А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222

Бехатарии ваксина

Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, дорои ҳамон сифатҳое мебошанд, ки дар Аврупо истифода мешаванд. Ҷузъҳои ваксина бехатар буда, дорои ягон маводҳои заҳролуд ё хавфнок нестанд ва дар саросариҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра) васеъ истифода мешаванд.
Ҳама ваксинаҳо новобаста аз давлати- истеҳсолкунанда бехатаранд. Ҳама ваксинаҳое, ки дар муассисаҳои тиббӣ мавҷуданд, аз раванди иҷозатномадиҳии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) мегузаранд, ки бехатарӣ ва самаранокии онҳоро кафолат медиҳад.
Ҳатто пас аз тасдиќи ваксинаҳо, мониторинги сифати онҳо ҳангоми интиқол, нигоҳдорӣ ва ворид кардани ваксина идома меёбад.
Ваксинаҳо дар ҳолати як ва ё якҷоя ворид кардан ҳам, бехатар ва самаранок мебошанд.

Назорати давлатӣ

Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ба талаботи миллӣ ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мувофиқат мекунанд.
Назорати давлатиро оиди сифат, самаранокӣ ва бехатарии ваксинаҳо Сарраёсати назорати фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ваксинаҳои воридотӣ бояд аз сертификатсияи ҳатмии давлатӣ, санҷиши мутобиқати силсилаи ваксинаҳо ба талаботи мушаххаси бехатарӣ ва санҷиши ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ гузаронида шаванд.
Пас аз анҷоми расмиёти сертификатсия ва гирифтани сертификати мутобиќат барои истифодаи ваксинаҳо дар муассисаҳои тандурустӣ иҷозат дода мешавад. Назорати минбаъдаи сифат ва бехатарии ваксинаҳоро дар ҷойҳои истифодашаванда марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ва марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамоянд.

Самаранокии ваксинатсия

Ваксинатсия ягона роҳи самараноки ҳифзи кӯдаки шумо аз бисёр бемориҳои хатарноки сироятӣ ва оризаҳои вобаста ба он мебошад.
Ваксинаҳо шумораи зиёди бемориҳоеро, ки чанд аҷдод пеш ба фавт ё маъюбӣ оварда буданд, коҳиш доданд ва дар баъзе мавридҳо аз байн бурданд. Масалан, соли 1978 бемории наѓзаки сиёҳ (оспа) барҳам дода шуда буд, фалаҷ низ барҳам дода шуд. Аз рӯи баҳодиҳии СУТ, ваксинаҳо ҳар сол ҳаёти 2 то 3 миллион нафарро наҷот медиҳанд.
Муваффақияти барномаҳои иммунопрофилактика аз нишондодҳои сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия вобаста аст. Ваксина бевосита Шахсони ваксинашударо муҳофизат мекунад ва тамоми ҷомеаро тавассути таъмини масъунияти коллективӣ муҳофизат мекунад ва аз ин рӯ интиқол ва паҳншавии бемориҳои бо ваксина пешгиришавандаро коҳиш медиҳад
Сиёсати миллӣ дар соҳаи иммунопрофилактикаи Тоҷикистон ба тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ба талаботи тибби даќиќ ҷавобгӯ мебошанд, асос ёфта, ба ҳатмӣ, дастраснокӣ ва ройгон дар доираи Тақвими миллии иммунизатсия, инчунин мувофиқи нишондодҳои эпидемиявӣ, нигаронида шудааст.
Тоҷикистон бомуваффаќият бо бисёр шарикон оид ба барномаи иммунопрофилактика ҳамкорӣ мекунад. Бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва марказҳои минтақавӣ, аз қабили СУТ, ЮНИСЕФ, GAVI ва ғайра мунтазам ҳамкории зич, гуногунҷанба ва судманд дорад.

Тақвими миллии иммунизатсия

Ҳар як волидайн бояд дона два фарзанди худро мувофиќи Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия кунад
Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин нақшаи иммунизатсияи кӯдакон мебошад, ки риояи он бештар бехатарӣ ва муҳофиза аз сироятҳоро таъмин менамояд.
Иммунизатсия - тибқи тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ваксинҳо кӯдаконро аз 12 сироят муҳофизат мекунанд ва сари вақт гирифтани тамоми ваксинаҳои зарурӣ муҳим аст.
Илова бар ин, бемориҳое, ки бар зидди онҳо кӯдакон иммунизатсия карда мешаванд, барои кӯдакони то 1-сола хатарноктаранд. Тақвими иммунизатсия бо таҷрибаи чандинсолае, ки аз тадқиқот оид ба бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳо гирифта шудааст, асос ёфтааст. Ҷадвали иммунизатсиякунӣ тавре тартиб дода шудааст, ки иммунизатсия кӯдакро аз бемориҳо муҳофизат кунад ва то ҳадди имкон бехатар бошад. Агар кӯдак сари вақт ваксинаро нагирифта бошад, вай метавонад дар вақти дигар ваксинаи лозимиро гирад.

Хавфи оризаҳои беморӣ

Ҳама сироятҳои кӯдакона хатарноканд ва метавонанд дар кӯдакон оризаҳои ҷиддиро ба вуҷуд оранд.
Масалан, бемориҳо аз қабили сурхча, баногӯшак (паротит) ва гулафшон бо чунин оризаҳо, аз қабили пневмония, энцефалит, нобиноӣ, дарунравӣ, отити миёна, синдроми гулафшони модарзодӣ (агар зан дар оғози ҳомиладорӣ ба бемории гулафшон гирифтор шавад), ки ба маъюбӣ ва ҳатто марг оварда мерасонад, хатарноканд. Ҳамаи ин бемориҳо ва ранҷу азобро бо ёрии ваксинаҳо пешгирӣ кардан мумкин аст.

Ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия

Ин муқаррарӣ аст, ки баъзе ваксинаҳо пас аз иммунизатсияи дар кӯдак ҳолатҳои номатлуби сабук ба вуҷуд меоранд.
Аксарияти кӯдакон пас аз иммунизатсия ҳолатҳои номатлубро эҳсос намекунанд.
Мисли ҳама дорувориҳо, ваксинаҳо метавонанд ҳолатҳои номатлуби сабукро ба вуҷуд оранд. Баъзе кӯдакон метавонанд ба ваксина аксуламалҳои сабук дошта бошанд, ба монанди дардмандӣ дар ҷои тазриқ ё ҳарорати наонќадар баланд. Ин ҳолатҳо дар давоми чанд рӯз мегузаранд ва ба ёрии тиббӣ ниёз надоранд.
Ваксинаҳое, ки дар давлати мо истифода мешаванд, бехатар ва самаранок мебошанд. Дараҷаи ҳолатҳои номатлуб аз хусусиятҳои алоҳидаи бадани кӯдак вобаста аст ва мисли истеъмоли доруҳо, пешгӯии онҳо ғайриимкон аст.
Ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия дар шакли баландшавии ҳарорати бадан то 37 ° -38,5 ° C, изтироб, аз даст додани иштиҳо ва аксуламалҳои таҳҷоӣ (местные реакции) - сурхшавӣ, дардмандӣ ва варамшавӣ дар ҷои тазриқ имконпазиранд. Ҳама аксуламалҳо дар давоми 2-3 рӯз бетабобат худ аз худ мегузаранд. Ҳолатҳои номатлуби ҷиддии пас аз иммунизатсия хеле кам ба амал меояд.
Оқибатҳои сироятҳои бо ваксина пешгиришаванда нисбат ба ҳодисаҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия хеле баландтаранд. Дар аксари ҳолатҳо, ваксина аксуламали сабук ва муваққатиро ба вуҷуд меорад, ба монанди варамӣ, дардмандӣ ё ҳарорати наонќадар баланд. Ҳолатҳои номатлуби ҷиддӣ хеле каманд ва даќиќ назорат ва таҳқиқ карда мешаванд. Ба таври назаррас эҳтимолияти гирифтани оқибатҳои ҷиддӣ, ин агар бар зидди сироятҳои бо воситаи ваксина пешгиришаванда иммунизатсия карда нашаванд. Масалан, дар мавриди бемории фалаҷ ин беморӣ метавонад боиси маъюбӣ гардад, сурхча боиси энсефалит ва нобиноӣ гардад ва баъзе аз бемориҳои бо воситаи ваксина пешгиришаванда боиси марг гардад.

Имконияти дар як вақт ворид кардани якчанд ваксина

Дар як вақт ворид кардани якчанд ваксинаҳо бехатар аст. Тибқи маълумотҳои илмӣ, дар як вақт ворид кардани якчанд ваксина ба кӯдак таъсири манфӣ намерасонад ва хатари пайдоиши ҳодисаҳои номатлуби баъд аз иммунизатсияро зиёд намекунад. Кӯдакон ҳар рӯз ба чандсад моддаҳои бегона дучор мешаванд, ҳатто дар натиҷаи шамолхӯрӣ ё дарди гулӯ, кӯдак ба таъсири иқдори хеле зиёди антигенҳо нисбат ба ваксинаҳо дучор мешавад. Дар як ваќт ворид кардани ваксинаҳо шумораи ташрифҳоро ба муассисаи тиббӣ коҳиш медиҳад, ки ба сарфаи вақт ва маблағ меорад ва дар ҳолати ваксинаи омехта (комбинированная) имкони иммунизатсиякунӣ камтар мешавад, ки фишори (стресс) кӯдакро кам мекунад. Ана барои чӣ риояи таќвими миллии иммунизатсия муҳим аст, ки иммунизатсияи навбатиро ба таъхир нагузоред ва онҳоро алоҳида анҷом надиҳед. Ҷавоби масъуният ба ворид кардани якчанд антигенҳои ваксина дар як вақт ё алоҳида фарқ намекунад. Якчанд иммунизатсия, ки дар як вақт гузаронида мешаванд, системаи масуниятро вазнин намекунад, ба кӯдак зарар намерасонад ё кӯдакро заифтар намекунад. Ҳангоми кӯдаки хурдсол дар як вақт якчанд ваксинаро мегирад, дар ӯ иммунитети хуб ба якчанд бемориҳоинкишоф меёбад. Дар натиҷа кӯдак бемор намешавад ва ё ба таври сабук бемориро мегузаронад. Агар кӯдак иммунизатсия накарда бошад, масъунияти онҳо метавонад ба қадри кофӣ қавӣ набошад, ки бо беморӣ мубориза барад. Ваксинаҳо системаи масъунияти бадани инсонро мустаҳкам мекунанд.

Муҳим будани иммунизатсияи аҳолӣ

Ваксинатсияро идома диҳед, ҳатто агар дар давлат хуруҷи ягон беморӣ вуҷуд надошта бошад. Гарчанде, ки сироятҳои бо воситаи ваксина пешгиришаванда дар бисёр давлатҳо кам шуда бошанд ҳам, гардиши барангезандаҳои сироятҳо дар саросари ҷаҳон давом дорад, ки метавонад боиси воридшавӣ ба давлат ва хуруҷ задании бемориҳо гардад. Барои баъзе бемориҳо ҳатто як ҳодиса кофист, ки боиси сар задани хуруҷ гардад. Мисоли ин бемории сурхча мебошад, ки яке аз бемориҳои сирояткунанда мебошад. Ҳамин тариқ, ноустувории эпидемиологии глобалӣ дар давлатҳо мебошад. Сатҳи баланди гигиена ва санитарӣ кӯдаконро аз сироятҳои бо воситаи ваксина пешгиришаванда наҷот дода наметавонад. Дар ҳоле ки беҳтар кардани гигиена, санитария ва бехатарии об барои муҳофизат кардани одамон аз бемориҳои сироятӣ кӯмак мекунад, бисёр сироятҳо, новобаста аз сифати санитарӣ, тавассути ҳаво паҳн мешаванд. Бо вуҷуди он ки, беҳтар кардани гигиена, санитария ва бехатарии об барои муҳофизат кардани одамон аз бемориҳои сироятӣ кӯмак мекунад, бисёр сироятҳо, новобаста аз сифати шароитҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, тавассути ҳавоӣ-ќатрагӣ паҳн мешаванд. Бемориҳо, ки бар зидди онҳо ваксина гузаронида мешавад, дар сурати қатъ шудани барномаҳои иммунопрофилактика дубора пайдо мешаванд. Давлатҳои минтақаи Аврупо ва ИДМ дар воридот, паҳншавӣ ва хуруҷи бемории сурхча дар давлати мо дар соли 2017, вақте ки кӯдакони иммунизатсия нагирифта бемор шуданд, саҳми худро гузоштаанд.

