Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Созмони Умумичахонии Тандурусти барои гузаронидани чорабиниҳо  оид ба ворид намудани  ваксинаи зидди сирояти пневмоккокӣ ба Тақвими миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  харидории маводҳои лозима, маводҳои дарси, зарурӣ, сузишвори, чопкунӣ, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8  ё бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҷуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

 

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 06 октябри соли 2022ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 07 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author