Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки аз тарафи Барономаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон” барои гирифтани рақами қайди давлатӣ ва дигар хароҷотҳои алоқаманд барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои нақлиётҳо пешбинӣ гардидааст.

 Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8  ё бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

 

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

 

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 7 декабри соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 8 декабри соли 2023 соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад

Author