Ҳадафҳои рушди устувор

Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои нест кардани фавт дар байни навзодон ва кӯдакон, иммунизатсия як чорабинии беҳад муҳим мебошад. Иммунизатсия ҳар сол тақрибан 2-3 миллион ҳодисаи маргро пешгирӣ мекунад, ҳар рӯз тақрибан 10 000 нафарро наҷот медиҳад ва миллионҳо одамонро аз беморӣ ва маъюбӣ муҳофизат менамояд. Дар соли 2003 эпидемияи сурхча дар давлатҳои минтақаи Аврупо беш аз 4500 ҷавонро аз байн бурд. Аммо дар байни солҳои 2000 ва 2013, ваксина бар зидди сурхча фавти глобалии сурхчаро 75% коҳиш дод ва 15,6 миллион фавтро пешгирӣ кард, ки ваксинаи зидди сурхча ба яке аз муваффақиятҳо дар соҳаи тандурустӣ табдил ёфт. Бемории наѓзак (оспа), ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 5 миллион нафар мефавтиданд, соли 1978 комилан аз байн бурда шуда буд ва ҳоло он хеле фаромӯш шудааст. Дар натиҷаи кўшишҳои глобалӣ барои маҳв кардани бемории фалаҷ, беш аз 16 миллион нафар аз фалаҷ наҷот ёфтаанд. Аз соли 1988 инҷониб шумораи гирифторони фалаҷ дар саросари ҷаҳон беш аз 99% коҳиш ёфта, аз 350 000 ҳолат ба 22 ҳолат дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалии иммунизатсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати – узви Бюрои минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои миллии иммунопрофилактика барои солҳои 1996-2000, 2001-2005, 2006-2010, 2011-2015, 2016-2020 ва 2021-2025 тасдиқ карда шуданд. Ҳуҷҷати мазкур яке аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки сиёсати давлатии иммунизатсияи аҳолӣ дар саросари давлатро танзим менамояд. Инчунин дар соли 2014 низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иммунизатсияи бемориҳои сироятӣ”-ро тасдиқ кард. Дар соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки дар он ҳамчунин як қатор вазифаҳо вобаста ба нақши иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои бо воситаи иммунизатсия пешгиришаванда инъикос ёфтааст. Дар давлат фалаҷ, гулўзиндонак ва кузоз дар навзодон ба қайд гирифта нашудааст. Бемориҳои сирояти ротавирусӣ, сурхча ва гулафшон коҳиш ёфтанд. Сатҳи фарогирии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Тақвими миллии иммунизатсиякунӣ дар сатҳи на камтар аз 95% нигоҳ дошта мешавад. Бо шарофати Барномаи миллии иммунопрофилактика аксарияти мардуми ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ оқибатҳои хуруҷи сироятҳои бо воситаи иммунизатсия пешгиришавандаро аз сар нагузаронидаанд, дар одамон ҳисси оромӣ пайдо шуд. Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор

Хавфҳои беруна

Тамоюли пуризтироб воридоти бемориҳои сироятӣ аз минтақаҳое мебошад, ки дар он ҷо гардиши фаъоли вирусҳо вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, ноустувории глобалии эпидемиологӣ дар давлатҳои минтақаи Аврупо ва ИДМ ба воридот, паҳншавӣ ва сар задани бемории сурхча дар соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд ва онҳое, статуси иммунизатсияашон номаълум буданд, гирифтори бемории сурхча шуданд. Вазъияти мавҷуд буда боиси ҷамъ шудани контингенти осебпазир, паст шудани иммунитети коллективӣ ва шароит фароҳам овардан барои гардиши вируси сурхча, гулафшон, фалаҷ, гулўзиндонак ва дигар сироятҳо дар давлат мегардад. Таҳлили доимии эпидемиологӣ ва мониторинги фарогирии иммунизатсия эҳтимолияти баланди сар задани хуруҷро бо паст шудани иммунитети коллективӣ аз 80% кам, пешгӯӣ мекунад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иммунизатсияро усули самаранок барои пешгирии бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия пешгиришаванда мешуморад. Вазъияти эпидемиологии ҷаҳонӣ оид ба фалаҷ эҳтиёткории махсусро талаб мекунад. Ба муваффақиятҳо нигоҳ накарда, ноилшудан ба маҳви фалаҷ дар миқёси глобалӣ, ин сироят то ҳол аз маҳв нашудааст. Се давлат (Нигерия, Покистон ва Афғонистон) барои бемории фалаҷ эндемикӣ боқӣ монда, манбаи воридоти вирусҳои ёбоии фалаҷ ба ҳудудҳои аз фалаҷ озод, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар соли 2010 дар саросари ҷаҳон 1292 ҳолати фалаҷи маъюбӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2010 дар Тоҷикистон (457 сироят) хуруҷи калони фалаҷи воридшуда (457 ҳодисаи фалаҷ) ба қайд гирифта шуд. Агар мо иммунизатсияро қатъ кунем ва агар як ҳодисаи воридшавии вирус аз дигар давлатҳо ба ҷумҳурӣ ворид шавад, ин ҳодисаҳо хеле зуд ба даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳодисаҳо мубаддал мегарданд. Кӯдаконе, ки на ҳама ваксинаҳоро гирифтаанд, метавонанд ба бемории ҷиддӣ гирифтор шаванд ва муҳити худро сироят намоянд. Ҳатто шумораи ками кӯдакони иммунизатсиянашуда метавонанд хуруҷро ба вуҷуд оранд. Иммунизатсияи аҳолӣ яке аз чорабиниҳои муваффақтарин ва самараноки тиббӣ-санитарӣ мебошад. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад аз ваксинаҳои наҷотбахш истифода барад.

Ваксинаҳо

Ваксинаҳо - доруҳои биологӣ мебошанд, ки масуниятро ба сироятҳои бо воситаи иммунизатсия пешгиришаванда беҳтар мекунанд. Ваксинаҳо дорои бактерияҳо ва вирусҳои кушташуда ё зинда, инчунин ҷузъҳо ва моддаҳои ёрирасон мебошанд, ки устуворӣ ва самаранокии ваксинаҳоро нигоҳ медоранд. Дар вақти ворид кардани ваксина ба бадан, системаи масуният ба истеҳсоли антителаҳои махсус оғоз мекунад ва дар одам иммунитети махсус пайдо мешавад. Ҳамин тариқ, ба бадан воридшуда, ваксинаҳо чунин тағйирёбии системаи масуниятро, ки дар натиҷаи сирояти воқеӣ бо беморӣ ба омал меояд, ба вуҷуд меоранд. Пас аз чунин омодагии бадан, агар сироят ба амал ояд, беморӣ авҷ намегирад ё дар шакли сабук мегузарад. Ваксинаҳо дорои моддаҳои ёрирасон мебошанд, ки вокуниши масуниятро пурзўр мекунанд ва ифлосшавии ваксинаро огоҳ мекунанд. Ин моддаҳо ба миқдори кам мебошанд ва ба саломатии кӯдак хатар надоранд. Масалан, консервантҳо дар бисёр маҳсулоте мавҷуданд, ки мо ҳамарӯза истеъмол мекунем: йогурт, шир дар бастаҳои тетра, шарбатҳо ва ғайра. 

