Рӯзи 27-уми август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар мавзӯи «Инъикоси дурусти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам» оғоз гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизен, мутахассиси техникии бахши иммунизатсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Салоҳуддин Саъдӣ, саратоншинос, доктори илмҳои тиб Саида Умарзода, шарикони рушд, масъулини соҳа, инчунин 40 нафар рӯзноманигорону муҳаррирони ВАО (телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳои иттилоотию таҳлилӣ) ва кормандони марказҳои матбуотии сохторҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба вориднамоии иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам, ки чораи муҳим дар самти пешгирии саратони гарданаки бачадон маҳсуб мешавад, силсилаи машғулиятҳои омӯзиширо барои кормандони ВАО роҳандозӣ кардааст.

Иброз гардид, ки бо мақсади амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 июли соли 2025 таҳти №408 тасдиқ шудааст, машғулиятҳои омӯзишӣ барои инъикоси дурусти ин маъракаи дорои аҳамияти ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ зикр намуд, ки “Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам воситаи асосии пешгирии бемориҳои пешазсаратонӣ, ҳамчунин саратони гарданаки бачадон ба шумор меравад. Ин беморӣ на танҳо барои ҳаёти занон хатарнок мебошад, инчунин дар бисёр ҳолатҳо ба вайроншавии солимии репродуктивӣ сабаб мегардад”.

Иммунизатсия бо истифода аз ваксинаи “Гардасил”, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол шудааст, гузаронида мешавад. Ваксинаи мазкур қариб 20 сол инҷониб дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон истифода мегардад. Дар ин муддат самарабахшии он барои пешгирии навъҳои саратоновари вируси папилломаи одам исбот шудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин вирус омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон буда, он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи паҳншавӣ ва дарёфт дар байни бемориҳои саратонии занон ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ барои духтарони 10-сола пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар соли аввали вориднамоии ин ваксина чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам бо фарогирии духтарони синни 11 – 14-сола низ амалӣ мешавад. Сабаби фарогирии синну соли мазкур дар он аст, ки иммунизатсия дар ин давра хеле самарабахш буда, масунияти қавиро таъмин месозад.
