Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

Ҷамъбасти чорабинии оммавии “Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) бо фарогирии духтарони синни 10–14 сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти чорабинии оммавии “Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) бо фарогирии духтарони синни 10–14 сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24-уми июли соли 2025, №408 иммунизатсияи нақшавии духтарони синни 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ, яъне ҳар сол тибқи Тақвими миллии иммунизатсия дар кишвар ба роҳ монда шудаст. Ҳамзамон, тибқи қарори мазкур шурӯъ аз 1-уми октябр чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони 11-14-сола низ шуруъ гашт, ки он то 31-уми октябри соли равон идома ёфт.

Тибқи нақша маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон дар 4037 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бо роҳандозии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии шарикони соҳа гузаронида шуданд, бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфт. Ин иқдом яке аз марҳилаҳои муҳими таҳкими саломатии насли наврас буда, ба пешгирии хавфҳои минбаъдаи саратонҳои вобаста ба ВПО, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон, нигаронда шудааст.

Мувофиқи маълумоти ҷамъбастӣ, сатҳи фарогирии духтарони синни ҳадафӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нишондиҳандаҳои баланд расид. Ин дастоварди муҳим аз ҳамкории муштараки сохторҳои тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ташкили корҳои тавзеҳӣ, барномаҳои маърифатӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо падару модарон ва омӯзгорон нақши калидӣ бозиданд. Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва бахшҳои минтақавии он тавонистанд фаҳмонанд, ки иммнизатсия бар зидди ВПО яке аз усулҳои самарабахши ҳифзи саломатии духтарон дар синни наврасӣ мебошад.

Ҳамзамон, ҷараёни маърака нишон дод, ки маърифати ҷомеа дар бораи аҳамияти ваксинаҳо рӯз то рӯз боло меравад. Бештари волидайн бо дарки масъулият ба ин раванд фаъолона ҳамроҳ шуданд. Махсусан, саҳми омӯзгорон дар ташвиқи хонандагон ва шарҳи аҳамияти ваксинаи бар зидди ВПО ҷолиби зикр аст.

Ғайр аз ин, муоинаи техникӣ, риояи қоидаҳои «занҷири сард», таъмини дақиқи маводи доруворӣ ва омодагии мутахассисони соҳаи иммунопрофилактика имкон дод, ки раванди имунизатсияи имсолаи кишвар бидуни мушкилоти ҷиддӣ, бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шавад.

Маърака нишон дод, ки ҳамкории созандаи мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеа ва Ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонад заминаи муҳиму устуворе барои пешгирии бемориҳои сироятӣ фароҳам оварад. Ин дастовардҳо моро водор месозанд, ки минбаъд низ кори тарғиботию фаҳмондадиҳиро тавсеа дода, дар ин самт ба муваффақиятҳои боз ҳам бештар ноил гардем.

Маврид ба зикр аст, ки бешак маъракаҳои иммунизатсия танҳо бо талоши мутахассисони соҳаи тандурустӣ муваффақ шуда наметавонанд. Барои он ки аҳолӣ дар бораи ваксина ва зарурати он маълумоти дуруст, фаҳмо ва саривақтӣ дарёфт кунанд, нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) бениҳоят муҳим аст. Маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) низ маҳз бо дастгирии иттилоотии ВАО тавонист ба сатҳи баланди огоҳӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон бирасад.Дар шароити паҳншавии маълумоти бардурӯғ, ВАО бо пешниҳоди мусоҳибаҳо бо мутахассисони соҳа, тавзеҳи хатогиҳои маъмул ва нишон додани таҷрибаи байналмилалӣ ба коҳиши тарсу шубҳаҳо мусоидат намуданд. Ин раванд барои баланд бардоштани эътимоди мардум ба ваксина аҳамияти асосӣ дошт. Маҳз маводҳои дар рӯзномаҳо, барномаҳои телевизионӣ ва репортажҳои онлайнӣ нашршуда боис гардиданд, ки гурӯҳи ҳадаф, духтарони синни 10-14-сола ва волидони онҳо бо муҳтавои маърака огоҳии бештар пайдо кунанд.

Нашрияҳо ва барномаҳои иттилоотӣ бо паҳн намудани ҷадвали гузаронидани ваксина, ҷойҳои қабули шаҳрвандон ва қадамҳои зарурии розигии волидайн, раванди маъракаро барои аҳолӣ фаҳмотар ва дастрас карданд. Ин шаффофият ба кам шудани нофаҳмиҳо ва мусоидати бештар ба ширкати волидон овард.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тавассути гузоришҳо аз мактабҳо, мусоҳиба бо духтурон ва мақолаҳо оид ба манфиати иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам, намояндагони ВАО тавонистанд муҳити мусбӣ ва ҳисси уҳдадории шаҳрвандиро нисбат ба ҳифзи саломатии духтарон ташаккул диҳанд. Ин як ҷузъи калидии муваффақияти ҳар маъракаи иммунизатсияи миллӣ мебошад.

Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика минбаъд низ саъй хоҳад кард, то чунин барномаҳои ҳаётан муҳим барои ояндаи солим, бехатар ва пурнур барои ҳар як духтари тоҷик самаранок таъмин ва амалӣ гарданд.

Лутфан, бознашр кунед