Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

БА ВОЛИДОН

Маслиҳатњо барои волидайн баъд аз иммунизатсияи фарзандашон

Агар фарзанди шумо ваксина гирифта бошад, ба волидон маслиҳат диҳед: Бо кӯдак дар назди муассисаи тиббӣ, ки дар онљо иммунизатсия карда будед, муддати 30 дақиқа сайру гашт кунед. Дар њолати пайдо шудани аксуламалҳои аллергикӣ ба ваксина, мутахассисони соҳаи тиб метавонанд ба кӯдак зуд кӯмак расонанд. Дар хона, њолати кӯдакро хуб назорат кунед. Пас аз иммунизатсия, кӯдак метавонад бењолї,  нороњатї, њароратбалндиро  ҳис кунад. Дар ҷои тазриќ сурхшавї, варам ва дардмандї пайдо шуда метавонанд. Огоҳонед, ки аксуламалҳои сабуки баъд аз ваксина дар рӯзи иммунизатсикунї рух медиҳанд, 2-3 рӯз давом мекунад ва бетабобат худ аз худ мегузарад. Дар њолати баланд шудани ҳарорат то 37,5 ° C,  ба кӯдак бештар моеъ диҳед (чой, компот, оби гарми ҷӯшонидашуда). Бо оби гарм тоза кунед. Агар ҳарорати бадан  аз 37,5 ° C зиёд бошад ва ин кӯдакро нороњат месозад ва волидонро дар ташвиш монад, онҳо бояд ба муассисаи тиббии хизматрасонї муроҷиат кунанд. Барои нест кардани газзак (воспаление) дар љои тазриќ  компресс ва малҳам намонед. Худтабобат накунед. Кӯшиш кунед, ки ба фарзандатон дар давоми чанд рӯз баъд аз иммунизатсия хӯрок одат накунонед ва мањсулотњои нави хўрока  надиҳед. Инчунин, хӯрокҳоеро, ки боиси аллергия мешаванд, надиҳед. Баъд аз иммунизатсия кӯдакро оббозї надоронед, шумо метавонед кӯдакро бо дастмоли намнок, ба ҷои тазриќ даст нарасонида пок кунед. Аз ҷойҳои серодам худдорӣ намоед, ба меҳмонӣ наравед ва ба хонаатон даъват накунед. Кӯдак метавонад аз одамони дигар сироятёбад, ки баъд аз иммунизатсия њолатњои номатлубро ба вуҷуд меорад. Агар ҳарорати кӯдак паст нашавад, ба ӯ доруи зидди њароратбаландї, ки табиби маҳаллӣ таъин кардааст, диҳед ва агар ҳарорат аз истеъмоли доруи зидди њароратбаландї паст нашавад, балки баръакс аз 38,5 ° C боло равад ва ҳолати кӯдак бад шавад, дарњол ёрии таъҷилиро даъват кунед ё кӯдакро фавран ба беморхона баред. Дар баъзе мавридҳо, вақте ки аксуламалҳои тањљої (сурхшавӣ, варамї ва дардмандї дар љои тазриќ) кӯдакро нороњат месозанд ё дар тӯли 3 рӯз идома меёбанд,  њатман кӯдакро ба корманди соҳаи тиб маҳали љои зист нишон дињед ва тавсияњо гиред.

Маслиҳат барои волидоне, ки фарзандашон ваксина нагирифтааст

Агар кўдак иммунизатсия накарда бошад, волидонро огоҳ кунед:

Агар аломатњои бемории сироятӣ пайдо шаванд, бояд фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат карда, ба корманди соҳаи тиб хабар дода шавад, ки кӯдак пурра иммунизатсия карда нашудааст.

Бемориро дар байни дигарон паҳн накунед. Дар ин ҳолат ба роҳ набароед, зеро кӯдак ва волидон метавонанд дигаронро сироят кунанд.

Блютени Ахбороти
Ин бемориҳо чӣ гуна хатарноканд?

Ин бемориҳо чї гуна хатарноканд?