Таркиби ваксинаҳо

Компонентҳои асосии ваксинаҳо вирусҳои зиндаи сусткардашудашуда ё ғайрифаъол (кушташуда)-и микроорганизмҳо ё токсинҳои онҳо ё сафедаҳои болоии онҳо мебошанд. Моддаҳои ёрирасон моддаҳое мебошанд, ки махсус ба таркиби ваксинаҳо барои баланд бардоштани бехатарӣ, самаранокӣ ва устувории ваксинаҳо ҳангоми нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ ворид карда мешаванд.
Ин дар бар мегирад:
• адъювантҳо – моддаҳое, ки истеҳсоли вокуниши масуниятро зиёд мекунанд (масалан, намакҳои алюминий)
• антибиотикҳо - онҳо дар истеҳсоли ваксинаҳо барои пешгирии ифлосшавии бактериявии кишти ҳуҷайраи бофтаҳо (масалан, канамицин, неомицин) истифода мешаванд.
• консервантҳо – моддаҳои кимиёвӣ, ки ба ваксинаҳо барои фурўшинии афзоиши микробҳо, бактерияҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо ва ҳифзи ваксина аз олудашавӣ бо токсинҳои бактериявӣ, инчунин барои пешгирии ифлосшавии зарфҳои бисёрвояга ҳангоми истифодаи ваксина (масалан, тиомерсал, формальдегид).
• Тиомерсал як пайвастагии органикии дорои симоб аст, ки дар истеҳсоли ваксинаҳо ҳамчун консервант барои пешгирии афзоиши бактерияҳо ва занбӯруғҳо дар ваксинаҳои ғайрифаъолшуда (дар таркибаш вируси кушташуда) истифода мешавад.
• Стабилизаторҳо – моддаҳое, ки барои нигоҳ доштани устуворӣ, яъне барои нигоҳ доштани самаранокии ваксина ҳангоми нигоҳдорӣ (масалан, хлориди магний, сулфати магний, желатин, полисорбит ва ғайра) истифода мешаванд.
Хавфи асосии волидайн, ин дар таркиби ваксинаҳо мавҷуд будани симоб мебошад. Бештар чунин модда тиомерсал мебошад. Тиомерсал аз солҳои 1930 дар таркиби баъзе ваксинаҳо ва дигар доруҳо истифода мешавад. Миқдори тиомерсал, ки дар як вояи ваксина мавҷуд аст, кам аст, то инки ба саломатии кӯдак зарар расонад. Он аз миқдори истеҳсоли симоб, ки шахс дар як шабонарӯз бо ҳаво ва ғизо мегирад, зиёд нест.

Намудҳои ваксинаҳо

• Ваксинаҳои зинда - дорои микроорганизми зиндаи сустшудамебошанд. Ба инҳо дохил мешаванд: ваксинаҳои зидди фалаҷ (OPV), сурхча, баногўшак ва гулафшон (СБГ), ротавирусӣ ва сил (БСЖ).
• Ваксинаҳои ғайрифаъолкардашуда - дорои як микроорганизми пурраи кушташуда ё ҷузъҳои девори ҳуҷайра ё дигар қисмҳои барангезанда мебошанд. Ба инҳо ваксинаҳои бар зидди кабудсулфа, сирояти менингококкӣ дохил мешаванд.
• Ваксинаҳои зербахш (антигенҳои тозашуда) – ваксинаҳое, ки бо усулҳои муҳандисии генетикӣ ба даст оварда шудаанд. Ҳамчун намуна ваксинаҳои зидди вируси гепатити В (ВГВ), менингококкӣ (ваксинаи полисахаридӣ), пневмококкӣ (ваксинаи конъюгатсияшуда пневмококкӣ), сирояти гемофилӣ (ваксинаи зидди сирояти гемофилии навъи b) мебошанд.
• Анатоксинҳо - ваксинаҳое мебошанд, ки дорои токсинҳои ғайрифаъолкардашуда аз ҷониби бактерияҳо истеҳсол мешаванд. Ҳамчун намуна анатоксинҳои кузоз ва гулўзиндонак (АДС, АДСм) мебошанд.

Назорати сифатнокӣ

Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ба талаботи миллӣ ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), инчунин стандартҳои байналмилалии GMP (Таҷрибаҳои хуби истеҳсолӣ) мувофиқат мекунанд ва аз расмиёти пешакии тахассусии СУТ гузаштаанд.
Назорати давлатиро оиди сифат, самаранокӣ ва бехатарии ваксинаҳо Сарраёсати назорати фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ваксинаҳои воридотӣ бояд аз сертификатсияи ҳатмии давлатӣ, санҷиши мутобиқати силсилаи ваксинаҳо ба талаботи мушаххаси бехатарӣ ва санҷиши ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ гузаронида шаванд.
Пас аз анҷоми расмиёти сертификатсия ва гирифтани сертификати мутобиќат барои истифодаи ваксинаҳо дар муассисаҳои тандурустӣ иҷозат дода мешавад. Назорати минбаъдаи сифат ва бехатарии ваксинаҳоро дар ҷойҳои истифодашаванда марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ва марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамоянд.

Хариди ваксинаҳо

Хариди ваксинаҳо дар давлат дар чорчӯбаи Меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тавассути механизмҳои хариди ЮНИСЕФ сурат мегирад. Шуъбаи хариди ЮНИСЕФ тендерҳои байналмилалиро баргузор мекунад, ки дар он танҳо ширкатҳои фармасевтие, ки маҳсулоташон ба стандартҳои байналмилалии GMP мувофиқат мекунанд ва аз расмиёти пешакии тахассусии СУТ гузаштаанд, иштирок карда метавонанд. Ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, дорои ҳамон сифате мебошанд, ки дар Аврупо истифода мешаванд. Компонентҳои ваксина бехатар буда, дорои ягон моддаи заҳролуд ё манъшуда нестанд ва дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар давлатҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон, АМА ва ғайра) васеъ истифода мешаванд. Зиёда аз 10 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаҳоро аз истеҳсолкунандагони зерин харидорӣ мекунад: GlaxoSmithKline (Белгия), Sanofi Pasteur (Франсия), Biopharma (Индонезия), Serum Institute (Ҳиндустон), Bharat Biotech International (Ҳиндустон), Bulgarian Drug Agency (Болгария), National Institute of Food and Drug Safety Evaluation (Корея), LG Life Sciences Ltd (Корея), Japan BCG Laboratory (Ҷопон), Bilthoven Biological (Нидерландия).

Интиқол ва нигоҳдории ваксинаҳо

Дар ҳама сатҳҳои занҷири таъминоти ваксина, аз истеҳсолкунанда то муассисаи тиббӣ ва иммунизатсияшаванда, мониторинги ҳарорати нигоҳдорӣ ва интиқолдиҳӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои сабти ҳарорат мувофиқи тартиби амалиётҳои стандартӣ барои идоракунии самараноки ваксинаҳо ҷиддӣ назорат карда мешавад. Ваксинаҳо ба анборҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар авторефрежераторҳо, контейнерҳо бо яхќуттиҳои кондитсиатсияшуда, ки риояи занҷири хунукитаъминкунандаро дар ҳарорати аз +2 то +8 ° C нигоҳ медорад, оварда мешаванд. Дар ҷойхои нигоҳдории ваксина, аз чумла дар ҳуҷраҳои иммунизатсиякунӣ, тачхизотҳои хунукитаъминкунанда мавчуд аст, ки дар он ҷо нигоҳ доштани режими оптималии ҳарорат рўзе ду маротиба санҷида мешавад. Маълумотҳои баҳисобгирӣ ва бақайдгирӣ бо нишон додани номгў, силсила, санаи истифода, санаи қабул/фиристондан ва нишондиҳандаҳои ҳарорат ба китоби стандартии «Китоби назорати ваксинаҳо, сӯзандоруҳо ва қуттиҳои маҳви бехатар» ворид карда мешаванд.

