Хабарҳо
ДАЪВАТ БА ОЗМУН
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки бо Дастгирии Намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба баргузории рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ дар Тоҷикистон, харидории молҳои конселярӣ ва зарурӣ, молҳои хоҷагидорӣ ва зарурӣ, чопкунии маводҳо, харидории маводҳои доруворӣ, харидории маводҳо, пардохти хароҷотҳо, чопкунии маводҳо, харидории маводҳои сӯзишворӣ, ва таъмин намудани иштирокчиёни машғулияти омӯзишӣ бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабон-ро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, (www.immunizatsia.tj) кӯчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҷуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома.
- Иқтибос
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 9 октябри соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 10 октябри дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.