Хабарҳо
ДАЪВАТ БА ОЗМУН
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки барои гузаронидани ташрифҳои дастгирии сарпарасти барои иммунизатсияи зидди COVID-19 дар Тоҷикистон, бо дастгирии Намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, барои харидории молҳои конселярӣ, Чопкунии маводҳо, ва харидории маводҳои сӯзишвори пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома.
- Иқтибос
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 29 ноябри соли 2022 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 30 ноябри соати 08.30 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.