Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки аз ҷониби Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, бо дастгирии молиявии (ГАВИ)  Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия дар доираи Лоҳияи  “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон” ҷиҳати гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои харидории молҳои хоҷагидорӣ ва зарурӣ, молҳои конселярӣ ва зарурӣ, чопкунии ҳуҷҷатҳо, харидории маводҳои сӯзишворӣ, ва таъмин намудани иштирокчиёни машғулияти омӯзишӣ бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ пешбинӣ гардидааст.

 

Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабон-ро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, http://immunizatsia.tj/ кӯчаи Шероз-8  ё  бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

 

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҷуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

 

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 29 июли соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 31 июли  соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author