Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки барои иҷораи нақлиётҳо ҷиҳати гузаронидани баҳодиҳӣ баъд аз ворид намудани ваксинаи зидди сирояти пневмакоккӣ (ВПК) ба тақвими миллии иммунизатсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо дастгирии Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, пешбинӣ гардидааст.

Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, кўчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 2277192 ва бо сомонаи https://immunizatsia.tj дастрас намоянд.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

Бояд дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 5 майи соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

Озмун санаи 6 майи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author