Истифодаи ваксина ва мањви партовҳо

Барои ваксинатсия кормандони соҳаи тиб, ки дар бораи қоидаҳо ва усулҳои иммунизатсиякунӣ омӯзонида шудаанд ва шаҳодатномаи иммунизатсиякунӣдоранд, иҷозат дода мешавад. Ваксина дар вояи, ба таври қатъӣ мувофиқи дастурҳои истифодабарии ваксинаҳо ворид карда мешавад. Барои риоя кардани стандартҳои бехатари иммунизатсия дар амал, танҳо сӯзандоруҳои махсуси худмаҳвшаванда ва қуттиҳои маҳви бехатар барои партовҳои тиббӣ истифода мешаванд. Зарфҳо, сӯзанҳо, сӯзандоруҳои истифодашуда пас аз иммунизатсия дар қуттиҳои маҳви бехатар (ЌМБ) ҷамъ карда мешаванд, ки баъдан мувофиқи талаботи миллӣ оид ба маҳв кардани партовҳои тиббӣ нобуд карда мешаванд. Ҳангоми ворид кардани якчанд ваксина, ҳар як ваксина бо сӯзандору ва сӯзани алоҳида ба қисмҳои гуногуни бадан ворид карда мешавад.

Тақвими миллии иммунизатсия чист?

 Тақвими миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин нақшаи иммунизатсияи кӯдакон, наврасон ва калонсолон мебошад, ки риояи он бехатарӣ ва ҳифзи бештарро аз бемориҳои сироятӣ таъмин менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тақвими миллии иммунизатсия бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудааст. Дар тақвими иммунизатсиякунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ваксинаҳои асосие, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар сатҳи байналмилалӣ тавсия шудааст, бо мувофики синну соли кӯдак пешбинӣ шудааст. Мақсади таќвими иммунизатсияи тавсияшуда ҳифзи навзодон ва кӯдакон тавассути ташаккулёбии масунияти онҳо дар давраи навзодӣ пеш аз дучор шудан ба бемориҳои хавфноки ба ҳаёт таҳдидкунанда мебошад. Гирифтани ваксина дар синну соли тавсияшуда, маънои имкониятҳои беҳтарин барои масуният пайдо кардани кӯдак бар зидди бемориҳо мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 11 намуди ваксина бар зидди 12 сирояти бо воситаи иммунизатсия идорашаванда истифода мешавад.

Тақвими нави иммунизатсияи милли

  • Text Hover

Муҳим

Ҳама ваксинаҳо, ки ба кӯдаки солим ворид карда мешаванд, бехатар мебошанд. Бо вуҷуди ин, иммунизатсия дар амал зиддинишондодҳо дорад, ки онҳоро бояд донист ва ба назар гирифт, то инки кӯдакро аз ҳолатҳои вазнини баъд аз иммунизатсия бавуқуъомада муҳофизат кард.

Гурӯҳҳои зиддинишондодҳо:

Ҳама зиддинишондодҳо ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд: мутлақ ва нисбӣ.
1. Зиддинишондодҳои мутлақи (доимӣ) иммунизатсиякунӣ дар ҳолати вуљуд доштани хатари баланди ба ҳаёт таҳдидкунанда муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин зиддинишондодҳо, иммунизатсия дар ҳеҷ маврид гузаронида намешавад. Зиддинишондодҳои мутлақ ба иммунизатсия инҳоянд:
• Аксуламали вазнини аллергикӣ ба компонентҳои ваксина
• Ҳолати номатлуби вазнин, ки кӯдак дар иммунизатсияи гузашта дошт
• Ҳолатҳои норасоии масуният: ибтидоӣ (меросӣ) ва дуюмдараҷа
2. Зиддинишондодҳои нисбӣ - зиддинишондодҳои муваққатӣ мебошанд. Зиддинишондодҳои нисбӣ ба ваксинаҳо, ин ҳолатҳои муваққатӣ мебошанд, ки дар вақти ворид намудани ваксина бехатар нестанд ва вокуниши дурусти масуниятро кафолат дода наметавонад.
• Бемории шадиди сироятӣ ё соматикӣ
• Авҷ гирифтани бемории музмин
Дар ҳама ҳолатҳо, масъалаи зиддинишондодҳо ба иммунизатсия бояд аз ҷониби табиби оилавӣ ҳал карда шавад.

Чораҳои эҳтиётӣ ва ташхиси кӯдак

Пеш аз ваксина, табиб бояд аз волидон маълумот дар бораи:
• Дар бораи бемориҳои музмини кӯдак
• Дар бораи мӯҳлатҳои ваксинаҳои қаблӣ ва мавҷудияти аксуламалҳо ба ворид намудани ваксинаҳо
• Оё кӯдак бемориҳои аллергикӣ ё ба хӯрока, дору ё дигар маводҳо аксуламалҳои аллергикӣ дорад.
• Оё кӯдак бемории неврологӣ дорад?
• Оё кӯдак дорои хусусиятҳои фардӣ, ба монанди пеш аз мӯҳлат таваллуд шуд, садама дар ваќти таваллуд, кашишхӯрӣ (судороги)
• Тамос бо беморони сироятӣ?
• Оё воридкунии маводҳои хунӣ ё хунгузаронӣ вуҷуд дошт (ин мӯҳлати ваксинатсияро тағир медиҳад, зеро хунгузаронӣ ва гирифтани антителҳо бо он ба инкишофи масунияти бадан халал мерасонанд).
Бевосита пеш аз иммунизатсиякунӣ, табиб бояд кӯдакро аз назар гузаронад, ҳарорати баданашро чен кунад, дар ҳолати зарурӣ ташхиси лабораторӣ ва инструменталӣ гузаронад, хусусиятҳои статуси иммунизансиониро омӯзад ва сипас барои ворид кардани ваксинаи конкретӣ бо нишон додани намуди ваксина ё зиддинишондод аз иммунизатсия иҷозат диҳад.
Пеш аз иммунизатсия ба волидайн бояд дар бораи ҳолатҳои номатлуби пас аз иммунизатсия хабар диҳанд, тавсияҳои худро пешниҳод кунанд ва дар айни замон таъкид кардан оид ба манфиатҳои пешгирии бемориҳои эҳтимолан хатарноки бо воситаи иммунизатсия пешгиришавандаро фаромӯш накунанд.


