(Раванди пешниҳодҳо дар лифофа)
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи шартнома: Харид: барои нашр намудани банерҳо ва варақаҳои иттилоотию тиббӣ
Ҳадафи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) – ин наҷот додани ҳаёти кӯдакон ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тавассути васеъ кардани дастрасӣ ба иммунизатсия дар кишварҳои камбизоат мебошад.
Мақсади дастгирии кишварҳо аз ҷониби АГВИ тавассути ваксинаҳо, маводҳои иммунизатсионӣ, пули нақд ва таҷҳизотҳои хунукинигоҳдоранда ин ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии АГВИ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз АГВИ барои таҳкими иқтидори системаҳои миллии тандурустӣ ҷиҳати ба таври устувор таъмин намудани иммунизатсия ва дигар хизматрасониҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ маблағ дарёфт намуда, нақша дорад як қисми ин маблағҳоро барои гузаронидани чорабинии: ҷиҳати нашр ва дастраснамоии маводҳои иттилоотӣ ва таълимӣ ба муассисаҳои масъул дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (МД МҶИ) шуморо даъват менамояд, ки пешниҳодҳои муҳршудаи иштирокчиёни дахлдорро барои харид: барои нашр намудани банерҳо ва варақаҳои иттилоотию тиббӣ ирсол намоед.
Тендер тибқи «Қоидаҳои харид» барои грантҳои МД МҶИ баргузор мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиён кушода аст.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз МД МҶИ дар давоми соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00 бо суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва рақами телефони 227-71-92 дастрас кунанд.
Шартҳои техникӣ ва шаклҳо барои пешниҳод намудани номгуй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.
Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи зерин то 30 августи соли 2025, соати 15:00 (бо вақти Душанбе) фиристода шаванд.
Озмун санаи 1 сентябри соли 2025 соати 11:00 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор мегардад.
Пешниҳодҳои электронӣ қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои дершуда низ рад карда мешаванд.
Суроғаи мушаххас:
Барои дархост ва гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»
Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Шероз 8