Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Эълон менамояд, ки бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ харидории маводҳои доруворӣ барои расонидани кӯмаки фаврӣ ҳангоми ба вуқу омадани ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия дар рафти гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди беморҳои сурхча ва гулафшон дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рашт ва Нуробод , пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.


Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, кўчаи Шероз-8  ё  бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.


Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.Шаҳодатнома.

2.Иқтибос

3.Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;

4.Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;

5.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рўз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

      
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 20 августи соли 2022 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

      
Озмун санаи 22 августи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author