НАБУДАНИ ИММУНИЗАТСИЯ БОИСИ РАДИ МУВАҚҚАТӢ ДАР ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ МЕГАРДАД 

НАМУДҲОИ ҲОЛАТҲОИ НОМАТЛУБ

Ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия бавуќуъомада (ҲНБИ) ҳама гуна тағйироти ғайримуқаррарӣ дар саломатӣ мебошад, ки баъд аз иммунизатсия ба амал меояд ва ҳатман тахмини мављуд будани сабабӣ – оќибатиро бо ваксина дар назар дошта бошад. ҲНБИ метавонад ҳама гуна тағироти ғайримуқаррарӣ (беѓаразона) дар бадан (масалан, радкардани нишондоди ташхиси лабораторӣ аз меъёр), аломатҳо ё беморӣ баъд аз иммунизатсия бошад.
Вобаста бо сабабҳои рух додани ҲНБИ, ба 5 навъ тақсим мешавад:
Навъи 1 - аксуламалҳои ваксина, ки бо хусусиятҳои ваксина алоқаманданд
Навъи 2 - аксуламалҳои ваксина, ки бо нуќсони сифати ваксина алоқаманданд
Навъи 3 - аксуламалҳои ваксина, вобаста бо хатогӣ дар ваќти гузаронидани иммунизатсия алоқаманданд (муомилоти нодуруст, истифода ва вориди ваксина)
Навъи 4 - аксуламалҳои ваксинаҳое, ки ҳолати изтироб ҳангоми гузаронидани иммунизатсия алоқаманданд (изтироб ва тарси сӯзандору)
Навъи 5 – дар як ваќт ба таври тасодуфӣ ягон воќеа бо иммунизатсия мувофиқат мекунанд
Аксуламали навъи 1 ҲНБИ вокуниши бадан ба ворид кардани антигени бегона мебошанд, ки раванди ташаккули масуниятро инъикос мекунад. Маҳз ҳамин аксуламалҳо кӯдаконро аз бемориҳои шадиди сироятӣ ва оризаҳои он муҳофизат мекунанд. Пешгӯии навъи намоёни ҳолатҳои номатлуб ѓайриимкон аст, зеро он аз хусусиятҳои фардии бадани кӯдак вобаста аст.

Категорияҳои аксуламалҳо ба ваксина

Дар асоси (A) сабабҳо ва (B) навъи муҳими зоҳиршавӣ ва зичӣ, аксуламалҳо ба ваксинаҳоро ба ду категорияи гурӯҳи калон муттаҳид мумкин аст:
A. Аксуламалҳо ба ваксина аз рӯи сабаб:
• Аксуламалҳое, ки ба ваксина алоқаманд аст;
• аксуламалҳои ваксина, ки бо нуқсони сифати ваксина алоқаманданд
B. Аксуламалҳои ваксина аз рӯи ҷиддият ва зичӣ:
• Аксуламалҳои паҳншуда ё сабук;
• Аксуламалҳои камвохӯранда ё ҷиддӣ.
Таснифи нави сабабҳо барои раванди қабули қарор дар бораи маҳсулоти ваксина муҳим аст, зеро он навъҳои аксуламалҳои эҳтимолии вобаста ба компонентҳои ваксинаро ба таври возеҳ фарқ мекунад. Аксуламалҳои паҳншуда ё сабук ба ваксинаҳо як аксуламали фардии бадан ба хусуситяҳои алоҳидаи ваксина мебошанд, ки дар дастурҳои ба ваксина замимашуда пешбинӣ ва нишон дода шудаанд.
Ин аксуламалҳои муқаррарӣ муваққатӣ буда, ба саломатии шахси иммунизатсиякардашуда зарар намерасонанд ва метавонанд ҳамчун аксуламалҳои таҳҷоӣ (местные) ва умумӣ зоҳир шаванд.
Аксуламалҳои таҳҷоӣ (местные)
дар шакли сурхшавӣ, дардмандӣ, варам ва сахтшавӣ дар ҷои тазриқ дар рӯзи ворид кардани ваксина ба вуҷуд меоянд ва на бештар аз 2-3 рӯз давом мекунанд, ба ғайр аз ваксинаи БСЖ, ва дахолати тиббиро талаб намекунад. Одатан, дар ҷои тазриқи ваксинаҳои пантевалентӣ, пневмококкӣ, АКДС, АДС, АДС-М ваксинаҳо дар давоми рӯзи аввали баъд аз иммунизатсия сурхшавии диаметраш назиёд аз 8 смт, баъзан дардмандӣ ва варам пайдо мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани дардмандӣ, сурхшавӣ ва варамкунӣ, ки баъд аз иммунизатсия кӯдакро нороҳат мекунанд, волидонро огоҳ кунед, ки ба муассисаи тиббии хидматрасон муроҷиат кунанд. Истифодаи усулҳои гармкунии маҳаллӣ (маводҳои доруворӣ, физиотерапия) зиддинишондод аст.
Ҳангоми ворид намудани ваксинаи зиндаи бактериявии БСЖ, аксуламалҳои мушаххаси таҳҷоӣ ба вуҷуд меоянд, ки ин шароити ҳатмӣ барои инкишофёбии масуният мебошад. Дар вақти даруни пӯст ворид кардани ваксинаи БЖ ба навзодон дар ҷои тазриқ, пас аз 6-8 ҳафта, аксуламали махсус дар шакли инфилтрат бо диаметри 5-10 мм бо гиреҳи хурд дар марказ ва пайдоиши захмча, дар баъзе ҳолатҳо пустулятсия қайд карда мешавад. Инкишофи баръакси тағйирот дар давоми 2-4 моҳ ва баъзан дар муддатҳо дуру дароз ба амал меояд. Дар ҷои вориди ваксина, то синни 12 моҳа, захми рӯякӣ ба андозаи 3-10 мм боқӣ мемонад. Агар аксуламали таҳҷоӣ хусусияти дигар дошта бошад, кӯдакро бояд ба машварати фтизиатр бурд.

