А. Чоми 45/3 Душанбе, Таджикистан +992 44 630 2222

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони  Милали Муттаҳид барои гузароинидани  омӯзишӣ тренерон «Вобаста ба муносибатҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аҳолӣ ба иммунизатсияи нақшавии кӯдакон ба воситаи фаъолияти ҷамоатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мутахассисони марказҳои иммунопрофилактика, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тибби оилавӣ ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сӯзишворӣ, чопкунӣ, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8  ё бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 02 декабри соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 4 декабри соли 2023 соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

0