ.
Шакли барориш: Зарфњои 1, 5 ва 10 вояга.

ГУЛӮЗИНДОНАК

ГУЛӮЗИНДОНАК – бемории шадиди хатарноки сироятшаванда буда, ба ў газзаки гулў ва роњњои нафаскашї бо пайдо шудани пардаи зардобдор, зањролудшавии бадан, хос аст. Барангезандаи ин беморӣ – Corinebacteium difteriae-ҳои гулӯзиндонак мебошад, ки токсини барои организми одам зарароварро хориљ мекунанд.
Гулўзиндонак бо роњи алоќаи зич ва воситаи њавої - ќатрагї њангоми атсазанї ва сулфа аз одам ба одам ва инчунин бо асбобҳои рӯзѓори сироятёфта (бозичаҳои мулоим) мегузарад. Аксар вақт гулўзиндонак дар шакли илтиҳоби шадиди роҳҳои болоии нафас, асосан гулў ба амал меояд. Гулўзиндонаки бинї, чашм, гўш, пўст дар љойњои зарардида, дар узвњои таносул кам ба вуљуд меояд. Давраи инкубатсионӣ аз 2 то 10 рӯз.
Аломатҳои гулўзиндонак:
• Баландшавии њарорати бадан то 38°С-39°С
• Дарди гулў
• Сурхшавї ва варами гулўбодомак
• Парда дар гулўбодомак. Баъзан ба дастаи кос (нёбные дужки), нармии кос, деворњои пањлугии гулў, њалќ пањн мегардад. Пардаро бо даста (шпател) гирифтан мушкил аст, њангоми кўшиши кандани парда, ќабати болоии он хунравї меравад.
• Калоншавии ѓадудњои бофтаи гардан
• Варами бофтаҳои нарми гардан
Хавфи ҷиддӣ барои кӯдакон гулўзиндонаки ҳалқ ва роҳҳои нафас (крупи гулўзиндонак) мебошад. Ҳарорат то 40 ° C баланд шуда, сулфаи дағал ва аккосзананда пайдо мешавад. Пас аз 2 - 3 рӯз сулфа ва овоз паст мешаванд, баъд хомӯш мешаванд. Аз сабаби варам ва танг шудани њалќ, нафаскашӣ душвор мешавад ва асфиксия пайдо мешавад. Агар сари вақт сивороткаи гулўзиндонак гузаронида нашавад, кӯдак метавонад аз нафастангї бимирад.
Чўбчаҳои гулўзиндонак токсин њосил мекунад, ки њангоми ба бадан ворид шудан боиси ба вуљуд омадани беморињои музмин: иллати мушакњои дил (миокардит), иллати асабњо (полиневрит), фалаљи дасту пойњо, мушакњои роњи нафас ва диафрагма мегардад.
Усулҳои самараноки пешгирии гулӯзиндонак ин гузаронидани иммунизатсия мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаи пентавалентӣ, ки таркиби он аз ваксинаи АКДС, ваксинаи зидди гепатити В (геп В) ва ваксинаи зидди сирояти гемофилии типи b (Hib) иборат аст, ваксинаи зидди гулӯзиндонак дар якҷоягӣ бо ваксинаи кузоз ва кабудсулфа (АКДС), инчунин АДС- ваксинаи зидди гулӯзиндонак дар якҷоягӣ бо кузоз, гузаронида мешаванд.

