Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Эълон менамояд, ки бо Дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба мониторинги дастгирии масъалаҳои иммунопрофилактика (дастгирии сарпарастӣ) байни кормандони тиббии шабакаи муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои харидории маводҳои конселярӣ, маводҳои сӯзишворӣ, чопкунӣ хуҷҷатҳои тибби пешбинӣ гардидааст

Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.


Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, кӯчаи Шероз-8  ё  бо рақами телефонии  227-71-92, ва сомонаи Марказ www.immunizatsia.tj дастрас намоянд.


Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.Шаҳодатнома.

2.Иқтибос

3.Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;

4.Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;

5.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 17 июни соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

 Озмун санаи 19 июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author