Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), бо Дастгирии молиявии Лоиҳаи “Устувор намудани соҳаи Тандурустӣ” Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия (ГАВИ) барои гузаронидани чорабиниҳои зерин аз он ҷумла.
-Машғулиятҳои омӯзишӣ вобаста ба мавзӯи Пешгирӣ ва назорати сироят.
-Машғулиятҳои омӯзишӣ Тартиби амалиётҳои стандартӣ оид ба идоракунии самаранокии ваксинаҳо (ТАС ИСВ)
-Машғулиятҳои омӯзишӣ Оид ба идоракунии анборҳои нигоҳдории ваксинаҳо
-Машғулиятҳои омӯзишӣ Оид ба банақшагирии ваксинаҳо
-Машғулиятҳои омӯзишӣ Оид ба идоракунии занҷири хунукитаъминкунанда, маълумот дар бораи занҷири таъминоти ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ.
-Оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги дастгирии масъалаҳои иммунопрофилактика (дастгирии сарпарасти) байни кормандони соҳаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,
харидории  маводҳои дарсию зарурӣ, чопкунии маводҳо, харидории молҳои хоҷагидорӣ ва зарурӣ, пардохти хароҷотҳо, харидории маводҳои сӯзишворӣ, хизматрасонӣ, таъмин намудан ба танаффуси қаҳвануши ва хуроки нисфирӯзӣ пешбинӣ гардидааст.

 Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://www.immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8  ё бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

 

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

 

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 31 июли соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 1 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Author