ГЕПАТИТ В

ГЕПАТИТ В - бемории сироятшаванда буда, тавассути вируси гепатити В (HBV), ки аз оилаи Hepadnavirus ба вуҷуд омадааст, асосан ҷигарро иллатнок мекунад.
Шаклњои музмин љараёни тўлонї доранд ва метавонанд ба њолати вазнин – сирроз ва саратони љигар табдил ёбанд. Манбаи сироят беморон ва пањнкунандагон (носители) мебошанд. Ҳамчунин аксари кӯдаконе, ки ҳангоми таваллуд ба гепатити В гирифтор мешаванд, солҳои тӯлонӣ интиқолдиҳандагони музмини ин вирус мешаванд ва метавонанд дигаронро сироят кунанд. Аксари калонсолони гирифтори бемории гепатити В, ҳатто агар беморӣ шадид гузашта бошад њам, комилан шифо меёбанд. Лекин навзодон ва кўдакон бештар ба бемории музмини гепатити В гирифтор мешаванд, аз ин рӯ, дар аксари давлатњои ҷаҳон ваксина бар зидди гепатити В ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид шудааст ва иммунизатсия аз рӯзи аввали ҳаёт оғоз меёбад.
Аломатҳои вируси гепатити В
Аломатҳои гепатити В метавонанд хеле сабук ва ё шадид бошанд. Давраи инкубатсионї одатан аз 1 то 6 моҳ давом мекунад. Гепатити В метавонад бо аломатњои зерин зоҳир шавад:
• Дарди шикам
• Пешоби тира
• Табларза
• Дарди буғумҳо
• Беиштиҳогї
• Дилбењузурї ва ќайкунї
• Заифӣ ва хастагӣ
• Зардшавии пӯст ва пардаи чашм (қисми сафеди гарави чашм)
Роҳҳои гузариши вируси гепатити В
Вируси Гепатити В дар хун ва дигар моеъҳои биологии бадан пайдо мешавад. Дар аксари ҳолатҳо, он тавассути тамос бо хун бо яке аз роҳҳои зерин интиқол дода мешавад:
• Тазриќ бо сӯзанҳои истифодашуда. Вируси Гепатити В махсусан тавассути сӯзанҳо ва сӯзандоруҳои бо хуни сироятшуда олуда шудааст ба осонӣ интиқол дода мешавад. Бо сўзанњои истифодабурдашудаи шахси дигар гузаронидани тазриќи дохили рагњо нињоят хатарнок аст. Асбобҳои ғайритамйизшуда метавонанд бо вирус аз одамони сироятшуда, ба монанди беморони дигар ё нашъамандон олуда шаванд.
• Сӯзандоруи тасодуфӣ бо сӯзани сироятшуда. Гепатити В барои кормандони соҳаи тиб, инчунин шахсоне, ки мунтазам бо хуни инсон сару кор доранд, хатари ҷиддӣ дорад.
• Аз модар ба фарзанд. Занони ҳомила, ки ба вируси гепатити В сироятёфтаанд, дар ваќти таваллуд њангоми алоќаи бевосита бо хун ба кўдаки худ метавонанд вирусро гузаронанд. Бо вуҷуди ин, қариб дар ҳама ҳолатҳо кӯдаки навзод бояд ваксина карда шавад, то сироят наёбад.
• Алоқаи ҷинсӣ. Сироят тавассути алоқаи ҷинсии бемуњофиза бо шахси сироятшуда ба амал меояд: тавассути хун, оби дањон, нутфа ва ѓайра.
Гепатити В чӣ гуна табобат карда мешавад?
Барои гепатити шадиди В ягон табобати мушаххас вуҷуд надорад. Гепатити В – музмин дар баъзе њолатњо бо доруњои зидди вирусї ва интерферон табобат карда мешавад. Гепатити В – ро бо воситаи иммунизатсия пешгирї кардан мумкин аст.

БЕМОРИИ СИЛ

БЕМОРИИ СИЛ – бемории сироятӣ буда барангезандааш Micobacterium tuberculosis ё чўбчаи Кох мебошанд, ки одатан ба иллатнок шудани шушҳо, устухонҳо, буѓумњо, мағзи сар, гурда ва дигар узвҳои таносул оварда мерасонад. Паҳншавии сироят бо воситаи роҳҳои ҳавоӣ – қатрагӣ ҳангоми гуфтугӯ, атса, сулфа задани шахси бемор, мегузарад.
Барои кӯдакон хатари бемории сил дар инкишофи босуръати шаклҳои ниҳоят вазнин, ба монанди менингит ва шакли паҳншуда мебошад. Дар сурати набудани табобати интенсивӣ барои менингитҳои сил ва шакли паҳншудаи сироят, комилан ҳама беморон мефавтан. Нишонањои асосии бемори сил - ин сустии умумии бадан, харобшавї, табларза, араќкунии муддати зиёдтар аз 1 моњ мебошад.
Пешгирии беморї: Гузаронидани иммунизатсияи саривақтӣ бо истифода аз ваксинаи БСЖ.

