(Раванди пешниҳодҳо дар лифофа)
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани баҳодиҳӣ дар сатҳи муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати муайян намудани сабабҳои нопурра фаро гирифта шудани кӯдакон бо иммунизатсия дар шаҳри Душанбе, шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ҷиҳати пардохти хароҷоти сафари хизматӣ, иҷораи нақлиёти ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Тендер тибқи «Қоидаҳои харид» барои грантҳои МД МҶИ баргузор мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиён кушода аст.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз МД МҶИ дар давоми соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00 бо суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути сомонаи (https://immunizatsia.tj), почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва рақами телефони 227-71-92 дастрас кунанд.
Шартҳои техникӣ ва шаклҳо барои пешниҳод намудани номгуй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.
Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи зерин то 13 августи соли 2026, соати 17:00 (бо вақти Душанбе) фиристода шаванд.
Озмун санаи 14 августи соли 2026 соати 9:00 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.
Пешниҳодҳои электронӣ қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои дершуда низ рад карда мешаванд.
Суроғаи мушаххас:
Барои дархост ва гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»
Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Шероз 8