Намудҳои аксуламалҳо

Аксуламалҳои умумӣ. Дар баъзе мавридҳо, ваксина метавонад тағирот дар ҳолатҳои умумӣ ва рафтори кӯдакро ба вуҷуд орад: изтироб, бехобӣ, вайроншавии хоб ва иштиҳо, ҳарорати баланд то 38,5 ° C. Масалан, баъд аз иммунизатсия бо ваксинаи зидди бамориҳои СГ/СБГ, дар рӯзи 5-14-уми пас аз ваксина, баланд шудани ҳарорати бадан, ҳодисаҳои катарралӣ ва доначаҳои сурхчамонанд ба компонентҳои ваксинаи сурхча ба вуҷуд меояд. Аксуламал ба компоненти зидди гулафшон баъд аз 5-30 рӯз пас аз воридшавӣ пайдо мешавад ва бо афзоиши бофтаҳои лимфатикӣ паси гардан ва пушти гӯшҳо зоҳир мешавад. Дар рӯзи 5-30-ум, афзоиши ғадудҳои оби даҳон ба ҳамчун вокуниш ба компонентҳои ваксинаи баногӯшак имконпазир аст. Пайдошудани аломатҳо бо афзоиши вируси ваксина алоқаманд аст. Ин аксуламалҳо дар давоми чанд рӯз пас аз таъини табобати симптоматикӣ мегузаранд. Аксуламалҳои мушаххас баъд аз ворид кардани ваксинаи зидди фалаҷи тариќи даҳонӣ (ОПВ) то рӯзи 3-юми пас аз ваксина инкишоф намеёбанд ва метавонанд ҳамчун дарунравӣ, дарди мушакҳо ва дарди сар зоҳир шаванд.
Аксуламалҳои камвохӯранда ё ҷиддӣ ба ваксинаҳо:
• Аксуламалҳои аз ҳад зиёди бадан ба як компоненти муайяни ваксина мебошанд, ки ғайричашмдотанд, дилхоҳ нестанд ё пешгӯиинашавандаанд. Аксуламалҳои ҷиддӣ хеле каманд ва одатан ба марг ё маъюбии дарозмуддат оварда намерасонанд.
• Аксуламалҳои камвохӯрандаи ҳолатҳои номатлуби таҳҷоӣ ҳангоми ворид кардани ваксинаи зидди бемории сил (БСЖ) инҳоянд: захми рӯякӣ (аз 3 ҳафта то 6 моҳ баъд аз иммунизатсия), доғи келоидӣ (1 сол баъд аз иммунизатсия) дар ҷои тазриқ, афзоиши бофтаҳои лимфаҳои минтақавӣ (2-6 моҳ баъд аз иммунизатсия) дар тарафи вориди ваксина.
Ба ҳолатҳои номатлуби умумӣ чунин ҳолатҳо дохил мешаванд: ҳарорати баланд аз 38,5 ° C бо интоксикатсия, садмаи анафилактикӣ, аксуламалҳои аллергикӣ, коллапс, гиряи дарозмуддати давомдор бо фарёди баланд дар тӯли 3 соат ё бештар аз он баъд аз ваксинаи АКДС, кашишхӯрӣ (судороги) ва дигар иллатҳои системаи асаб бо иншофёбии энсефалопатия ва ҳолатҳои неврологӣ. Ҳангоми аксуламалҳои гипертермикӣ, инкишофи кашишхӯрии фебрилӣ имконпазир аст, ки одатан кӯтоҳмуддат мебошанд. Суръати инкишофи кашишхӯрӣ (энсефалитикӣ), тибқи маълумоти СУТ, барои ваксинаи АКДС аз 80 то 750 ҳолат барои 1 миллион иммунизатсия мебошад. Табиб бояд ба волидайн фаҳмонад, ки агар аксуламали таҳҷоӣ, новобаста аз андоза зиёда аз 3 рӯз идома ёбад, бояд ба муассисаи тиббии хизматрасон муроҷиат кунад. Дар кӯдакони гирифтори бемориҳои аллергикӣ ё дар натиҷаи ҳассосияти баланд ба компонентҳои ваксина дошта, метавонад аксуламалҳои аллергикӣ ба ваксина ба амал оянд (испарма (крапивница), варами Квинке, садмаи анафилактикӣ). Онҳо метавонанд ба монанди иммунизатсияи вояи якум ва ҳам ҳангоми иммунизатсияи такрорӣ пайдо шаванд. Аксуламали қавии таҳҷоӣ ба ворид кардани ҳама гуна ваксина (гиперемия зиёда аз 8 см, варами диаметри зиёда аз 5 см) барои истифодаи минбаъдаи ин мавод зиддинишондод мебошад.

Маслиҳатҳо барои волидайн баъд аз иммунизатсиякунии фарзандашон

Агар фарзанди шумо ваксина гирифта бошад, ба волидон маслиҳат диҳед: Бо кӯдак дар назди муассисаи тиббӣ, ки дар онҷо иммунизатсия карда будед, муддати 30 дақиқа сайру гашт кунед. Дар ҳолати пайдо шудани аксуламалҳои аллергикӣ ба ваксина, мутахассисони соҳаи тиб метавонанд ба кӯдак зуд кӯмак расонанд. Дар хона, ҳолати кӯдакро хуб назорат кунед. Пас аз иммунизатсия, кӯдак метавонад беҳолӣ, нороҳатӣ, ҳароратбалндиро ҳис кунад. Дар ҷои тазриқ сурхшавӣ, варам ва дардмандӣ пайдо шуда метавонанд. Огоҳонед, ки аксуламалҳои сабуки баъд аз ваксина дар рӯзи иммунизатсикунӣ рух медиҳанд, 2-3 рӯз давом мекунад ва бетабобат худ аз худ мегузарад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат то 37,5 ° C, ба кӯдак бештар моеъ диҳед (чой, компот, оби гарми ҷӯшонидашуда). Бо оби гарм тоза кунед. Агар ҳарорати бадан аз 37,5 ° C зиёд бошад ва ин кӯдакро нороҳат месозад ва волидонро дар ташвиш монад, онҳо бояд ба муассисаи тиббии хизматрасонӣ муроҷиат кунанд. Барои нест кардани газзак (воспаление) дар ҷои тазриқ компресс ва малҳам намонед. Худтабобат накунед. Кӯшиш кунед, ки ба фарзандатон дар давоми чанд рӯз баъд аз иммунизатсия хӯрок одат накунонед ва маҳсулотҳои нави хўрока надиҳед. Инчунин, хӯрокҳоеро, ки боиси аллергия мешаванд, надиҳед. Баъд аз иммунизатсия кӯдакро оббозӣ надоронед, шумо метавонед кӯдакро бо дастмоли намнок, ба ҷои тазриқ даст нарасонида пок кунед. Аз ҷойҳои серодам худдорӣ намоед, ба меҳмонӣ наравед ва ба хонаатон даъват накунед. Кӯдак метавонад аз одамони дигар сироятёбад, ки баъд аз иммунизатсия ҳолатҳои номатлубро ба вуҷуд меорад. Агар ҳарорати кӯдак паст нашавад, ба ӯ доруи зидди ҳароратбаландӣ, ки табиби маҳаллӣ таъин кардааст, диҳед ва агар ҳарорат аз истеъмоли доруи зидди ҳароратбаландӣ паст нашавад, балки баръакс аз 38,5 ° C боло равад ва ҳолати кӯдак бад шавад, дарҳол ёрии таъҷилиро даъват кунед ё кӯдакро фавран ба беморхона баред. Дар баъзе мавридҳо, вақте ки аксуламалҳои таҳҷоӣ (сурхшавӣ, варамӣ ва дардмандӣ дар ҷои тазриқ) кӯдакро нороҳат месозанд ё дар тӯли 3 рӯз идома меёбанд, ҳатман кӯдакро ба корманди соҳаи тиб маҳали ҷои зист нишон диҳед ва тавсияҳо гиред.