АКДС

АКДС - ваксинаи љабидашудаи зидди беморињоикабудсулфа, гулўзиндонак ва кузоз мебошад. АКДС – дар таркиби худ ваксинахои зидди кабудсулфа, гулўзиндонак ва кузозро дорад. Таркиби ваксина дорои токсинҳои бактерияи гулузиндонак, кузоз ва организмҳои ғайрифаъол кабудсулфаро доранд. Ваксина дар фосфати алюминий ҳамчун доруи ёрирасон адсорбсия карда, тиомерсал хамчун консервант истифода мешавад. Ваксина ба суспензияи абрноки сафедтоб (беловатая мутная) монанд буда ба талаботњои СУТ чавобгу мебошад.
Бароичӣваксинагузаронидамешавад? Иммунизатсияи фаъол бар зидди бемориҳои ГУЛӮЗИНДОНАК, КАБУДСУЛФА ва КУЗОЗ.
Ваксинакайгузаронидамешавад? Дар синни 16-23 моҳагӣ.
Миќдори воя ва усули воридкунї:
Иммунизатсия (ревакцинация) бо ваксинаи АКДС дар синни 16-23 моњагии кӯдак гузаронида мешавад. Он дар ќисми болои рони пой, даруни мушак ба андозаи 0,5 мл ворид карда мешавад. Барои якхела будани суспензия зарфи ваксинаро пеш аз истифодабари охистатакон додан лозимаст. АКДС-робаъд аз 3 солагї ба кўдакони аз иммунизатсия бозмондашуда гузаронидан тавсия дода НАМЕШАВАД.
АКДС танҳо барои воридкунии дохил мушак пешбинӣ шудааст. Ваксинаро ба зери пӯст гузаронидан МУМКИН НЕСТ, зеро он метавонад аксуламали маҳаллиро ба вуҷудоварад.
Иммунодефисит: Шахсони мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО), ки нишонахои клиникӣ доранд ё бе онҳо, бояд тибқи ҷадвали таквими иммунизатсия ваксинаи АКДС карда шаванд.
Зиддинишондод:
Ҳассосияти баланд ба ҳама гуна ҷузъҳои ваксина ё аксуламали ҷиддӣ ба вояи қаблии ваксина ё ба ягон ҷузъҳои он.
Ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия ба вуқуъомада:
Барои пешгирии холатҳои номатлуб бояд хамаи чораҳои эҳтиётӣ риоя карда шаванд.
Одатан: Аксуламалҳои сабуки маҳаллӣ, ба монанди дардманди дар ҷоӣ тазриқ, бехоли ва сурхшавии пӯст, ки метавонанд бо ҳамроҳӣ хароратбаланди (38° С-39°С) ва сахтшави хачми 3-4 см, мушоҳида кардан шавад.
Аксуламалҳои умумӣ: Асабоният, гирёнчакӣ, табларзаи каме бештар аз 38°С одатан дар давоми 48 соат пас аз ваксина ба вуҷуд меоянд ва дар аксари ҳолатҳо дар давоми ду-се рӯз бидуни ёрии тиббӣ худ аз худ нопадид мешаванд. Ҳама аксуламалҳои маҳаллӣ ва умумӣ бе оқибатҳои нопадид мешаванд.
Аксуламалҳои хело кам вохӯранда (нодир): Баландшавии ҳарорати бадан зиёда аз 39,5 ° C (1 ҳолат ба 15 000 вояи воридшуда).
Ихтилоҷҳои фебрилӣ (1ҳодиса ба 12,500 вояи воридшуда)
Гиряи бардавоми зиёда аз 3 -соат дар давоми 48 соат пас аз гузаронидани ваксина(1 ҳодиса ба 3000 вояи воридшуда)
Аксуламалҳои аллергӣ (крапивница, варами Квинке, шок анафилактикӣ - бо пасомади 1 ҳодиса 1 миллион вояи воридшуда)
Таркиби ваксина: 1 вояи ваксинаи 0,5 мл дар бар мегирад;
Моддаҳои фаъол: Анатоксини тозакардашудаи гулӯзиндонак на кам аз 20 Lf (на кам аз 30 ME), анатоксини тозакардашудаи кузоз на кам аз 7,5 Lf (на кам 40 ME) ғайрифаъоли B. Pertussis (суспензаи зидди кабудсулфаи пуррахуҷайрагӣ) на камтар аз 12 OU.
Моддаҳои ёрирасон: Гидрооксиди алюминий на кам аз 2,5 мг/ 48мл, тиомерсал на кам аз 0,1 мг/мл.
Шакли истифода: Зарфи 10 вояга.

АДС-м.

Ваксинаи зидди бемориҳои бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигенҳо.
АДС-м - ваксинаи адсорбсияшудаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз буда, бо миқдори камтарини антигенҳо коркард шудааст. АДСм -ваксинаи яклухти моеъї буда, аз токсинҳои тозакардашудаи гулӯзиндонак ва кузоз иборат аст. Анатоксинҳо дар маҳлули гидрооксиди алюминий такшин шудаанд. Метавонад дар як вақт бо дигар ваксинаҳои Тақвими миллии иммунизатсия бехатар гузаронида шаванд, самаранокии худро гумм намекунанд.
Барои чи ваксина гуразонида мешавад?
Барои иммунизатсияи фаъол бар зидди бемориҳои ГУЛӮЗИНДОНАК ва КУЗОЗ.
Зиддинишондод: Ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъи таркибии анатокисин ё аксуламали ҷиддӣ ба вояи пешинаи ваксина
Ваксина кай гузаронида мешавад? Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия дар синни 16 солагӣ, бо тартиби минбаъдаи гузаронидани он баъд аз ҳар 10 сол (26, 36, 46, 56 солагї).
Тарзи гузаронидан ва миқдори воя: Ваксина танҳо барои воридкунии дохили мушаки делтамонанди китф ба миқдори 0,5 мл пешбинӣ шудааст.
Ҳолатҳои номатлуб баъди ворид намудани ваксина:
Муқаррарӣ: Аксуламали маҳаллӣ ба монанди сурхшавӣ ва дардмандӣ дар ҷои тазриқ.
Аксуламали умумї: Ба монанди беҳолӣ ва заифӣ. Ҳамаи аксуамалҳои маҳалӣ ва умумӣ бе ориза мегузаранд ва ягон табобати махсусро талаб намекунанд.
Ҳолатҳои номатлуби нодир: Аксуламалҳои аллергикӣ (варамии ангионевротикӣ, доначаҳои полиморфӣ, ќоњир (крапивница) и садмаи ана¬филактикӣ) ба њисоби 1 ҳодиса ба миллион вояи воридшуда.
Таркиб: 1 воя и - 0,5 мл-ро дар бар мегирад:
Моддаҳои фаъол: Анатоксини тозакардашудаи гулӯзиндоак на кам аз 10 Lf, анатоксини тозакардашудаи кузоз на кам аз 10 Lf.
Моддаҳои ёрирасон: Гидрооксиди алюминий.
Миқдори вояҳо: Зарфи 10 вояга.

