Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” эълон менамояд, ки бо дастгирии Намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ Оид ба ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои , таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ ва хуроки нисфирӯзӣ, чопкунии ҳуҷҷатҳо ва маводҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома.
- Иқтибос
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 14 декабри соли 2023 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 15 декабри соли 2023 соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.