Сурхча, баногўшак (бо забони мардумӣ «ѓургўшак») ва гулафшон ба як гурўњи беморињои шадиди вирусӣ мансубанд, ки тавассути њавої-ќатрагї интиқол дода мешаванд.

Бемории сурхча ва гулафшон њатто дар масофаи дур интиқол дода мешавад ва  шарт нест, шахси бемор дар наздикї атсазанад, њузури ў дар ҳуҷраи дигар кофист, ки вирус тавассути системаи вентилятсионї ворид шавад. Дар њолати баногўшак, вақте ки кӯдак изолятсия карда мешавад, вирус аз њучра берун намеравад.

СУРХЧА

Сурхча –  ин бемории шадиди вирусї мебошад, ки аслан бо баландшавии њарорат, њолати умумии вазнин, сулфазанї, рафтани оби бинӣ, конъюнктивит ва доначањо ҳамроҳӣ мешавад. Ҳар як шахс, новобаста аз синну сол, агар ваксина нагирифта бошад, метавонад ба бемории сурхча гирифтор шавад. Агар кӯдак бо шахси бемор дар тамос бошад ва ваксина нагирифта бошад, пас эҳтимолияти интиқоли вирус 95-96% аст. Хусусияти асосии бемории сурхча пайдо шудани доначањо дар бадан аст. Доначањо аввал дар болои бадан (рӯ, гардан) пайдо мешаванд, танҳо баъд ба дасту пой ва дигар қисмҳои бадан мегузаранд.

Дар њолати пайдо шудани доначањо, пеш аз њама бояд аллергияро инкор (исключить) кард. Шояд шумо ягон ғизо ё маводи дорувории нав ворид кардед, ки ба ин ғизо ё маводи доруворї аксуламал нишон дод. Барои ташхиси дақиқ шумо бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.

Ба оризањое, ки сурхча оварда метавонад – отити миёна, пневмония (пневмония), осеби хун, рагкашӣ, илтиҳоби мағзи сар (менингит, энцефалит, нобиноӣ, дарунравӣ) мебошанд.

БАНОГЎШАК

Баногўшаки эпидемикї («ѓургўшак») ба ѓадудњои обии назди гўшњо ва зери манањ  таъсир мерасонад. Аз таъсири сироят онҳо варам мекунанд ва рӯй гирд мешавад.

Ин беморӣ бо ҳарорати баланд хос нест, бинобар варам кардани ғадудҳои оби даҳон, хоидан ва фурӯ бурдан барои кӯдак душвор мегардад.

Дар гурӯҳи осебпазир – писарон – наврасон ва мардон, сироят ба тухмњо (орхит) таъсир мерасонад, ки сабаби 30% ҳолатҳои безурётии мардон мегардад. Дар духтарон метавонанд илтиҳоби тухмдонҳо (оофорит) инкишоф ёбад, ки дар 5% боиси безурётї мегардад.

ГУЛАФШОН

Гулафшон, бар хилофи сурхча, дар кӯдакон дар шакли сабук мегузарад. Пас аз давраи инкубатсионї (аз 10 то 20 рӯз) беморӣ бо табларзаи баланд, дарди сар ва пайдо шудани доначањо зоҳир мегардад.

Хусусияти гулафшон варамшавии бофтањои лимфатикии мебошад, ки аксар вақт дар пушти сар ва пушти гӯшҳо ҷойгиранд.

Одатан ин беморӣ дар кӯдакон бе оқибат мегузарад, танҳо дар ҳолатҳои кам (1 дар 1000) илтиҳоби майна (энцефалит) инкишоф меёбад, дар калонсолон метавонад артрит ва артралгияроба вуҷуд орад. Бо вуҷуди он ки гулафшон барои организми кӯдак хатарнок нест, вай метавонад ба калонсолон зарар расонад.

Занони ҳомиладор бояд ба ин беморӣ махсусан љиддї рафтор кунанд. Он метавонад боиси бачапартоӣ гардад ва ё ба нобиноӣ, каршавӣ ва бемории дили модарзодї оварда расонад.