АДС - Ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз.

АДС – ваксинаи адсорбсияшудаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз дар намуди моеъ мебошад ва аз токсинҳои тозакардашудаи гулӯзиндонак ва кузоз иборат аст.
Ваксина барои чӣ гузаронида мешавад?
Барои иммунизатсияи фаъол бар зидди бемориҳои ГУЛӮЗИНДОНАК ва КУЗОЗ.
Ваксина кай гузаронида мешавад?
Дар синни 6 солагӣ. Ваксинаи АДС-ро инчунин дар кӯдакони зерин гузаронида мешавад:
• бемории кузозро гузаронидаанд (аз 3 моҳа то синни 6 сола),
• ба ваксинаи АКДС зиддинишондод дошта бошанд,
• то синни 4-5 сола, ягон ваксинаи зидди гулӯзиндонак ва кузоз нагирифтаанд.
Зиддинишондодҳо:
- Ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъи таркибии анатокисин ё аксуламали ҷиддӣ ба вояи ќаблии ваксина.
- Бемориҳои сироятии шадид ва музмин - иммунизатсияро танҳо пас аз 2-4 ҳафта баъд аз шифоёбӣ гузаронидан мумкин аст.
- Дар ҳолатҳои сабуки беморшавӣ иммунизатсия баъди нест шудани аломатҳои клиникӣ (ринит, сурхшавии ҳалқ ва ғ.) гузаронида мешавад. Бемориҳои музмин: иммунизатсия баъд аз ремисияи пурра ё қисман, гузаронида мешавад.
- Тағиротҳои неврологӣ: иммунизатсия баъд аз истиснои хуруҷи раванд гузаронида мешавад.
- Бемориҳои аллергикӣ: иммунизатсия баъд аз 2-4 ҳафта пас аз ба охир расидани авҷи беморї, дар баробари ин зуҳуроти устувори беморӣ (падидаҳои тањҷоии пӯст, бронхоспазми ниҳонӣ ва ғ.) зиддинишондод ба ҳисоб намераванд ва ваксинаро метавонад дар заминаи табобати мувофиқ гузаронанд.
Тарзи гузаронидан ва миқдори воя: Воридкунии ваксина танҳо барои дохили мушаки делтамонанд китф ба миқдори 0,5 мл. пешбинӣ шудааст.
Ҳолатҳои номатлуби баъди ворид намудани ваксина:
Муқаррарӣ: Аксуламали маҳалӣ ба монанди сурхшавӣ ва дардмандӣ дар ҷои тазриқ.
Аксуламали умумї: Ба монанди беҳолӣ, заифӣ.
Ҳамаи аксуамалҳои маҳалӣ ва умумӣ бе ориза мегузаранд ва ягон табобати махсусро талаб намекунанд.
Ҳолатҳои номатлуби нодир: – Аксуламалҳои аллергикӣ (варамии ангионевротикӣ, доначаҳои полиморфӣ, ќоњир (крапивница) ва садмаи ана¬филактикӣ) ба њисоби 1 ҳодиса ба миллион вояи воридшуда.
Таркиб: 1 вояи 0,5 мл.-ро дар бар мегирад:
Моддаҳои фаъол: Анатоксини тозакардашудаи гулӯзиндонак на кам аз 30 Lf (на кам аз 60 ME) анатоксини тозакардашудаи кузоз на кам аз 20 Lf (на кам 80 ME)
Моддаҳои ёрирасон: Гидрооксиди алюминий, тиомерсал.
Миқдори вояҳо: Зарфи 10 вояга.
ВАКСИНАҲО

