Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки бо Дастгирии Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, оид ба ҷамъоварӣ ва ворид намудани маълумотҳо дар Доираи Лоиҳаи назорати дидбонгоҳи эпидемиологӣ аз болои бемориҳои шикамраӣ ротавирусӣ. Бар зидди бемории диарея кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хирадории молҳои конселярию зарурӣ, чопкунии маводҳо, харидории маводҳои лозима ва хароҷоти ганарари мутахасисон дар ҷамъоварӣ ва ворид намудани маълумотҳо пешбинӣ гардидааст.

Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8  ё бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

 

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

 

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 1 феврали соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 2 феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author