Маслиҳат барои волидоне, ки фарзандашон ваксина нагирифтаанд

Агар кӯдак иммунизатсия накарда бошад, волидонро огоҳ кунед:
Агар аломатҳои бемории сироятӣ пайдо шаванд, бояд фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат карда, ба корманди соҳаи тиб хабар дода шавад, ки кӯдак пурра иммунизатсия карда нашудааст.
Бемориро дар байни дигарон паҳн накунед. Дар ин ҳолат ба роҳ набароед, зеро кӯдак ва волидон метавонанд дигаронро сироят кунанд.

Муҳим

Дар волидайн аксар вақт масъалаҳои вобаста ба ваксинаҳоро муҳокима кардан, пайдо мешавад. Дар чунин мавридҳо табиби оилавӣ ба корӣ бисёр нигоҳ накарда, бояд ба онҳо диќќат диҳад. Тарзи муоширати эҳтиромона бо волидон, омодагӣ ба бодиққат гӯш кардан ва фаҳмидани ташвишҳо оиди иммунизатсиякунӣ, имкон медиҳад, муносибатҳои боваринок барпо кунед ва волидонро дар тасмими онҳо барои иммунизатсияи фарзандони худ дастгирӣ кунед.
Агар волидайн оиди иммунизатсиякунӣ шубҳа дошта бошанд, пас ба онҳо маводи иттилоотӣ пешниҳод кардан мумкин ё тавсия дода шавад, ки барои гирифтани маълумотҳои бештар дар бораи иммунизатсияба вебсайтҳои МД МҶИ, СУТ, ХКСММ, АГВИ муроҷиат кунанд. Ин ба волидайн имкон медиҳад, ки маълумоти бонуфузро дар бораи иммунизатсия мутолиа ва баррасӣ карда қарори дуруст қабул кунанд.

Муошират бо волидон

Бо волидайн бо забони содда ва фаҳмо сӯҳбат кунед ва суханони гуфташударо ҷамъбаст кунед, то боварӣ ҳосил кунед, ки волидон гуфтаҳои шуморо фаҳмиданд. Ҳангоми сӯҳбат бо волидон мувозинати илмӣ ва таҷрибавироро нигоҳ доред. Идеяи хуб мешавад, ки ба волидайн аз таҷрибаи худ дар бораи кӯдаки иммунизатсиянашуда, ки бемор шудааст, нақл кунед. Ба волидон бовар кунонед, ки фарзандони онҳо мувофиқи тақвимд иммунизатсия карда мешаванд ва ин низ дар кори шумо бо волидон лаҳзаи мусбӣ аст. Вақте ки онҳо кӯдаки худро барои иммунизатсия меоранд, ба нигоҳубинкунандагон эҳтиромона муносибат кунед ва ҳатман ба онҳо бигӯед, ки кай бояд барои ваксинаи навбатии худ биёянд. Волидонро бодиққат гӯш кунед. Агар волидон хоҳанд, ки дар бораи иммунизатсия сӯҳбат кунанд, ба онҳо диққати пурра диҳед.
Тарсҳои онҳоро аз нав таѓйир диҳед.
Ҷавоби худро омода кунед.
Омодагии шумо ба гӯш кардан, эҳтимоли зиёд дар кӯмак ба волидайн барои тасмимгирии онҳо дар иммунизатсияи фарзандонашон нақши муҳим мебозад. Барои равшанӣ дохтан ба ривоятҳо ва маълумотҳои бардурӯғ омода бошед
Аз овозаҳои нодуруст ва иштибоҳҳо оид ба иммунизатсия дар ҷумҳурӣ хабардор бошед. Тезисҳои муоширатро омода кунед, то инки ривоятҳои зиёдеро дар бораи ваксина барҳам диҳед.
Волидонро ба саволдиҳӣ ҳавасманд кунед. Агар волидайн оиди иммунизатсиякунӣ хавотир бошанд, аммо дар ин бора сӯҳбат кардан нахоҳанд, ба онҳо кушоду равшан саволҳо диҳед ва ба онҳо бигӯед, ки шумо мехоҳед саволҳо ва шубҳаҳои онҳоро бишнавед. Худро ба ҷои волидайн гузоред ва ҳиссиёт ва эҳсосоти волидонро, аз ҷумла тарсу ҳарос ва хоҳиши ҳифзи фарзандони худ дарк кунед. Тасдиқ кунед, ки шумо медонед, ки волидон барои саломатии фарзандони худ ғамхорӣ мекунанд.
Суҳбатро идома диҳед
Агар волидайн ба назди шумо бо рӯйхати дарози саволҳо ё маълумот аз Интернет ё дигар манбаъҳо муроҷиат кунанд, дарк кунед, ки вақти сарфкардаи шумо ба омӯзиши иммунизатсия маънои онро дорад, ки ин барои онҳо масъалаи муҳим аст. Дар хотир доред, ки агар шумо ба волидайни худ гӯш надиҳед, шумо метавонед онҳоро аз худ дур кунед ва онҳо дигар бо шумо дар бораи иммунизатсия сӯҳбат кардан намехоҳанд. На ҳама волидон мехоҳанд, ки дар бораи ваксинаҳо маълумоти якхелаи тиббӣ ё илмӣ дошта бошанд. Дараҷаи маълумотро баҳо дода, ки барои волидайни мушаххас лозим аст, шумо метавонед самараноктар муошират кунед ва боварии онҳоро мустҳкам кунед.
Эътироф кардани манфиатҳо ва хавфҳои иммунизатсия
Ҳамеша дар бораи ҳолатҳои номатлуби баъд иммунизатсияиҳои маълум самимона муҳокима кунед. Ба волидон дар бораи манфиатҳои пешгирии бемориҳои музмини эҳтимолӣ бо ёрии ваксинаҳо хотиррасон кунед. Шумо бояд ба волидайн тасдиқкунонед, ки аз иммунизатсия рад кардан, хатареро ба миён меорад, ки шумо аз он ба ташвиш меоед.
Сабабҳои рад кардан ва ба таъхир гузоштани иммунизатсияи фарзандонашонро аз волидайн пурсед
Оё волидон таҷрибаи манфӣ оид ба иммунизатсия доштанд?
Оё онҳо дар бораи иммунизатсия маълумотҳои нодуруст гирифтанд?
Сабабҳои рад кардан аз иммунизатсия дар чист? Ақидаҳои динӣ? Тарс аз ҳолатҳои номатлуб?
Аз волидон хоҳиш кунед, ки шубҳаҳои худро дар бораи бехатарии ваксина ё тасаввуроти нодуруст дар бораи иммунизатсияро баён кунанд.