Ваксинаи ротавирусӣ

Рота (Ротарикс) - ваксинаи зиндаи пероралї мебошад, ки аз штамми G1P (8) аз навзоди ширмаки бемор бо гастроэнтерит ҷудо карда шудааст.
Барои чї ваксинатсия гузаронида мешвад: Барои иммунизатсияи фаъол бар зидди СИРОЯТИ РОТАВИРУСЇ.
Кай ваксина гузаронида мешавад? Дар синни 2 ва 3 моҳагии кӯдак.
Усули гузаронидани ваксина ва вояи воридшаванда: Ваксинаи мазкур бо тариқи даҳонӣ барои истифодабарї пешбинӣ шудааст. Ваксина дар тубикњои яквояга бароварда мешаванд. 1 тубик 1,5 мл моеъ дорад. Ваксина ба тариқи даҳон, бо миқдори 1,5 мл ба кӯдак ворид карда мешавад.
Шакли барориш: Тубикҳои фишурдашавандаи пластикӣ ба андозаи 1 вояга.
Зиддинишондод: Ҳассосияти баланд ба ҳама ҷузъҳои ваксина, дар таърихи шаст доштани инвагинатсияи рӯдаҳо ё нуќсонњои инкишофёбии рўдаҳо, ки эњтимоли тамоил доштани ба инвагинатсияро дорад. Дар њолати гастроэнтеритҳои шадид ё бемории вазнин бо баландшавии њарорати бадан мегузаранд, ваксинатсия бояд ба таъхир гузошта шавад. Норасоии масунияти вазнин.
Њолатњои номатлуб: Ҳашмгинї, беиштињої ва баъзан вақт шикамравї.
Таъсири мутақобилаи доругї: Ваксинаи ротавирусиро дар як ваќт дар якљоягї бо дигар ваксинањо, ки дар Таќвими миллии иммунизатсияи кўдакон дохиланд гузаронидан мумкин аст, зеро самаранокии онњоро паст намекунад.

Ваксинаи ОПВ

ОПВ – ин ваксинаи зиндаи ќобилияташ сусткардашудаи бар зидди бемории фалаљ, ки дорои 1, 2 ва 3 намуди вирусњои танњоӣ ё дар намуди якљояшуда (намудњои 1, 2 ва 3 ё 1 ва 3) мебошад.
Ваксинатсия барои чї гузаронида мешавад? Барои иммунизатсияи фаъол бар зидди вируси 1, 2 ва 3-и намуди бемории ФАЛАЉ.
Ҳангоми ворид намудани ваксина ба организми, системаи масуният каркард намуда антителаҳои мушаххасро оғоз мекунад ва дар шахси иммунизатсияшуда масунияти мушаххас ҳосил мешавад.
Кай ваксина бояд кард: Дар давоми 24 соати баъд аз таваллуди кўдак, дар 2 моҳ, 3 моҳ, 4 моҳ ва 12 моҳагии кӯдак.
Тариқ ва миќдори воридкунии ваксинаи ОПВ: як вояи ваксина 2 қатра буда даҳонӣ ба кӯдак ворид карда мешавад.
Зиддинишондод: ҳассосияти баланд ба неомицин, полимиксин ё дигар ҷузъҳои ваксина; ба беморони гирифтори норасоии масунияти бадан якумдараља ва дуюмдараҷа тавсия дода мешавад, ки ваксинаи ғайрифаъол (IPV)-ро истифода баранд.
Аксуламалњо
Умумии сабук: - бемадорӣ, сустӣ, набудани иштиҳо.
Аксуламалњои нодир (кам вохўранда) : аломатҳо ва нишонаҳои фалаљи паралитикӣ мумкин, ки дар иммунизатсияшавандагон дар давоми 30 рўз ва алоќамандон дар давоми 60 рўз баъд аз иммунизатсия инкишоф ёбанд. Басомади пайдоиш - 1 ҳолат ба 10 миллион иммунизатсияшавандагон ва алоќамандони таъсирпазир, аксуламалҳои аллергикӣ ба компонентњои ваксина.
Таркиби ваксина: як вояи ваксина дар бар мегирад:
Маводҳои фаъол: штаммҳои поливируси зиндаи қобилияташ сусткардашудаи Сабини намуди 1 ва 3.
Маводҳои ёридиҳанда: хлориди магний, аргинин, полисорбат, неомицини сулфат, полимиксини В сулфат, оби тозакардашуда.
Шакли барориш: зарфњои 10 ва 20 вояга.

