А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Эълон менамояд, ки бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ворид намудани вояи дуюми ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ (ипв-2) ба тақвими миллии иммунизатсия, харидории маводҳо, харидории маводҳои сӯзишворӣ, хизматрасониҳо, чопкунӣ, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ  пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, кўчаи Шероз-8  ё  бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷтҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муњлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рўз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 5 июли соли 2022 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи  6 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

 

 

0