Ваксинаи Пневмококкӣ

Ваксинаи пневмококкии конюгатсияшуда (ВПК) - ваксинаи љаббидашудаи полисахаридии конъюгатсияшуда (полисахаридная конъюгированная адсорбированная) бар зидди сирояти пневмококкї мебошад. Ба таркиби ВПК 90% серотипҳое, ки сабабгори ба амал омадани сирояти инвазивии пневмококкї мешаванд (СИП), дохил мебошад ва онњо ба антибиотикҳо устуворанд.
Барои чї ваксина гуразонида мешавад? Барои иммунизатсияи фаъол бар зидди бемориҳое, ки сабабшон сирояти пневомококк мебошад.
Синну сол барои иммунизатсия: Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия дар синни 2 ,4 ва 12 моҳагӣ.
Тарзи гузаронидан ва миқдори воя: Ваксина дохили мушаки рон ба миқдори 0,5 мл ворид карда мешавад
Зиддинишондодҳо:
• Давраи шадиди бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ ва музмин (то шифоёбии пурра ё ремисия)
• Аксуламалҳои вазнини паҳншудаи аллергикӣ, садмаи анафилактики ва дигар аксуламалҳои ҷиддӣ ба вояи пешинаи ваксина.
• Таҳаммулнопазирии инфиродӣ ба ҷузъҳои ваксина
Ҳолатҳои номатлуб баъди ворид намудани ваксина:
Тез-тез бавуҷудомада: Дардмандӣ дар ҷои тазриқ дар муддати 3 рӯз. Аксуамал бе оқибат мегузаранд ва ягон табобати махсусро талаб намекунанд
Хело кам бавуҷуд меоянд: Баланшавии ҳарорати баланд.
Хело кам бавуқуъ меоянд: Аксуламалҳои ҷидии аллергикӣ бо басомади 1 ҳодиса ба миллион вояи воридшуда.

Ваксинаи зидди беморињои сурхча, баногўшак ва гулафшон (СБГ).

СБГ – (ваксинаи зидди беморињои сурхча, баногўшак ва гулафшон)-ро аз штаммҳои вируси зиндаи сурхча, баногӯшак ва гулафшон, ки қобилияташон паст карда шудааст, коркард намудаанд. Ваксина хушкардашуда буда, барои ҳалкунонӣ ниёз дорад.
Барои чї ваксинатсия гузаронида мешвад: Барои иммунизатсияи фаъол бар зидди беморињои СУРХЧА, БАНОГЎШАК ва ГУЛАФШОН.
Кай ваксина гузаронида мешавад? Дар синни 12 моҳагӣ ва 6 солагӣ.
Тарзи гузаронидан ва миқдори воя: Ваксина дар мушаки делтамонанди дасти чап ё рост таги пўст ба миқдори 0,5 мл ворид карда мешавад.
Зиддинишондодҳо: Беморињои шадиди сироятї ва соматикї. Ҳарорати баланди бадан (> 380C). Аллергияи ва анафилаксияи вазнин ба ҷузҳои таркибии ваксина (неомицин, желатин). Ҳомиладорӣ, камхунии вазнин, бемориҳои вазнини хун, аз љумла лейкемия. Норасогии вазнини фаъолияти кори гурдањо, омоси бадсифат.
Ҳолатҳои номатлуби баъди иммнуизатсия бавуқуъомада:
Одатан: Аксуламали сабук ба монанди дардмандӣ, сурхшавї дар ҷоӣ тазриқ.
Аксар вақт: баланшавии ҳарорати бадан, пайдоиши доначаҳои сурх.
Хеле кам: Энсефалит (1 ҳодиса дар байни 1 млн. иммунизатсияшудагон), аксуламалҳои ҷиддӣ аллергикӣ 1 ҳодиса байни 1 млн. иммунизатсияшудагон, тромбоситопения 1 ҳодиса ба 30000-40000 иммунизатсияшудагон, аксуламалҳои аллергӣ (садмаи анафилактикӣ) 3,5 ҳодиса байни 10 млн. иммунизатсияшудагон.
Аксуламалҳо ба ҷузъи гулафшони ваксинаи зидди беморињои СБГ:
Буғумдард дар духтарони наврас ва занҳои калонсол, ки аз як чанд рӯз то ба 2 ҳафта давом медиҳад. Ин аксуламалҳо худ аз худ бе табобат мегузаранд.
Таркиби ваксинаи СБГ: Як вояи ваксинаи зидди беморињои сурхча, баногўшак ва гулафшон дар худ маводњои зеринро дорад;
Љузъњои фаъоли ваксина: Вирусњои зиндаи ќобилияташон пасткардашудаи сурхча (на кам аз 1000 ТДЦ50), баногўшак (5000 ТДЦ50), гулафшон (1000 ТДЦ50).
Маводњои пайвасткунанда: Желатини қисман гидролизшуда, сорбитол, нишонаҳои неомисин, об барои тазриқ.
Истифодабарии якљоя бо якчанд доруворињо: Ваксинаро мумкин аст, ки дар як рўз бо якчанд ваксинањо, аз љумла пентавалентї, АКДС, АДС, ОПВ, ИПВ, гепатити В бе ягон хатари оризањо ё пастшавии самарнокиашон ќабул намудан. Дар чунин њолат, ваксинањо ба ќисмњои гуногуни бадан бо истифода аз сўзандоруњои якмаротибага ворид карда мешаванд.
Шакли барориш: Зарфи 10 вояга дар баста бо ҳалкунандааш.

Ваксинаи пентавалентӣ

Ваксинаи пентавалентӣ (АКДС+ГB+Hib) (ваксинаи якљояшудаи моеъ). Ваксинаи бисёркомпонентӣ мебошад, ки аз 5 антиген иборат аст. Қисми фаъоли токсинҳои тозашудаи гулўзиндонак ва кузоз, заррањои (частицы) ѓайрифаъолкардашудаи чўбчаи кабудсулфа, зарраҳои дар сатҳи баланд тозакардашудаи ғайрисироятии гепатити В, ҷузъҳои гемофилии намуди b-ро дар бар мегирад.
Ваксинатсия барои чӣ гузаронида мешавад?
Иммунизатсияи фаъол бар зидди бемориҳои кабудсулфа, гулўзиндонак, кузоз, гепатити В ва сирояти гемофилии намуди b. Усулҳои самараноки пешгирии кабудсулфа ин баланд бардоштани сатҳи масуняти аҳолӣ бо истифодаи аз ваксинаи Пентавалентӣ, АКСД, АДС мебошад.
Кай ваксинатсия бояд кард:
Мувофиќи Таќвими миллии иммунизатсия ваксинаи пентавалентӣ дар синни 2, 3 ва 4 моњагї гузаронида мешавад. Фосилаи байни вояњо бояд њадди аќал 4 њафта бошад. Ваксинаи пентавалентӣ ба кӯдаконе гузаронида мешавад, ки қаблан ҳангоми таваллуд ваксинаи зидди гепатити В гирифтаанд ва набояд барои иммунизатсия дар таваллудхона истифода шаванд.
Намуди ваксина: Њуљайраи пурраи кушташуда ё бењуљайра (бе њуљайраи беѓаразона
                                 (без интактных клеток))
Намуди тазриќ: Дохили мушак
Миќдори воя: 0,5 мл.
Љои гузаронидани иммунизатсия:
• Ќисми болоии (берунаи) рони пой дар хурдсолон
• Мушаки делтамонанди китф дар кўдакон ва калонсолон
Зидднишондодҳо: Ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъҳои ваксина ё аксуламали ҷиддӣ ба вояи қаблии ваксина ё ягон компонентҳои он.
Њолатњои номатлуби пас аз иммунизатсия:
Аксуламали таҳҷоӣ - дар љои воридкунии ваксинањо (дард, сурхшавї, варамшавї дар ҷои тазриқ), табларза ва њолати њаяљоннокї, дардмандї.
Аксуламалҳои умумӣ: гирёнчакӣ, ҳашмгинӣ, баландшавии начандон ҳарорати бадан, ки одатан дар давоми 48 соати пас аз ваксинатсия ба амал меоянд ва дар аксари ҳолатҳо дар давоми ду-се рӯз худ аз худ бе ёрии тиббӣ мегузаранд.
Ҳама аксуламалҳои маҳаллӣ ва умумӣ бе оқибатњо (безпоследствий) мегузаранд.
Њолатњои номатлуби нодир:
Баландшавии ҳарорати бадан аз 39,5 ° C (1 ҳолат ба 15 000 вояи воридшуда)
Ташаккунљи фебрилӣ (1 ҳолат ба 12 500 вояи воридшуда)
Гиряи давомнок, зиёда аз 3 соат дар давоми 48 соат пас аз ваксинатсия (1 ҳолат ба 3000 вояи воридшуда)
Аксуламалҳои аллергикӣ (испарма (крапивница), варами Квинке, садмаи анафилактикӣ - бо басомади 1 ҳолат ба 1 миллион вояи воридшуда).
Таркиби ваксина
Моддаҳои фаъол: Анатоксини тозашудаи гулўзиндонак на камтар аз 7,5 Lf (на камтар аз 30 МЕ). Анатоксини тозашудаи кузоз на камтар аз 3,25 Lf (на камтар аз 60 МЕ) ғайрифаъолкардашудаи B. pertussis (суспензияи њуљайраи пурраи кушташуда зидди кабудсулфа) на камтар аз 15 01) (на камтар аз 4 МЕ) Олигосахариди Hib 10 мкг, ки бо тақрибан 25 мкг СПР 197 алоқаманд аст
ќабати болии антигени гепатити В, тозашуда 10 мкг
Моддањои ёрирасон:
Фосфати алюминий, хлориди натрий, об барои тазриқ.
Шакли барориш: Зарфи 1-вояга.

Ваксинаи гепатити В (HepB)

Ваксинаи зидди гепатити В (HepB) дар шакли яквалента ё якљояшуда (пентавалентї ё чорвалента АКДС+ГепВ) истењсол карда мешаванд. Ваксинаи яквалентаи зидди Гепатити В дар шакли моеъ буда, дар зарфњои як ё бисёрвояга, ё дар шакли тайёри яквояга дар маводи инъексионї истеҳсол карда мешаванд. Њамчун вояи аввал, ки ба кӯдак ҳангоми таваллуд (дар давоми 24 соати аввали ҳаёт гузаронида мешавад), танҳо ваксинаи яквалентаи Гепатит В истифода бурда мешавад.
Иммунизатсия дар кадом мӯҳлатҳо гузаронида мешавад:
Иммунизатсияи зидди вируси гепатити В дар кӯдакони сини то 1-сола гузаронида мешавад:
Дар давоми 24-соати баъд аз таваллуд;
Дар 2-моњагї дар таркиби ваксинаи пентавалентї (АКДС-1 + ГепВ2 + Hib)
Дар 3-моњагї дар таркиби ваксинаи пентавалентї (АКДС-2 + ГепВ3 + Hib)
Дар 4-моњагї дар таркиби ваксинаи пентавалентї (АКДС-3 + ГепВ4 + Hib)
Намуди ваксина: Антигени тозашудаи вируси гепатити В, дар гидроксиди алюминий љаббидашуда (адсорбированный) мешавад, ки бо истифода аз технологияи ДНК - рекомбинант ё аз плазмаи интиқолдиҳандагони вирус гирфта шудааст.
Ҳолатҳои номатлуб: Анафилаксияи сабук, аксуламал дар љои тазриқ (дард, сурхшавї, варамї), дарди сар, табларза.
Миќдори воя: 0,5 мл.
Љои гузаронидан: Дар ќисми берунаи рони пои кўдак.
Намуди тазриќ: Дохили мушак.
Нигањдории ваксина: Дар ҳарорати аз +2 °C то +8 °C. Ба яхкунии ваксина роњ додан мумкин нест.

Ваксинаи зидди бемории сил (БСЖ)

БСЖ (Бацилла Кальметта-Герена) – ваксинаи зиндаи ќобилияташ сусткарадшудаи бактериявї буда, аз як қатор беморињои сил то 75-90% муҳофизат мекунад. Ваксинаи БСЖ моддаи хушккардашуда (лиофилизированый) буда, якљоя бо маҳлули њалкунандааш истеҳсол карда мешавад.
Баро чї иммунизатсия гузаронида мешавад: Аз менингити сил ва шаклҳои паҳншудаи бемории сил муҳофизат мекунад.
Кай бояд иммунизатсия кард?: Ваксина ба ҳамаи навзодони солим ҳангоми дар таваллудхона буданашон дар давоми 3-5 рўзи баъд аз таваллуд гузаронида мешавад.
Усули дурусти истифодабарї ва миќдори вояи ваксинаи БСЖ: Миќдори воя барои навзодон - 0,05 мл, ба таври қатъӣ дар дохили пӯсти китфи чап ворид карда мешавад.
Њолатњои номатлуби баъд аз иммунизатсия:
Вазнин: Сирояти умумї ё чунин сироятҳо, ба монанди остеомиелит, абсессњо, лимфаденити минтақавї.
Сабук: Аксуамал дар љои тазриќ.
Аксуламали сабук дар љойи гузаронидани тазриќ қариб дар ҳамаи кўдакон мушоҳида мешаванд. Вақте, ки ваксинаи БСЖ-ро дуруст ворид мекунанд, аксаран каме хурдтар донача (папула) дар љойи тазриқ пайдо мешавад, ки баъд аз 30 дақиқа нобуд хоҳад шуд. Тақрибан баъд аз ду ҳафта захмча пайдо мешавад (одатан бо диаметри ќалами тезкарданашуда). Захмча одатан ду ҳафта давом мекунад сипас баиз (рубец) табдил меёбад, тақрибан бо диаметри 5 мм; ин изи захмча – шоњидї аз он медињад, ки кўдак ба таври дуруст иммунизатсия карда шудааст.
Зиддинишондодҳо: Вазни тифли навзод камтар аз 1800 грамм бошад (ваксина ҳангоми зиёда аз 1800 грамм шудани вазни тифли навзод, гузаронида мешавад). Патологияи шадид ё авҷгирии бемориҳои музмин (масалан, ҳангоми мавҷудияти сирояти батнї, бемории гемолитикии навзод, вайроншавии системаи асаб, патологияҳои системавии пӯст). Дар сурати мавҷуд будани чунин њолатњо, иммунизатсия навзод бо ваксинаи БСЖ то барқароршавии ҳолати кӯдак ба таъхир гузошта мешавад.
Дар таркиби ваксина: Компоненти асосї -70% микробњои зиндаи қобилияташон сусткардашуда – 0,5 мг.
Моддаи ёрирасон: Глютамати натрий.
Њалкунанда: Маҳлули изотонии натрий.
Шакли барориш: Зарфи (флакон) 20-вояга.